БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

  Унвони аслӣ

 

Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

 

Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

*Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

 

 Унвони кӯтоҳ.

Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

 

 *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

 

 

Хулосаи мақола (Abstract).

Заминаи қаблӣ (background): Синдроми метаболикӣ ва фарзанди нохалафи он, яьне  диабети  навъи II табдил ба як фоҷиаи ҷаҳонӣ дар саломатии башар шудааст. Чил дар сади ҷамъияти болои сисолаи дунё ба синдроми метоболик, 10 то 15 дарсади ин ҷамъият  ба ҳолати пешдиобет (prediabetes) ва 10 то 12 дарсад ба диабети тамомайёр мубтало шудаанд. Ними ҷамъияти ҷаҳон, имрӯз ба сабаби  бемории рагҳои  қалб ва сактаи дил мефавтанд. Ин маргест, ки  синдроми метаболикӣ ва диабет ҳамеша заминасози он мебошанд. Бинобар ин, шинохти дақиқи тарафҳои мухталифи маҷмӯи ихтилолоти метоболикӣ, бахусус диабети навъи II ва  дармони илмии он, аз заруритарин бахшҳои  омӯзиши илми тиб мебошад. Ин мутолиа, ба манзури баррасии вазъияти беморони мубтало ба диабети навъи II ва наҳваи  истифодаи табибон  аз доруҳои хӯрокии зидди диабет ва мизони мутобиқати онҳо бо дастуруламалҳои ҷаҳонӣ,  тарроҳӣ шуда ва ба анҷом расидааст. 

Равиши мутолиа ( materials and method): Дар байни солҳои 2018 - 2019  тамоми беморони диабетии намуди II, ки барои дармон  дорухат дарёфт карда буданд ба таври  паёпай (Consecutive) дар мутолиа ворид шуданд. Беморон тавассути як табиби  таҷрибадори эндокринолог мавриди шарҳи ҳоли комили пизишкӣ ва сипас муоинаи дақиқи физикӣ қарор гирифтанд. Син, ҷинс, нажод, сини шурӯъи диабет, кули муддати мубтало будан ба диабет ва наҳваи шурӯъи дармон бо  доруҳои зиддидиабети хӯрокӣ, мавриди савол қарор гирифт. Қад, вазн, BMI, даври камар, (WC) ва фишори хун андозагирӣ ва дар парванда сабт гардид. Итилооти ба даст омада тавассути бастаи омории SPSS вержени 25 мавриди таҳлил қарор гирифт. Итилооти каммӣ ба сурати MEAN±SD ва Range ( домана)  ва ёфтаҳои категорик ба сурати дарсад ба намоиш гузошта шуд.

Натиҷаи мутолиа (results): Аз маҷмӯи 119 нафар беморони муроҷиатнамуда, дар мутолиа, 67 нафар зан (56%) ва 53 нафар мард (44%) буданд. Нишондиҳандаи миёнаи сини кулли онҳо  56±11 сол ва миёнгини тӯли муддати бемории диабет 7,5± 6 сол ба даст омад. Аз байни 119 бемор дар 50 нафар (42%) дармони диабет бар хилофи протоколҳои ҷаҳонӣ бо як сулфанилуре (Глибенкломид, Гликлозид, Глимепрайд) шурӯъ шуда буд. Фақат 36 бемор (30%) Метформинро  ба унвони доруи аввал дарёфт карда буданд. 14% беморон бо вуҷуди гузашти солҳо аз бемории диабет, ҳанӯз ҳеҷ дармони доруӣ намегирифтанд ва фақат аз гиёҳҳои табобатӣ истифода мекарданд.

Натиҷагирии куллӣ (conclusion):  Бар хилофи дастурамалҳои байналмилалии дармони диабет, фақат 30% аз беморҳои диабетӣ дар Тоҷикистон аз Метформин ба унвони доруи аввал истифода мекунанд ва дар сурати истифода аз ин дору миқдори он нокофӣ мебошад. Ба ин маъно, ки  фақат як қурси 500 мг  ё 850 мг  1 маротиба дар рӯз истифода мекунанд. Истифода аз сулфанилурадҳо ва ба хусус Глимепрайд, Амарил дар садри доруҳои масрафӣ барои табобати диабети намуди II қарор доранд. Ба назар мерасад, ки дар табобати диабети навъи II дар Тоҷикистон, ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба физиопатологии беморӣ намешавад ва интихоби доруҳои хӯрокии зиддидиабетӣ, аз ҳеҷ нақшаи мушаххасе пайравӣ намекунанд.

Калимаҳои калидии мақола (Keywords):  Диабети навъи II, доруҳои зиддидиабетии хӯрокӣ, Тоҷикистон.

Муқаддима (Introduction)

Фоҷиаи синдроми метоболик шомили фарбеҳии шикам, фишори хуни боло, ихтилоли чарбиҳои хун, диабети навъи II ва натиҷаи мустақими он, яъне бемории рагҳо ва сактаи дил аз охири  даҳаи ҳаштоди мелодӣ шурӯъ шуд ва ба суръат ба тӯфони саҳмгин табдил ёфт. Ин фоҷеа дар кураи Замин тамоми ҷомеаи башариро паҳн шуд ва бо мубтало сохтани аз 40 то 50% ҷамъияти болиғи ҷаҳон ба таҳдиди тамомаёр барои зиндагии инсони қарни 21 бадал шуд. То соли 1985 фақат 30 миллион нафар дар кулли ҷаҳон ба диабети намуди II мубтало буданд, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2013 ба 400 миллион расид ва  пешбинӣ шудааст, ки дар беҳтарин ҳолати мумкин  дар соли 2030 зиёда аз 800 миллион нафар аз мардуми ҷаҳон ба диабети намуди II мубтало хоҳанд буд. Агар ҳолати пешдиабетро, яъне қанди хуни 100 то 125 мг (5,5-7,0ммол/л) низ ба ин ҷамъият изофа кунем, адади ба даст омада,  беш аз 1,5 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод. Дар ҳақиқат агар маҷмӯи бемориҳои шинохташуда дар насли инсонро дар як паллаи тарозу бигузорем ва синдроми  метоболик ва диабети намуди II ро дар паллаи дигар, ин ду  комилан муътадил ва мусовӣ хоҳанд буд. Бинобар ин, дониш ва дарки саҳеҳ аз синдроми метаболик ва ҷузъҳои он ва ба хусус шинохти наҳваи дармони диабети намуди II  барои ҳамаи пизишкон ва дар ҳамаи риштаҳои  табобат  як зарурати ҳатмӣ шудааст. 

Синдроми метаболик дар воқеъ пешдаромади диабети навъи II мебошад. Синдроми метаболикро бо тамоми шоху баргаш метавон ба унвони “ошӯби умумии бадан қабл аз зуҳури диабет”номид . Ихтилоле, ки бо таваллуди фард шурӯъ шудааст, дар даврони балоғат ҷиддитар мешавад ва баъд аз 30 - 40 солагӣ чеҳраи аслии худро ба намоиш мегузорад. Чеҳрае ки панҷ нишонаи аслӣ ва нишонаҳои фаръии бешумор дорад. Панҷ нишонаи синдроми метоболик иборатанд аз:

-фарбеҳӣ ва бахусус фарбеҳии қисмати шикам;

-афзоиши  триглицериди хун;

-коҳиши холестерини хуби бадан ( HDL холестерин);

-афзоиши фишори хун аз 130/80 мм.сут.сим;

 -убури қанди хуни ношто аз 100 мг дар дц литр; (5,5ммол/л)

 Аз нишонаҳои фаръии синдроми метоболикӣ аслитарини онҳо, ки ба зудӣ ба унвони аслитарин намуди синдроми метоболикӣ  муаррифӣ хоҳад шуд, ҷигари чарб ё стеатози ҷигар аст. Механизми  бурузи синдроми метоболик комилан рӯшан шудааст. Нуқси аслӣ иборат аст аз зуҳури ҳолате, ки онро муқовимат ба инсулин ё (insulin resistance) меноманд. Ба ин маънӣ ки инсулини раҳошуда аз ҳуҷайраҳои бета(β)-и ғадуди зери меъда, дигар қодир нест ба таври комил ба гирандаҳои худ дар сатҳи ҳуҷайраҳои бадан пайваст шавад. Вақте гирандаҳои инсулин дар сатҳи ҳуҷайраҳо ба инсулини мавҷуд дар хун посухи кофӣ надиҳанд, танҳо роҳи мумкин барои ин ки бадан битавонад  мушкилро ҷуброн кунад, афзоиши тавлиди инсулин дар бадан аст. Яъне тавлиди миқдори беш аз маъмул, ки боиси гиперинсулинемӣ (hyperinsulinemia) мешавад ва дар натиҷа сатҳи инсулин дар хуни фард ба таври ҷиддӣ меафзояд. Ин инсулини изофӣ аст, ки бо дахолат дар бисёре аз аъмоли бадан, синдроми метоболикиро эҷод мекунад. Аввал фарди мубтало фарбеҳ мешавад, ҷигараш равған мегирад, чарбиҳои хунаш изофа мешавад, фишори хунаш боло меравад, ва билохира пас аз чанд даҳа, вақте ҳуҷайраҳои бета(β)-и ғадуди зери меъда хаста шуданд, қанди хун ба тадриҷ боло рафта, аввал  ҳолати пешдиабетӣ ва сипас диабети навъи II  тамомаёр зоҳир мешавад. Ҳосили ҷамъи ҳамаи ин ихтилолот ба  атеросклероз ва тангии рагҳо ва сактаи дил хатм мешавад. Бинобар ин нигоҳи мо ба диабети навъи II бояд аз манзари синдроми метаболикӣ бошад, то бар асоси он битавонем, илмитарин равиши дармони диабетро пешниҳод намоем.

Мушкили мо дар диабети навъи II қабл аз ҳар чизе, муқовимат ба асароти инсулини мавҷуд дар хун аст (Insulin resistance), на камбуди ҷиддии инсулин. Бинобар ин, санги бинои дармони диабет бояд  доруҳое бошанд,  ки ин муқовимати бадан ба инсулинро бартараф кунанд. Аз маҷмӯи 30 рақам доруи зиддидиабетии хӯрокӣ, фақат 2 дору ҳастанд, ки нуқсро ислоҳ мекунанд, аввал Метформин ва баъд аз он Пиоглитозон. Ин ду дору на танҳо қанди хунро коҳиш медиҳанд, балки аз тариқи ислоҳи мушкили муқовимат ба инсулин, ҳуҷайраҳои β ғадуди зери меъдаро низ аз зери фишори тавлиди инсулини изофа хориҷ мекунанд. Гуфта шуд, ки умдаи ихтилолоте, ки дар синдроми метаболик дида мешаванд, мисли фарбеҳӣ, фишори боло, ҷигари чарбидор ва ихтилолоти чарбии хун, натиҷаи тавлиди зиёди инсулин дар бадан мебошанд. Ду доруи зикр шуда дар боло, бо ислоҳи инсулинрезистенс, сатҳи инсулини серумро коҳиш дода ва ин роҳ ба беҳбуди тамоми ихтилолҳои вобаста ба Синдроми метаболик кӯмак мекунад. Асари Метформин дар лоғар шудани афроди фарбеҳ,  беҳбуди ҷигари чарбидор ва ислоҳи чарбиҳои хун буда, пешгирӣ аз бемориҳои рагҳои дил ба ҳамин далел мебошад. Гурӯҳи дувуми доруҳои зидди диабет Глибенкломид, Гликлозид ва Глимепрайд, омилҳое ҳастанд, ки ҳуҷайраҳои β-ро барои тарашӯҳи бештари инсулин таҳрик менамоянд.  Дар воқеъ ин гурӯҳ аз доруҳо бар хилофи  Метформин ва Пиоглитозон, ҳиперинсулинемии мавҷуд дар синдроми  метоболикро ташдид карда, аз ин роҳ метавонанд боиси  фарбеҳтар шудани бемор, бештар шудани чарбӣ дар ҷигар, афзоиши бештари фишори хун  ва афзоиши хатари ибтило ба сактаи дил шаванд. Ҳамчунин доруҳои таҳриккунандаи тарашӯҳи инсулин ҳамеша бемори диабетиро дар маърази паст шудани шадиди қанди хун (Hypoglycemiya) қарор медиҳанд.

Бо ин авсоф, ки гуфта шуд, равшантар аз офтоб аст, ки дар дармони диабети навъи II аввал бояд  аз Метформин шурӯъ кунем. Миқдори онро ба тадриҷ дар  муддати 3 то 4  ҳафта изофатар карда, то ба ҳудуди 2000 - 2500 мг дар рӯз мерасонем. Агар қанди хун контрол нашуд, онгоҳ миқдори кам (нисф то 1 ҳаби 15мг) аз ҳабӣ Пиоглитозон ба Метформин изофа мегардад. Ҳадди ақал ду моҳ бо ин ду дору иктифо мешавад, агар қанди хун ба аҳдофи дармонӣ наздик нашавад,  доруҳои баъдии диабет ба мисли Гликлозид ё Амарил, Ситоглиптин ва ғайра вориди дорухати беморон мешаванд. Мутолиаи зикр шуда, ба чигунагии истифода аз доруҳои зиддидиабети хӯрокӣ тавассути ҳамкорони пизишк дар кишвари Тоҷикистон ва мутобиқ будани онҳо бо дастуруламалҳои тавсияшуда тавассути анҷуманҳои мӯътабари диабетологӣ дар дунё пардохтааст.

Равиши мутолиа (materials and methods):

Дар ин мутолиҳаи оянданигар (prospective) ва тавсифӣ – мушоҳидавӣ (observational-descriptive), ва дар байни солҳои 2018 - 2019, кулли бемороне, ки бо ташхиси диабети навъи II, тавассути ҳамкорони пизишк дар Тоҷикистон бо доруҳои зиддидиабетии хӯрокӣ таҳти дармон қарор гирифтаанд, ба мутолиа ворид шудаанд. Беморон тавассути як пизишки диабетолог, эндокринолог мавриди  шарҳи ҳол ва сипас муоинаи физикӣ қарор гирифтаанд.  Ҷинсияти беморон ( зан, мард) сини шурӯъи диабет, тӯли муддати мубтало будан ба диабет ва ба хусус наҳваи шурӯъи дармони онҳо ва сипас масири идомаи дармон то замони муроҷиа ба клиникаи бемористони байналмилалии  Ибни Синои шаҳри Душанбе, баррасӣ ва сабт гардид. Соири бемориҳои ҳамроҳи диабет, ки дар зери чатри синдроми метоболикӣ бо диабет ҳамроҳ мешаванд (фарбеҳии шикам, фишори хуни баланд, ихтилол дар чарбиҳо ва собиқаи бемории рагҳои дил), дар таьрихи бемории табибон ҷустуҷӯ ва дар парванда дарҷ гардид. Андозагирии қад, вазн, PMI, ва андозаи даври камар ва муоинаи дақиқ ба лиҳози вуҷуди пои диобетӣ ва ҳам ихтилолоти рагҳои дил ба анҷом расид. Кулли доруҳое, ки аз ибтидои беморӣ то лаҳзаи шурӯъи мутолиа, ҳатто доруҳое, ки дар манзил мавриди истифода қарор гирифта буданд, баррасӣ шуданд. Итилооти ба даст омада, тавассути бастаҳои омории SPSS вержени 25 мавриди таҷзияву таҳлил қарор гирифт. Натиҷаҳои итилооти камӣ (quantitative) ба сурати Mean±SD ва Range ва параметрҳои категорикӣ (qualitative), ба сурати дарсад (Percentage) гузориш гардид.

Натиҷаҳо «Results»

Аз маҷмӯи 119 бемори гирифтор ба диабети навъи II, 56 % (67 нафар зан) ва  44 % (53 нафар мард) буданд. Синни миёнаи беморон (56 ± 11 сол ва маҳдудаи синниашон аз 32 то 85 сол) ва тӯли муддати гирифторӣ ба диабет 7,5±6 сол (Маҳдудаи 1 то 20 сол) ба даст омад. Фақат 36 нафар аз кулли беморон (30 % аз Метформин ба унвони доруи авали дармон истифодабарӣ доштанд). Дар ҳоле, ки 42% беморон аз сулфанилураҳо (Глибенкломид, Гликлозид ё Глимепрайд) ба унвони оғози табобати диабети қандӣ истифодабарӣ доштанд. Табобате, ки комилан бар зидди гойдлонҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ба 6 % беморон қабл аз истифода аз доруҳои хурокӣ, инсулин дода шудааст. 8 % беморон дар дорухатҳои худ, доруи Глиптин ва 1% беморон аз доруи Глифлозин истифода мебаранд . Фақат як бемор дар Ҳиндустон табобат мегирифт аз доруи Пиоглитозон истифода мебурд. Аз 30 % е, ки таҳти дармони  Метформин буданд, теьдоди бисёр ками доруро ба миқдори дуруст ба кор мебурданд[Ҷадвали 1]. 

 

 

Мард

Зан

Синни

миёнаи

беморон

Тӯли муддати гирифторӣ ба диабети қанд

Glibenclamide

ба унвони интихоби якум

Amaryle,

ба унвони интихоби якум

Metformin ба унвони интихоби якум

  Интихобҳои дигар

Теъдоди беморон

119 нафар

53 нафар

 

(44%)

67 нафар

 

(56%)

58±11 сол

Ҳадди синнӣ (32-85) сол.

Бештарин синни шурӯъи беморӣ 57 солагӣ

7.5±6.5 сол

Ҳадди муддати беморӣ (1-20) сол.

Бештарин синни шурӯъи беморӣ # 1 сол

24 нафар

 

(20%)

26 нафар

 

(22%)

36 нафар

 

(30%)

33 нафар

 

(27%)

 

 

Ҷадвали 1. Итилооти тавсифии беморони диабети Тоҷикистон ва равише, ки то имрӯз дармон мешуданд.

 

Баҳси ниҳоӣ (Discussion)

Бар асоси физиопотолоҷии таърифшуда барои диабети навъи II ки хулосаи аз он дар муқадимаи ин мақола омад, дармони диабети навъи II  мебоист бо як доруе, ки муқовимат ба инсулин ё инсулинрезистентро ҳадаф қарор бидиҳад шурӯь мешавад, яьне ҳабӣ метформин. Ин дору ба таври маъмул аз нисфи қурси 500 мг баъд аз ҳар бори ғизо (3 бор дар рӯз)шурӯъ мешавад ва дар сурате, ки меъдаро азият накунад, қурсро як адад 3 бор дар рӯз изофа мекунанд. Ин миқдор дору барои муддати 4 ҳафта идома ёфта, сипас бемор барои озмоиши FBS ва 2hppBs (қанди 2 соат пас аз сарфи ғизо ва қурси Метформин) фиристода мешавад.

Агар қанди хун ба аҳдофи дармонии  матлуб нарасида бошад (FBS-и камтар аз 7,1ммол мг ва BS и камтар аз 10,0ммол), қурси Метформин ба 2000-2500 мг изофа мешавад. Агар пас аз чанд ҳафта аҳдофи дармонии диабет ҳосил нашуда бошад, қурси Пиоглитозон 15 мг 1 адад рӯзона бо субҳона ё нисфирӯзӣ ба режими доруи изофа мешавад.  Дар  сурати адами тавфиқ пас аз 1 моҳ,  давои 3- юм тибқи протоколҳои ҷаҳонӣ як доруи  тавлидкунанда  ё  таъсиркунандаи инсулин аст, мисли гликлозид ё амарил, ки бо камтарин дози мумкин ва 1 бор дар рӯз қабл аз ғизои аслӣ шурӯь мешавад.  Ситоглиптин ва М Поглиплозин маъмулан ба унвони охирин тири тарқиш канори се дорӯи қаблӣ меоянд. Албатта, ширкатҳои доруӣ, ки фақат ба дунболи судҳои калони худ хастанд, ин доруи охиринро, ки бисёр гаронқиммат мебошанд то ҷойгоҳи дуюм, яъне баъд аз метформин тавсия медиҳанд, ки ин абадан илмӣ намебошад. Тавлиди доруҳои таркибӣ, мисли Зипмет ва Галвусмет, ки таркиби аз Метформин ва Ситоглиптин ё Вилдоглиптин ҳастанд бо ҳамин ҳадаф тавлид шудаанд.  Бо як нигоҳи куллӣ ба он чи гуфта шуд, масири маъмули дармони диабети навъи II бо доруҳои хӯрокӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд ошкор мегардад. Натиҷаи мутолиаи мо нишон медиҳад, ки камтар аз 30 дарсади ҷамъияти гирифтор ба диабет, дар кишвари Тоҷикистон дар баробари стандартҳои илмии ҷаҳонӣ дармон мешаванд.  Беш аз 42 дарсад аз ин беморон  дар ибтидо, яъне қабл аз шурӯъи Метформин, таҳти дармон бо як омили таъсиркунандаи инсулин (Глибенкломид, Гликлозид, Амарил) будаанд. Иқдоме, ки агарчи дар зоҳир мунҷар ба контроли  зуди қанди хун мешавад, аммо дар ҳақиқат бо хаста кардани селюлҳои β ғадуди зери меъда, беморонро босурьат ба тарафи камбуди шадиди инсулин ва ниёз ба тазриқи инсулин ҷиҳати контроли диабет пеш мебаранд. Асароти зиёновари ин гурӯҳ  аз доруҳои таҳрикии тарашӯҳи  инсулин бештар дар падидаи атеросклероз ва инсидоди рагҳои дил муддатҳост, ки ба исбот расидааст. Ба ҳамин иллат буд, ки аз соли 2011 меъёри масрафи қурси Глибенкломид аз ҳама хатарноктар буд, ва аз листи доруҳои хӯрокии диабет хориҷ ва ҷояшро ба Гликлозид ва Амарил дод. Нуқтаи муҳими дигар, ки дар ғолиби дорухатҳо ки ба он таваҷҷӯҳе нашуда буд, таҷвизи доруҳои зидди фишори хун ҳастанд, ки баъзан боиси ташдиди бемории диабет мешаванд, мисли Гидроклоротиазид ва Триамтерини H, ки дар канори доруҳои болокунандаи β-ҳо ва доруҳои болокунандаи канали калсиум метавонанд  вазъи қандҳоро бошиддат ба ҳам бирезад.

Натиҷагирии куллӣ «Conclusion».

Мо умедвор ҳастем, ки натиҷаи ҳосила аз ин мутолиа ва низ шарҳи мухтасари физиопатологии диабети навьи II, дармони ин бемории шоеь ва хонумонсӯз дар кишвари Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ шаванд.

Тазодди манофеи нависандагон (Conflict of interests)

Ин мақола қабл аз ирсол ҷиҳати чоп, тавассути ҳамаи нависандагон мутолиа шудааст ва тазоди манофеи байни онҳо вуҷуд надорад.

Тақдир ва ташаккур ( Acknowledgement)

Ба ин васила аз кӯмакҳои бедареғ ва ҳимоятҳои ҳама ҷонибаи раёсати муҳтарами Бемористони Ибни Сино ҷаноби Абдухалил Холиқзода сипосгузорӣ менамоем.

Бар худ лозим медонем, ки аз ҳамаи беморони мубтало ба диабет, ки дар анҷоми ин таҳқиқ бо гурӯҳи мо ҳамкории самимона доштаанд мамнун ва сипосгузор бошем. Барои анҷоми ин кори таҳқиқоти  ҳеҷ навъ кумаки молӣ аз ҳеҷ муассисаи доруи ва созмонҳои хайриявӣ дарёфт нагардид.

Манбаъҳо ва маъхазҳо (References):

1-Pyke DA. Diabetes:The genetic connections. Diabetologia. 1979; 17:333-343

2-Knowler WC, Barret-Conner E, Fawler SE, et al. Reduction in the incidence of type 2 diabetes with lifestyle intervention or metformin. N Engl J Med. 2002; 346-403

3-Buchanan TA, Xiang AH, Peter PK, et al. Preservation of pancreatic B-cell function and prevention of type 2 diabetes by pharmacological treatment of insulin resistance in high-risk, Hispanic women.Diabetes. 2002; 51: 2796-2803

4-Effect of intensive blood glucose control with metformin on complications in overweight patients with type-2 diabetes ( UKPDS 34). UK prospective diabetes study(UKPDS) group. Lancet. 1998; 352:854-865

5-Laurent Azoulay, Samy Suissa. Sulfonylureas and the risk of cardiovascular events and death:A methodological meta-regression analysis of the observational studies. Diabetes Care 2017; 40: 706-714

ФОТО