БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

Мудири бахши урологии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Аминов Мубин.

 

Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

 

Истеъмоли нодурусти хӯрок, ки боиси баландшавии тамаркузи туршии шавел дар бадан мешавад,  метавонад аз сабабҳои пайдоиши оксалатурия гардад.  Дар сурати саривақт табобат нашудан, ин беморӣ муҷиби пайдоиши санг дар организм мешавад, ки таркибаш шавел ва калтсий дорад. Ин беморӣ вобаста ба сабаби пайдоиш ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:

1. Аввалия

2. Сонавия

Оксалатурияи аввалия характери ирсӣ дошта, дар натиҷаи норасоии ферменти α-КГГК рух медиҳад, ки боиси зиёд хориҷшавии оксалати берун аз гурда мешавад.

Оксалатурияи сонавия бошад, бар асари бемориҳои узвҳои ҳозима, ки ба норасоии витаминҳои В1 ва В6 боис мешаванд, пайдо  мегардад.

Бемориҳое, ки боиси зуҳури оксалатурия мешаванд инҳоанд: диабети қанд, реши меъдаву рӯда, ихтилоли мағзӣ, илтиҳоби музмини масона ва гурдаҳо, собиқаи ҷарроҳӣ дар узвҳои сисемаи пешобӣ ва ихтилол дар мубодилаи моддаҳо.

Оксалатурия дар кӯдакон бар асари кори нодурусти рӯдаҳо пайдо мешавад.  Аммо кори нодурусти рӯдаҳо ё  дар натиҷаи патологияи модарзодии меъдаву рӯда ва ё бар асари истеъмоли нодурусти хӯрок метавонад  бошад.

Нишонаҳои ин беморӣ дар кӯдакон то сини 6-солагӣ возеҳ нестанд ва беморӣ дар ин син ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ ифшо мешавад. Дар синни мактабӣ нишонаҳои аввал,  ба мисли дарди кӯтоҳмудате дар камар ва шикам, зуд-зуд тақозои пешоб намудан, зуд-зуд беҳолу бемадор шудан ва аҳёнан халаи гурда пайдо мешаванд. Дар синни балоғат  бошад нишонаҳои беморӣ дар марҳилаи аввал алакай возеҳанд: зуд-зуд халаи гурда, камшавии миқдори пешоби шабонарӯзӣ ва тағйирёбии ранги пешоб ва дар марҳилаи охири беморӣ бошад,  баъзан қабзи пешоб, ки оксалатурия ба санг мубадал мешавад мушоҳида карда мешавад. Вақте ки мубталоёни оксалатурия табобат намегиранд,  дар гурда санг пайдо мешавад ва ин санг дар дохили гурда доимо ҳаракат намуда деворҳои гурдаро мехарошад ва дар гурда бофтаҳои бегона пайдо мешаванд, ки боиси норасоии фаъолияти кори гурдаҳо мешавад.

Табобати ин беморӣ  мисли дигар бемориҳо аз риояи истеъмоли хурок бастагӣ дорад. Ин беморон набояд мавод, мева ва сабзавоти дорои мизони болои  оксалатро истеъмол намоянд. Маводе, ки оксалати зиёд доранд инҳоанд: какао, шоколод, шибит (шавел), ревоҷ, ҷаъфарӣ, помидор, сабзӣ ва чойи талх.  Мубталоён бояд маводи дорои мизони поини  оксалатдро кабул намоянд. Аз ҷумлаи онҳо инҳоанд: бодимҷон, замбурӯғ, гулкарам, бодиринг, нахӯд, каду, зардолу, муз (банан), қақарот... . Хӯрдани гушт, оби гушт (бульон) ва моҳӣ, ҳасиб, консерва,  сабзавот ва меваҳои турш, нушокиҳои спиртӣ, каҳва ва маҳсулоти ширӣ манъ аст. Дар сурати пайдо шудани  кристалҳои оксалатӣ дар гурда ва маҷрои пешоб бояд доруҳои шулкунанда ва пешобовар исеъмол намоянд. Ҳамчунин истеъмоли магний ва калтсий тавсия дода мешавад, ки аз таҳшиншавии оксалатҳо пешгирӣ менамоянд. Дар бемороне, ки оксалатурия бар асари норасоии витамини В6 пайдо шудааст истеъмоли қурси витамини В6 тавсия дода мешавад. Хоҳишмандони дармони беморӣ метавонанд барои маълумоти пурра ва табобат ба бемористони Ибни Сино муроҷиат намоянд.

ФОТО