БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Гипоспадия - инҳироф (аномалия)-и инкишофи узвҳои ҷинсии беруна ва маҷрои пешобрав дар кӯдакон.

Урологи бемористон,

доктор Азизов Умар.

 

Мафҳуми аномалия ё инҳироф гуфта, дар истилоҳи тиббӣ ғайри меъёр ё берун аз доираи меъёр инкишоф ёфтани ягон узви баданро меноманд.

Мутаассифона ин мафҳум ё истилоҳ вақтҳои охир дар таҷрибаи клиникии ҳаррӯза бештар ба чашм мерасад. Вақте ки волидон дар фарзанди худ чунин иллатро мебинанд, ҳиссиёти нороҳатие вуҷуди онҳоро фаро мегирад ва бештарашон рӯҳафтода мешаванд.

Яке аз чунин иллатҳо нодуруст инкишоф ёфтани олоти ҷинсии мардона ва маҷрои пешобгузар - гипоспадия мебошад, ки дар давраи инкишофи дохилибатнӣ (органогенез) дар ҳафтаҳои 10-15-уми ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд.

Гипоспадия – ин худ набудани девораи қафои маҷрои пешобрав мебошад, ки бештари ҳолатҳо бо каҷшавии олоти ҷинсии мардона (penis) якҷоя вомехӯрад. Дар натиҷа, ҳангоми пешоб кардан, маҷрои пешоб ба самти поёну-қафо ё ба андомҳои поёнӣ мешорад (ин ҳам аз навъи ҷойгиршавии сӯрохии берунаи маҷрои пешобрез ва каҷии олоти марди вобаста аст).

Тибқи оморҳои тиббӣ, ин иллат аз 300 нафар тифли тавлидшаванда дар яктои онҳо вомехӯрад (300:1). Ин иллат бештар бо сабаби истеъмоли аз меъёр зиёди маводҳои ҳормоналии эстрогенӣ ва прогестинӣ ҳангоми ҳомиладорӣ, пайдо мешавад. Фарзияҳои ирсӣ низ барои ба амал омадани ин иллат вуҷуд дорад.

Таснифот.

Якчанд намудҳои ин иллат мавҷуд аст:

- Намуди саракӣ, вақте ки сӯрохии берунаи маҷрои пешобрез дар қисми проксималии сараки олоти мардӣ (penis) кушода мешавад.

- Намуди гарданакӣ, ки ҳангоми он сӯрохии маҷрои пешобрез дар қисмати гарданаки олоти мардӣ кушода мешавад.

- Намуди танагӣ, ҳангоми он сӯрохии берунаи маҷрои пешобрез дар танаи олоти мардӣ кушода мешавад.

- Намуди танагию-моядонӣ (peno-scrotal), ҳангоми он сӯрохии берунаи маҷрои пешобрез дар сарҳади гузариш ба моядон кушода мешавад.

- Намуди чатанӣ, ҳангоми он сӯрохии берунаи маҷрои пешобрав дар чатан кушода мешавад.

Дар ҳолати гирифтор шудан ба ин иллат, кӯдак бояд то табобат хатна нагардад, чун  пусти озоди олоти мардӣ  ҳангоми табобат ва гузаронидани амали чарроҳӣ  хеле лозим аст.

Нишонаҳо ё аломатҳои клиникӣ.

Одатан ин беморӣ дар кӯдакони навзод ва дар тифлон бе нишонаҳои махсуси клиникӣ ва бе шикоятҳои махсус мегузарад. Ягона нишонаҳое, ки дар ин беморӣ мушаххас мешавад, ин пошхӯрии пешоб ба ҳар тараф ё рехтани пешоб ба андомҳои поёнӣ ҳангоми пешобкунӣ ва каҷии олоти чинсии мардона мебошад. Мутаассифона, на ҳар волидайн ба чунин иллат диққати ҷиддӣ медиханд ва саривақт барои ҳалли ин масъала кӯшиш мекунанд. Чунин беморон бояд зери назорати урологи ҷойи истиқомат қарор гиранд.

Бештар бемороне, ки гирифтори гипоспадияи намуди танагию моядонӣ ва чатанӣ ҳастанд нишаста пешоб мекунанд, чунки ин барои онҳо қулайтар аст. Ин намуди гипоспадия дар оянда ва ҳангоми бартараф накардан ба безуриётӣ оварда мерасонад, чунки раванди интиқоли оби манӣ вайрон мешавад.

Дар бештари ҳолатҳо гипоспадия бо дигар иллатҳои узвҳои ҷинсӣ якҷоя мегузарад, ба мисли крипторхизм-поён нафаромадани тухмҳо (яктарафа ё дутарафа), набудани тухмҳо - анорхизм ва ғайра. Барои мушаххас кардани нуқсони дигар узвҳои ҷинсӣ ба ин нуқсон ҳамроҳ будан ё набудан, уретросистоскопия (муоинаи маҷрои пешобрав то масона), урографияи экскреторӣ (баҳо додан ба ҳолати анатомию физиологии гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав) гузаронида мешавад.

Табобат.

Одатан табобати ин иллатро бо усули ҷарроҳию тармимӣ амалӣ мегадонанд ва вақти тиллоии гузаронидани ин амали ҷарроҳӣ то сини 2 солагии кӯдак ба шумор меравад.

Дар гипоспадияҳои намуди саракӣ ва гарданакие, ки олоти ҷинсӣ каҷӣ надорад, гузаронидани амали чарроҳи ҳатмӣ нест. Усулҳои бисёри тармими гипоспадия маълум аст, ки мақсади ҳамаи онҳо барои барқарор кардани маҷрои пешобрав равона мебошад. Баъзан ин амали ҷарроҳӣ дар 2 марҳила (марҳилаи аввал рост кардани олоти ҷинсӣ ва марҳилаи дуюм-тармими маҷрои пешобрез) ва баъзан вақт ҳар ду марҳила дар як вақт гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани амали ҷарроҳӣ ин рост кардани олоти ҷинсӣ ва тармими маҷрои пешобрез-уретропластика мебошад. 

ФОТО