БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МАШВАРАТИ ПИЗИШК ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Яке аз суолҳое, ки ҳамарӯза муштариёни мо мепурсанд, ин аст, ки машварати пизишк дар бемористон аз чӣ иборат аст ва дар кадом асос нархгузорӣ шудааст?

Шояд бисёриҳо фикр мекунанд, ки танҳо рӯбарӯ шудан бо духтур нарх дорад.  Албатта, ҳар кас ҳақ дорад бидонад, ки машварати пизишкони бемористони мо аз чӣ иборат аст, бахусус вақте ки барои ин хидмат пул мепардозад.

Вобаста ба тахассус қабули ҳар як пизишк аз 15 то 45 дақиқа тӯл мекашад. Ҳар як пизишки мутахассис вобаста ба тахассуси худ барои ташхис дастгоҳу таҷҳизоти гуногунро ба кор мебарад, ки дар бемористони мо фароҳам шудааст. Муоина ё машварати пизишк марҳилаҳои зеринро фаро мегирад:

1. Анамнез.

Пизишк ҳангоми қабул пеш аз ҳама дар бораи мариз дар асоси суолу ҷавоб ва баррасии андом иттилоъ ҷамъ ва сабт мекунад.  Дар ин марҳила пизишк аз бемор суолҳое мепурсад, ки шояд ба назар ҳайратовар бошанд ва фикр мекунед ба дарди шумо ҳеч рабте надоранд. Аммо ин тавр нест! Ин суолҳо ҳирфаӣ (профессионалӣ) ҳастанд ва ба пизишк кӯмак мекунанд бо бемор ва мушкилоти ӯ пурраву дақиқ ошно шавад. Таносуби қаду вазн, ҷинс, синну сол, ирсият, собиқаи беморӣ илова ба аломатҳои бемории мариз барои ташхис ва дармони бемор муҳиманд.

Ин марҳилаи аввал аст ва агар маълумот барои гузоштани ташхис ва тавсияи дармон кофӣ бошад, пизишк ба бемор табобат тавсия менамояд. 

2. Таъини озмоиш.

Дар ҳоли кофӣ набудани иттилоъ пизишк метавонад ба бемор озмоишҳои дастгоҳӣ ё лабораторӣ таъин кунад. Ин метавонад озмоишҳои хун, рентген, ултрасадо ва ғайра бошад.

3. Баррасии ниҳоӣ.

Дар ин марҳила пизишк натиҷаи озмоишҳои беморро баррасӣ менамояд.

4. Ташхис.

 Марҳилаест, ки танҳо пас аз гузаштан аз се зинаи дар боло зикршуда, яъне ҷамъоварии анамнез, озмоиш ва баррасии озмоиш, анҷом мешавад ва ба мариз диагноз гузошта мешавад.

5. Тавсияи табобат.

Дар ин марҳала пизишк ба бемор ташхиси гузошташударо фаҳмонда тасмими бистарӣ кардан ё ба таври амбулаторӣ гузарондани табобатро мегирад. Дар идома пизишк тавсияи табобатро ба сурати хаттӣ ба бемор ё бахш пешниҳод мекунад.

6. Пур кардани асноди тиббӣ.

Пизишк маълумот дар бораи бемор ва мушкилоти саломатии ӯро дар асноди тиббӣ ёддошт мекунад, ки агар аз як сӯ тибқи қонун барои омори тиббӣ зарур бошад, аз сӯи дигар, дар оянда ҳангоми муроҷиати дубораи бемор табобатро муассиртар (таъсирбахш) мегардонад.

Мӯҳлати эътибори пардохт барои қабули пизишк дар Бемористони Ибни Сино 10 рӯз аст. Ин фосила барои гузаштан аз тамоми мароҳили дар боло зикршуда пешбинӣ шудааст.

Бемористони Ибни Сино бо пизишкони хушмуомилаву ботаҷриба ҳамеша омодаи пазириши беморон аст.

Шумораи тамос барои сабти ном: 446400102/03

ФОТО