БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Хирагии чашмро оҷилан рафъ мекунем!

Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзоъи  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама омилҳо  ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Вале оё метавон ин авоқиби номусоидро бартараф кард? Дар бораи бемориҳои чашм, нигоҳубин ва табобати он сўҳбате доштем бо офтомологи Бемористони  Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

          - Чӣ сабаб мешавад, ки чашмҳо хира мебинанд, инро метавон беморӣ  ном бурд?

         Сабабҳо хеле  зиёданд:  риоя накардани  гигиенаи босира,  таъсири  воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ)  ба чашм, инчунин бемориҳо,  инфексияҳо ва осебҳо.

Ҳатто норасоии  ғизо низ метавонад  омили бемориҳои чашм бошад.   Шарти авали табобат ташхиси беморист. Ин аст, ки беморон, зери дастгоҳҳои навтарини тиббии сохти ширкатҳои аврупоӣ  пурра  ташхис мешаванд ва  пас аз дақиқ гардидани сабаби пайдоиши коҳиши биноӣ  ва ангезаҳои дарди чашм, ба табобат  фаро гирифта мешаванд.

         Дар давоми камтар аз ду соли фаъолияти бахши мо 1105 нафар  ниёзмандон қабул карда шуда,  мушовира  гирифтанд ва аз  ҷумла, 58 бемор ҷарроҳӣ  шуда, муолиҷа ёфтанд.

         - Тибқи омор, шумори зиёди ҷарроҳишудагон олусчашмӣ доштаанд. Сабаби ин беморӣ чист?

         Узвҳои ба ҳаракатдароварандаи биниши чашм механизми мураккаберо ташкил медиҳад, ки чашми инсон ба воситаи ҳаракат ва ҳам ҳиссиёти худ, олами берунаро дарк менамояд. Дар ҳолати вайроншавии функсияҳои чашм чунин ҳолатҳо руй медиҳанд, ки он ба нодуруст ҷойгиршавии курраи чашм (олусчашмӣ), маҳдудшавӣ ва ё ҳаракат накардани узвҳои босира (аз ҳаракат мондани мушакҳои чашм) оварда мерасонад.

         Дар Бемористони Ибни Сино  20 нафар гирифторони ин беморӣ  ҷарроҳӣ шуданд,  ки 16 нафарашонро кӯдакон ва ноболиғон ташкил медиҳанд.

         Ҷарроҳии чашм дар бемористон таҳти  роҳбарии чашмпизишки пуртаҷрибаи Эрон – доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ  анҷом мешавад

         -Бешак табобати бомувафақият ба таҷҳизоти навтарин низ марбут аст. Дар бемористон аз кадом дастгоҳҳо истифода мешавад?

         Дар Бемористони Ибни Сино бо истифода аз дастгоххои мухталиф усулхои мухталифи ташхиси беморихои чашм амали мешавад, ки чанде аз онхоро номбар мекунем:

         1. Визометрия- барои муайян намудани тезбинии чашм

         2. Авторефкератометрия –таҳқики компютерии  карнияи чашм, ки дар чанд дақиқа дараҷаи пастшавии тезбинии чашмро муайян менамояд

         3. Ретиноскопия-азназаргузаронии  қаъри чашм  ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти  таҳқиқи шабакия , ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои  қаъри чашм .

         4. Биомикроскопия- муоинаи қисмҳои пеши кураи чашм (қарния,рагҳои навпайдошуда ,хирашавии булўрак ва ҷирми шишамонанд,

         5. Тонометрия- чен кардани фишори чашм

         Агар ба бемор гирифтани айнак зарур шуморида шавад, дастгоҳи линзметрия метавонад барои  муайян намудани дараҷаи айнак кӯмак расонад.

         Дар  Бемористон барои безарар  кардани таҷҳизот  аз маҳлули deconnex кор мегирад, ки 100%  аз сирояти маризиҳои асри 21 , аз қабили  бемориҳои гузарандаи Гепатиту ВИЧ  кафолат медиҳад! Дар тамоми бахшҳои бемористон васоили якмасраф истифода мешавад.

                 Дар мавриди табобат бошад, бо итминони комил гуфта метавонам, ки тамоми бемориҳои вобаста ба чашмро мо метавонем табобат кунем!                   

ФОТО