БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Робитаи ҷинсӣ ва бемориҳои дилу раг

Кардиологи бемористон, 

доктор Малика Юсупова.

 

Пӯшида нест, ки ҳаёти маҳрамона яке аз паҳлӯҳои муҳими зиндагии инсон мебошад. Дар зеҳнияти мардуми мо, ки тарбияи хос гирифтааст, дар ин бобат савол додан душвор аст.

 

Мо бо назардошти саволҳое, ки беморон аз пурсиданашон эҳсоси шарму нороҳатӣ мекунанд, ин матлабро омода кардем.

Таъсири алоқаи ҷинсӣ ба системи дилу раг аз се омил вобастагӣ дорад:

1. Фаъолияти ҷисмонӣ;

2. Авҷи эҳсосот;

3. Ихроҷи ҳормонҳо;

Ҳамаи ин омилҳо ба кори дил ва рагҳо таъсири хеле назаррас мерасонанд. Ҳарчанд ин омилҳо дар алоҳидагӣ ба кори дил ва рагҳо таъсири чашмрас гузоранд ҳам, вале вақте дар якҷоягӣ бо печидагии хос рӯиҳам мешаванд, ба системи дилу раг фишори бузург ворид мекунанд. Аз ин хотир ҳангоми алоқаи ҷинсӣ сатҳи фишори шараёнӣ якбора ба таври назаррас боло меравад, шумораи таппиши дил зиёд мегардад, ва дар натиҷа фаъолияти дилу рагҳо пуртуғён мешавад.

Ашхосе ки солиманд, ин туғёнро бе ягон мушкил паси сар мекунанд, аммо нафароне, ки гирифтори ин ё он бемории системаи дилу раг ҳастанд, мумкин аст дучори мушкилоти гуногун аз қабили фишори болои хун, таппиши зиёди дил, нафастангӣ ё худ хуруҷи бемориҳои ҷойдошта гарданд.  Албатта, ин маънои онро надорад, ки шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ҳаргиз набояд муносибати маҳрамона дошта бошанд.

Риояи  дастурҳои сода, ки мо дар поён ҳатман номбар хоҳем кард, метавонанд ба осонӣ барои баргаштан ба тарзи ҳаёти маъмулӣ ба ин маризон кӯмак расонанд.

Агар шахс аломатҳои авҷи бемори мисли фишори номӯътадили хун, дардҳои қафаси сина ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ ва ё хусусан дар оромӣ, ҳангоми ҳаракати андак авҷ гирифтани нафастангиро дар худ мушоҳида кунад, аз ҳама гуна фаъолияти сангини ҷисмонӣ, аз ҷумла алоқаи ҷинсӣ бояд худдорӣ варзад.

Бемор бояд мунтазам аз муоинаи мутахассис гузарад, то пас аз гузаронидани ташхисҳои лозима,  пизишк тавонад қобилияти коршоямии ӯро муайян созад. Масалан, бо гузаштани ЭХОКГ ва тести варзишӣ мутахассис тобоварии шахсро ба фаъолияти ҷисмонӣ дақиқ менамояд ва дар ин асос метавонад тавсия диҳад, ки бемор то чӣ андоза барои иҷрои фаъолияти ҷисмонӣ, аз он ҷумла ҳаёти маҳрамона, омода аст. Бемор набояд аз пурсидани суолҳои худ аз мутахассис истиҳола кунад.

Муҳим аст, ки қабули доруҳои тавсияшуда саривақт ва мунтазам сурат бигирад.

Бояд қайд кунем, ки насли қадими доруҳое ки барои беморони дилу раг тавсия мешуданд, ҳисси шаҳвониро заиф месохтанд, вале насли ҷадиди ин доруҳо таъсири манфии дар боло зикршударо надоранд.

Дар сурати пеш омадани ҳар мушкиле, дар заминаи қабули ин ё он дору, бояд ҳатман бо пизишки табобатӣ машварат кард, то мутахассис тавонад доруро иваз намояд. 

Ногуфта намонад, истеъмоли доруҳои бедоркунандаи ҳисси шаҳвонӣ (масалан доруи маълуму маъруф- силденафилро, ки бештар бо номи виагра шинос аст) якҷоя бо нитратҳо, ки барои бартараф кардани дардҳои стенокардиявӣ кӯмак мекунанд, қатъиян мамнӯъ аст, чунки дар ин ҳолат эҳтимоли пеш омадани оризаҳои вазнин боло меравад.

Қабули контрасептивҳо метавонад боиси ғафсшавии хун, болоравии вазн ва сатҳи фишори шараёнӣ гардад. Бори дигар таъкид кардан зарур аст, ки ҳар як дору  танҳо пас аз маслиҳати мутахассис бояд истеъмол шавад. 

Беморӣ ин нест, ки ба зудӣ таслим шавему аз зиндагии рӯзмарраи худ канор биҷӯем, беморӣ фурсате барои ҷустуҷӯи роҳҳои нави муносиби пешбурди рӯзгор мебошад.

ФОТО