БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Эндопротези тоталии буғуми косу рон ҳангоми баромади модарзодии рон

Ортопеди бемористон,

доктор Мирзобеков Қурбоналӣ.

 

Коксартрози диспластикӣ ё баромади модарзодии рон дар занон бештар вомехӯрад ва нишонаҳои клиникии он дар ҷавонӣ зоҳир мешаванд. Даҳ дарсади мардум аз мушкили баромадагии модарзодии рон ранҷ мебаранд.

Вуҷуди баромадагии модарзодӣ дар кишвари мо, ба далели нагузаштан аз ташхиси саривақтӣ ва ҳамчунин ба омилҳои ирсӣ бастагӣ доранд. Маъмулан, духтарон барои бартараф кардани ин мушкил баъд аз бистсолагӣ, бахусус пеш аз хонадоршавӣ, ба табибон муроҷиат мекунанд.

Дар кишвари мо, баромади  баланди ронро маъмулан бо равиши таскиндиҳанда (паллиативӣ) дармон мекарданд. Дар ҳоли ҳозир чанд роҳи табобати баромади модарзодии  рон дар заминаи дисплазия вуҷуд дорад. Дар холати фаврии тармимӣ, ки дар нигаҳдории анатомии буғум вазифаи калидиро иҷро мекунад, дар хурдсолӣ бисёр муҳим ва самаранок аст, ҳарчанд  натиҷаи муфидро метавонад дар тӯли 5-10 сол нишон диҳад. Дар мароҳили баъдӣ бошад, самаранокии табобат камтар мешавад. Бинобар ин, танҳо роҳе, ки барои табобати ин беморон боқӣ мемонад, ивази буғуми косу рон бо роҳи ҷарроҳӣ мебошад. Ин равиш имкон медиҳад дардро аз байн барад ё онро ба маротиб кам кунад. Инчунин, фаъолияти буғумро барқарор намуда, беморро ба зиндагии беҳтар, ки ҳатто қаблан тасаввурашро намекард, бармегардонад.

Ба Бемористони Ибни Сино, бемор С.,  36 сола, бо ташхиси баромади модарзодии рон аз чап, кутохии пои чап то 6 см, ки сабаби кутохии пой ба боло чойгиршавии сараки рон (неоартроз) ва каҷшавии устухони кос вобастагӣ дошт, муроҷиат кард. Аз дард, тағйири шакл (деформатсия) дар буғуми косу рон  ва лангидан шикоят дошт. Ба бемор пас аз гирифтани озмоишҳо ва давраи омодасозӣ ба ҷарроҳӣ, амали ҷарроҳии ивази буғуми косу рон ё эндопротезгузорӣ бо равиши Paavilanen бо муваффақият анҷом шуд. Бемор пас аз ҷарроҳӣ табобати барқароркунанда гирифт ва дар рӯзи дуввум бо асобағал бидуни фишор ба андоми ҷарроҳишуда, ба роҳ рафтан шурӯъ кард. Дар рӯзи шашум дар ҳолати қаноатбахш аз бемористон мураххас карда шуд.

ФОТО