БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Дар Бемористони Ибни Сино бахши гемодиализ ба фаъолият шурӯъ намуд

  25-05-2013 Муассисон ва маъмурияти Бемористон дар назар доранд, бо насби дастгоҳи навтарин, беҳтарин лавозим ва маводи якбормасрафи тавлиди Олмон ва Эрон ва мутахассисони варзидаи хориҷию ватанӣ ба мушкили беморони норасоии музмини гурдаи Тоҷикистон, ки ниёз ба диализ доранд, расидагӣ кунанд.

 

Беморони норасоии музмини гурда ва ё онҳое, ки баъд аз ҷарроҳӣ, гурдаашон ногаҳон аз фаъолият мемонад, эҳтиёҷ ба гемодиализи фаврӣ доранд. Чунин беморон имкон ва фурсат нахоҳанд дошт, пайваста (ҳафтае ду ё як бор) ба марказҳои дармонии хориҷӣ сафар кунанд. Дар ин ҳол, то кунун дар пойтахти Тоҷикистон танҳо як маркази гемодиализ вуҷуд дорад. Бахши гемодиализи Бемористони Ибни Сино дувумин чунин марказ дар Душанбе хоҳад буд.

ФОТО