БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • PCNL чист?

    Урологи бемористон,

    доктор Мубин Аминов.

     

    PCNL таркиби  кӯтоҳшудаи  англисӣ буда, шакли  комили он Per cutanium Lithotripci мебошад. Яъне сангшиканӣ аз тариқи пӯст дар гурда аст.

     
  • Чашмандозе ба таърихи пайдоиши ултрасадо (УЗИ)

    Пизишки дастгоҳи ултрасадо,

    доктор Ҳақназаров Меҳроҷ.

     

    Дар бораи вуҷуди мавҷҳои садоӣ одамон қаблан огоҳ буданд, аммо аз вуҷуди «нурҳои ноаён» бехабар. Нурҳои ноаёнро олими итолиёӣ Л.Спаллансини дар соли 1794 кашф кард.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МИРЗОБЕКОВ ҚУРБОНАЛӢ

Ортопед вожаест барои ҳама ошно, аммо шояд на ҳама медонанд, ки як ортопед чи салоҳият ва вазифаҳое дорад.

 

Ортопед ё осебшинос, ки дар гӯиши мардум травматолог ё шикастабанд аст, мутахассисест, ки тамоми системи ҳаракатии инсон, аз ҷумла буғумҳо, мушакҳо ва устухонҳоро муоина ва тармиму муолиҷа мекунад.

Агар камар ва ё гарданатон дард мекунад, ё ангушт ва ҷое аз баданатон раг кашидааст, ё агар аз дарди устухон ранҷ мебареду мушкилоти ҳаракатӣ доред, пас ба муоинаи ортопед ниёз доред. Ва агар дар ҷустуҷӯи чунин мутахассис ҳастед, метавонед бевосита ба доктор Қурбоналӣ Мирзобеков, яке аз осебшиносони ботаҷрибаи кишварамон дар Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунед.

Доктор Мирзобеков бо маҳорати баланди касбӣ ва имконоти фарохи бемористон дар муоина, ташхис, анҷом додани амалҳои ҷарроҳиву шикастабандии буғуму устухонҳо ва эндопротезгузорӣ ҳамто надорад.

Ин ҷарроҳи шикастабанд бахши умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2006 ба итмом расонд. Баъди хатми донишгоҳ муддати чанд сол дар бахши осебшиносии Маркази миллии ҷумҳуриявии маъруф ба Қарияи боло ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ ба унвони пизишки умумӣ фаъолият кард. Кор бо кӯдакони осебдида дар Бемористони Қарияи боло доктор Мирзобековро водор кард, ки маҳорати шикастабаниро низ аз худ кунад.

Аз соли 2009 то 2012 дар кафедраи осебшиносии Қарияи боло давраи ординатураро гузаронда, баъди ба итмом расондани он дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун осебшинос шурӯъ ба фаъолият кард.

Барои такмили ихтисос ба унвони ҷарроҳи осебшинос дар Бемористони Беъсати Ҳамадони Эрон борҳо омӯзиш дидааст. Вижагиҳои кор бо таҷҳизоти навини ҷарроҳӣ, аз ҷумла эндопротезгузориро дар Испониё омӯзиш дидааст.

Амали пайвандсозӣ ва ивази буғуми косу рон, зону, бозӯ, банди даст, ҷарроҳиҳои шикастагии устухонҳо бо равишу таҷҳизоти навини бахши осебшиносӣ анҷом медиҳад.

Табобати консервативии андомҳои такя ва ҳаракат, бемории кокстартроз, артрози буғуми зону, бемории Hallux Valgus, дардҳои қисми гардан, қафаси сина, камар ва сутунмуҳра, остеохондроз, шикастагии нодуруст сабзидаи устухонҳои дасту по ва муолиҷаи деформатсияи устухонҳо аз тавоноиҳои доктор Қурбоналӣ Мирзобеков ҳастанд.

Рӯзҳои пазириш аз душанбе то шанбе аз соати 8:00 то 12:00

ФОТО