БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мутахассиси маъруфи эронӣ -нейрохирург Бахтиёрӣ Аббос чахоршанбе 25-уми июн ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад

  Бахтиёрӣ Аббос – нейрохирурги маъруфи эронӣ дар Бемористони Ибни Сино аз 25-уми июн ба табобати беморони асаб, сутунмӯҳра ва чурраи сутунмӯҳра машғул мешавад. Қобили зикр аст, ки дар бахши нейрохирургии Бемористони Ибни Сино бо ширкати ин мутахассис амалҳои зиёди ҷарроҳии асаб ва сутунмӯҳра анҷом дода шуданд, ки дар кишвар назир надорад.

Таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ва теъдоди муроҷиаткунандагон  ба ин бахши бемористон низ афзун гардида истодааст. Шахсоне, ки гирифтори бемориҳои асаб ва чурраи сутунмӯҳра ҳастанд, метавонанд худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд. Дар ин бахш чунин намуди амалҳо анҷом дода мешаванд: амали  ҷарроҳии асаб дар мавриди чурраи байнимӯҳраҳои сутунмӯҳра; ламинектомия, фораминотомия,  дискектомия; спондилолистез (бартараф намудани бечошавии мӯҳраҳо бо воситаи CD); спондилолиз    (бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо воситаи CD).

ФОТО