БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бемористони Ибни Сино: арақи бадан ва фарбеҳиро низ нест мекунем!

   Тобистону  гармшавии ҳаво ба арақ кардани зиёди бадан ва  натиҷаҳои  нохуши он – бадбӯӣ ва нороҳатӣ  мешавад.  Ҳарчанд араққунӣ худ беморӣ набошад ҳам,  метавон арақ кардани зиёдро нишонаҳои баъзе бемориҳо  тахмин зад.  Арақ  метавонад натиҷаи  фишори баланд, дарди узвҳо бошад   ва гоҳе модарзодӣ низ мешавад!

            Аммо шумо метавонед аз ин омили бадбуйӣ ва хиҷолат раҳо бишавед,  мо дар ин амр  ба шумо мадад мерасонем!

            Дар Бемористони Ибни Сино арақи бадан ва зери каш бо истифода аз технологияи м

удерн саҳлу осон ва фавран  рафъ карда мешавад!

Бунафша Ҳайдарӣ - мушовири бахши зебоии бемористон  таъкид  кард,  ин амал  зуд ва беосеб анҷом  мешавад: - Мо бо тазриқи бутокс, маводи тибии дар ҷаҳон маъруф, ки ягон ориза ва пайомади нохуш надорад, ин амалро  анҷом хоҳем дод.

            Ва аммо бар хилофи арақрезии бадан  фарбеҳӣ  беморист. Сатҳи  чарбии бадан ва мизони давраи шикам аз меъёри тасдиқ намудаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  гузашта бошад ин аллакай нишонаи фарбеҳист!  ВMI меъёрест, ки вазни бадан бо килограммро ба мураббаъи қад тақсим мекунанд. Нишондод бояд,  на бештар аз 25 бошад! Ба таври мисол агар вазни шумо 95 киллограм бошаду қадатон 1 метру 75 сантиметр ВMI-и шумо 31 мебарояд, ки ин фарбеҳ будани шуморо аниқ мекунад! Фарбеҳӣ аз назари зоҳирӣ ҳам зебо нест, ҳатто барои интихоби либоси шинам соатҳо дар мағозаву дуконҳо  саргардону овора бояд шуд,  ҷой  пайдо кардан дар хонаву васоли нақлияи  мусофирї  ва шину хези ба азоб “самара” - и фарбеҳӣ мебошанд. Аммо аз нигоҳи тиббӣ зарари фарбеҳї боз  бештар аст: пеш аз ҳама миён ва сутунмӯҳра зиён мебинанд, сониян зонуҳо низ ба дард гирифтор мешаванд. Узвҳои ҳозима бошад, дар натиҷаи чарбӣ ва равған гирифтан дуруст фаъолият карда наметавонанд.

            Хонум  Ҳайдари  дар охири суҳбатамон қайд кард,  ки дар Бемористони Ибни Сино   фарбеҳиро хам рафъ кардан мумкин аст: бо танг намудани меъда шумо бо иштиҳои қозгир якумр хайрбод мегӯед! Дар  ин амал ҳаҷми меъда хурд карда шуда, аз ҳормони гуруснагӣ, ки герлен ном мебаранд, пешгирӣ карда мешавад!  Инчунин чарбиҳои бадан бо роҳи липоксатсия ва ҳам бо истифода аз нури лазерӣ нест карда мешаванд! Фарбеҳиҳои  дасту  рон низ бо беҳтарин шева ва  дар кўтоҳтарин муҳлат рафъ карда  мешавад.

            Имрўзҳо   бисёр мухлисони зебоию ҷавонию солимӣ барои ҷарроҳиҳои пластикӣ, бо харҷи вақту маблағи ҳангуфт ба хориҷа мераванд,  дар ҳоле, ки Бемористони Ибни Сино ин хизматрасониҳоро дар Ватан, дар хона,  пешкаши мизоҷони худ мегардонад! 

ФОТО