БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бемористони «Ибни Сино»: иқболи беморон.

 03-05-2013 Тасаввур кунед, ки шумо нигаҳбони ганҷи бебаҳоед ва маҳфуз доштани он  вазифаи асосии шумост. Дар гумон аст, ки муҳофизатионро ба ҳар кас бовар мекунед, ҳамин тавр не? Саломатии инсон низ ганҷи бебаҳои ҳар яки мост.Ҳар инсоне, ки онро бебаҳо меҳисобад,  дар интихоби бемористону пизишкон низ хирадмандона рафтор менамояд, то ин ки саломатиаш ҳаргиз бебақо нагардад. Пӯшида нест, ки духтури босаводу кордида дар ҳар қадам вонамехӯрад ва дарёфти онҳо дар айни замон иқболбаландист

. Дар назди духтурони донову таҷрибадор муолиҷа гирифтан бошад, хушбахтии бузургест. Ва акнун, дар Тоҷикистон бемористоне арзи вуҷуд намудааст, ки бо дастгоҳҳои пурқудрату замонавӣ муҷаҳҳазбуда, он ҷо пизишкони таҷрибадору аз навовариҳои илми тиб бархурдор фаъолият мебаранд. Ин бемористон ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, номи Ибни Синоро дорад.  

Фаъолияти пизишкони  ин бемористон  дар соҳаи тибби Тоҷикистон табаддулоти куллиеро ба миён овард. Маҳз дар ҳамин ҷо аввалин амалиётҳои ҷарроҳии интервентсионӣ, ба ном    «ҷарроҳиҳо бидуни истифодаи нишгарду теғ»  гузаронидашуда,тӯли се соли мавҷудияти бемористон аз нисфзиёди ҳамаи амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҳамин тариқ   ба сомон расонида шуданд. Мутаносибан, ҷараёни шифоёбии беморон низ дар истифода аз ин усулҳо тезтар мегузарад.

Тибқи омор, бемориҳои рагу дил дар дунё яке аз бемориҳои маъмултарин ва сабаби асосии фавти бармаҳал дониста шудаанд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти асосии Бемористони Ибни Сино маҳз ба расонидани ёрии баландсифати кардиологӣ ва кардиохирургӣ бо истифодаи технологияхоинавини тиббӣ равона шудааст.

Ба шарофати истифодабарии усулҳои ҳозиразамони муоина ва муолиҷа ба мисли коронарография ва ангиопластикаи раги дил, духтурон ба беморони рӯҳафтода умеди зиндагӣ мебахшанд.Аз дастгоҳҳои замонавӣ истифода бурда, пизишкон бемориро дақиқ ташхис мекунанд ва муолиҷаи таъсирбахш таъин менамоянд, ки ин қадами аввалин ба зиндагии комилу солим аст.

Дар Бемористони Ибни Сино  то ин дам  бештар аз якуним ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидашуда, бештарашон бори аввал дар Тоҷикистон татбиқ гардиданд. Амалиётҳои ҷарроҳии Бенталл, Галлен, валвуопластика бо истифодаи баллон ва дигар ҷарроҳиҳои мураккаб, ки  то ин дам  фақат дар бемористонҳои кишварҳои мутараққӣ иҷро мешуданд, алҳол дар ин бемористон кори ҳамарӯза ба ҳисоб меравад.Тартиби кор натанҳо ҳангоми гузаронидани ҷарроҳиву ташхис, балки дар марҳилаи шифоёбии беморон низ, ба танзим дароварда шудааст. Барномаи махсуси эҳё барои ҳар дардманд, ки баъди ҷарроҳӣ пешниҳод мешавад, барои зудтар ба ҳаёти комил баргаштани маризон хеле хуб мусоидат менамояд.

Яке аз  қисматҳои бузурги бемористон-шӯъбаи урологӣ мебошад. Бояд иброз дошт, ки барои дармони ҳар як беморӣ, аз ҷумла маризиҳои идрор, ташхиси бармаҳал хеле муҳим аст ва ин гунна ташхис танҳотавассути таҷҳизоти гаронбаҳои замонавӣ ва дақиқ имконпазир мебошад. Бемористони  Ибни Сино  дорои ин гунна таҷҳизотҳост ва мутахассисони корозмуда тасмим гирифтаанд,ташхису табобати баландсифати бемориҳои урологӣ барои тоҷикистониён дастрас бошад.Яке аз комёбиҳои нодири духтурони ин шӯъба гузаронидани амалиётҳои эндоурологӣ,яъне амалиётҳо бидуни буридани бадан мебошад.

Бемористон аз  хадамоти гуногунихоси чунин маркази бузурги тиббӣ бархурдорбуда,  дорои дармонгоҳва лаборатория, шӯъбаҳои бемориҳои занона, дандонпизишкӣ,   гӯшу гулӯву бинӣ,    ангиография, ҷарроҳиҳои пластикӣ, ортопедия ,амалиётҳои нейроҷарроҳӣ ва ҳамчунин шӯъбаи ёрии таъҷилӣ мебошад.Ҳамаи дастгоҳутаҷҳизотҳои ин бемористон  ба стандартҳои ҳозиразамони ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, баъзеашон бо фармоиши махсуси бемористон истеҳсол шудаанд.

Дар Бемористони Ибни  Сино  барои ҳар як муолиҷагиранда барномаи махсуси ташхису табобат ва хизматрасонии олидараҷа пешбинӣ шудааст.  Агар шумо маҳз дар дармонгоҳи  ин ҷо аз ташхис гузаштан хоҳед, пас бидуни саргардонӣ ва сарфи вақти зиёд, ба мақсад хоҳед расид. Аз оғоз то анҷоми ташхис ва муолиҷа бароятон ҳамаи шароитҳо фароҳаманд. Аз ин лиҳоз, метавонгуфт, ки Бемористони Ибни Сино - ин маркази замонавии ташхисутабобатиест, ки тамоми фаъолияташ барои расонидани хизматрасонии олидараҷаи тиббӣ равона шудааст.

Тахассуси баланди духтурон -  афзалияти  ин маркази тиббист. Тамоми мутахассисон дар марказҳои муолиҷавии Эрон таҷриба меандӯзанд, донишу маҳорати худро дар мавриди бемориҳои мураккаб ғанӣ мегардонанд. Инчунин ба марказ мутахассисони варзидаи Эрон, Ҷопон ва Русия барои фаъолиятдаъват мешаванд.

Дар зимни пешравӣ дар соҳаи тиб, Бемористони Ибни Сино инъикосгари усулҳои хуби идора ва назорат мебошад. Танҳо дар ин марказ усули ёрии таъҷилии    «7-7-24» амал менамояд, ки   дар ҳолати сактаи шадиди дил ва ё инфаркт  беҳамтост. Ин хадамот дар муддати тамоми шабонарӯз фаъол аст ва  дар ҳолати шиддати сактаи дил метавон  дарҳол ба ин ҷо муроҷиат намуд. Дар  ин ҷошабакаи компютерии баҳисобгирии беморон васл шуда, тариқи   он  дастрасии иттилоотии муолиҷа имконпазир мегардад. Тамоми иттиллооти марбути ташхису табобат бо назардошти шарҳу баён ва маслиҳати духтурон ба  муолиҷагиранда ҳатман дастрас карда мешавад.

Пеш аз оғози муолиҷа,  шумо метавонед худро ба маблағи муайян суғурта намоед. Дар ин ҳолат имконият пайдо мекунед, ки дар муддати як сол дар бемористон бепул табобат гиред.

Мудирияти Бемористон тасмим гирифтааст, ки дар марказ шӯъбаҳои офтолмологӣ, гастроэнтерологӣ, гемодиализ-яъне тозагардонии хун ва ғайраро низ ифтитоҳ намояд.Ҳамчунин бемористон ташкили фаъолияти илмӣ-маърифатиро низ ба нақша гирифтааст, кисоҳаҳои кардиохирургия, кардиологияи инверсионӣ боназардошти расонидани ёрии тиббӣ аз ташхиси аввалин   то ба марҳилаи солимии комили бемор,ҳамчунин ёрии ташкилӣ-методӣ ва машваратиро  дар бар мегирад.

БемористониИбниСино - ин сатҳи баланди табобати пурсамараст!  Дар се соли мавҷудияташ, бемористон   ба арзишу анъанаҳои худ содиқаст. Ҳар як муолиҷагирандаро   дар ин ҷо бо ғамхории инфиродӣ фаро гирифта мешавад ва воситаҳои дармони худро пайдо мекунад.

ФОТО