БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Таб чист?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

    Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

     
  • Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

    Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

    Фарзона Абдуллоева.

     

    Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

     
  • Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломатии борварии шумост!

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова. 

     

    Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: БОБОАЛИЕВ САРҲАД

Сарҳадҷон Бобоалиев, муовини раиси бемористон доир ба табобат, духтури дараҷаи олӣ, аълочии соҳаи тандурустии Тоҷикистон, дорои 26 сол таҷрибаи корӣ мебошад.

Беш аз 10 сол аст, ки дар Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад ва ҳамарӯза ба машварат ва муолиҷаи беморон машғул аст.

Соли 1994 бахши муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар ҳамон сол такмили аввалияи ихтисосро дар Донишкадаи баъдаздипломии кормандони соҳаи тиб бо тахассуси кардиолог гирифтааст. Фаъолияти кориашро хамчун табиб дар шӯъбаи эҳёи  Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил оғоз намуда, баъдан то соли 2009 ба ҳайси мудири шӯъба дар ин марказ кор кардааст. Аз соли 2009 аз рӯзи оғози кори Бемористони Ибни Сино дар ин ҷо кор мекунад.

Ҳамасола дар ҳамоишҳои байналмиллалӣ ва конфронсу ҷаласаҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат мекунад.

Бори аввал соли 2010 ба муддати се моҳ ва соли 2012 ба муддати ду моҳ дар  Эрон давраҳои ташхис ва табобати бемориҳои дил бо усули каронарографӣ ва ангиопластӣ (стентгузории рагҳои хунгард)-ро омӯхтааст.

Айни ҳол унвонҷӯи кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон буда, қарор аст ба зудӣ рисолаи номзадии худро дифоъ кунад.

Тамоми бемориҳои қалбӣ, аз ҷумла: норасоии қалбӣ, кардиомиопатия, нуқсони дил, аритмия, бемории ишемикии дил, аз ҷумла сактаи қалб, стенокардия, бемориҳои миокард ва ғайраро муолиҷа мекунад. Ҳамчунин дар ташхиси ангиографӣ ва стентгузории шараёнҳои дилу гурда ва пойҳо маҳорати баланд дорад.

Рӯзҳои пазириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати  8:30 то 16:00

Шанбе аз 8:30 то 12:00

ФОТО