БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ҷаҳонро бо чашми равшан нигаред!

   Модар вақте писарашро ба Бемористони Ибни Сино овард, шояд он қадар боварӣ надошт, ба ин дараҷа чашми ҷигарбандаш ҷарроҳию табобат мешавад, ки аз чашми солимаш умуман фарқе надошта бошад! Зеро, тибқи суханони модари Шамили 10-сола, ӯ дар дусолагӣ, пас аз гузаронидани воксин ба страбизм (олусӣ) мубтало шуда, кӯшиши 8-солаи волидонаш барои табобат натиҷаи дилхоҳ надодааст.

   Мутобиқи мутолиоти анҷомдодаи донишмандон, инсон 90%-и маълумотро дар бораи гирду атроф ба воситаи чашмҳояш дарк менамояд. Қадимиён ҳафт табақаи чашмро ба табақаҳои ҳафт осмон монанд кардаанд. Дидану назора кардан ва хондану донистану огаҳ шудан ҳама аз шарофати чашм аст. Аммо чашм ҳам мисли дигар узвҳо ниёз ба муроқибат, тамрин ва табобат дорад. Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои

баланд ва вазъи номусоиди муҳити зист умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба чашмони мо бетаъсир намемонанд. Дар бораи бемориҳои чашм, нигоҳубин ва табобати он сӯҳбате доштем бо офтомологи Бемористони Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

   - Солҳои охир коҳиши нерӯи биноии чашм ҳарчи бештар мушоҳида мешавад. Чӣ омилҳое сабаби хирагии чашмҳо мешаванд ва оё инро метавон беморӣ номид?

   - Бояд арз кунам, ки чашми ҳеҷ кас якбора хира ва ё камбнин намешавад. Омилҳои муассир ба ин амр хеле зиёданд, ки муҳимтарини онҳо риоя накардани гигиенаи босира, таъсири манфии васоили электронӣ (компютер, телевизор, телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)), инчунин касалиҳо, инфексияҳо ва осебҳои мухталиф мебошанд. Ҳатто норасоии ғизо низ метавонад сабаби пайдоиши бемориҳои чашм бошад.Бисёре аз ин сабабу омилҳо дар сурати пешгирӣ ва дармон нашуданашон ба нобиноӣ оварда мерасонанд. Масалан, бемориҳои оби марворид (катаракта), фишорбаландии чашм (глаукома) дар сурати табобат накардан ба он мунҷар мешаванд, ки инсон тамоман биноияшро аз даст медиҳад.

   - Мухтасар дар бораи афзалияту бартарии таҷҳизоти замонавӣ, ки аз он истифода мебаред, маълумот медодед.

   - Дар воқеъ, дастгоҳҳои тиббие, ки дар бемористони мо барои ҷарроҳии чашм истифода мешавад, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи тиббии байналмилалӣ беҳтарин ва муассиртарин дастгоҳҳои соҳа дониста шудаанд. Чун дар бораи таҷҳизоти мудерн пурсидед, ман метавонам чандтои онҳоро инҷо зикр кунам:

   1. Визометрия, ки тавассути он мизони биноии чашм муайян карда мешавад.

   2. Авторефкератометрия - таҳқики компютерии қарнияи чашм, ки дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавии биноии чашмро муайян менамояд.

   3. Ретиноскопия - азназаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳоиқаъри чашм.

   4. Биомикроскопия - муоинаи қисмҳои пеши кураи чашм (қарния, рагҳои навпайдошуда, хирашавии булӯрак ва ҷирми шишамонанд).

   5. Тонометрия - чен кардани фишори чашм.

   Агар ба бемор гирифтани айнак зарур шуморида шавад, дастгоҳи линзметрияметавонад барои муайян намудани дараҷаи айнак кӯмак расонад.

   - Дар мавриди табобати беморони чашм чӣ гуфта метавонед? Оё нархи табобат барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣқобили қабул аст?

   - Дар ин замина, роҳбарияти бемористон бо ҳамроҳии ширкати «Суғурати миллӣ» барномаеро роҳандозӣкардааст, ки харҷи беморонро бамаротиб камтар мекунад. Ба таври мисол, бо суғурта шудан ба маблағи ҳамагӣ 150 сомонӣ шумо метавонед дар давоми як сол худ ва наздикони худро аз хидматҳои сифатан баланд бо нархҳои муносиб баҳравар созед. Дар мавриди табобат бошад, бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо метавонем тамоми бемориҳои чашмро дармон кунем. Табобати беморон аслан ба ду қисм ҷудо мешавад: консервативӣ ва ҷарроҳӣ. Дар бемористони мо бемориҳои зайл аз тариқи консервативӣ ва ҷарроҳӣ дармон карда мешаванд:

   - илтиҳоби мултаҳими бактериявӣ, вирусӣ ва аллергикӣ;

   - табобати астигматизм бо интихоб намудани оинаҳои сферикӣ ва силиндрӣ;

   - олусии (страбизм) чашми кӯдакон (модарзодӣ) ва бар асари оризаҳои асабӣ;

   - оризаҳои эндокринологии кӯдакон ва наврасон;

   - табобати консервативии доғҳои дегенеративӣ ва дистрофия дар шабакия;

   - табобати тағйироти синнусолӣ дар қисмҳои пеши курраи чашм;

   - табобати ретинопатияи дибетикӣ;

   - табобати оризаҳои ҷоғари заҳролудшуда.

   - Оё мушоҳида мешавад, ки сафи муроҷиаткунандагон сол то сол афзоиш меёбад?

   - Албатта, сатҳу сифати табобати мо хеле баланд аст, инро худи беморон низ метавонанд тасдиқкунанд. Мо бо тамоми бемороне, ки инҷо табобат мегиранд, пас аз табобат ҳам доимо дар тамос ҳастем, машварату маслиҳат медиҳем ва агар зарур шавад, онҳоро боз барои идомаи дармон даъват мекунем. Ба бемористони мо аз хориҷи кишвар низ барои табобат меоянд, ки ин бешак ифтихори мо ва натиҷаи эътирофи дигарон мебошад. Тайи ду соли фаъолият бахш қабул, муоина, муолиҷаи беморони чашмро бо сифати баланд ва дараҷаи олӣ анҷом дод. Дар ин муддат 1105 нафар беморони чашм ба мо муроҷиат карданд, ки аз ин теъдод ҳудуди 60 нафар ҷарроҳӣ шуданд ва шукри Худо, пурра табобат ёфтанд.

   Дар ҳамкорӣ ва бо роҳбарии духтури пуртаҷрибаи Эрон доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ якчанд ҷарроҳӣ гузаронида шуд, ки аз тарафи шаҳрвандониҷумхурӣ хуб истиқбол гардид. Ин ҷо ба як нукта таваҷҷӯҳбояд кард, ки ташрифи табибони машҳур ва эътирофшуда аз тарафи роҳбарияти бемористон ба роҳ монда шудааст, то мардум имкон пайдо кунанд аз табобату маслиҳату машварати онҳо баҳраманд гарданд. Ташрифи ин гуна табибон чанд рӯзе беш тӯл намекашад. Дар ватанашон беморони зиёд доранд, ки моҳҳову ҳафтаҳо барои қабул навбат мепоянд ва маҳз робитаи хуби инсонӣ дар миёни роҳбарияти бемористон ва эшон ва муроъоти ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ аст, ки онҳо даъвати моро мепазиранд. Беморони чашм бояд аз ин фурсатҳои муносиб истифода баранд.

   Инсон пеш аз ҳама бояд ба қадри саломатии худашу наздиконаш бирасад.

ФОТО