БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

    Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Озмоиши босифат, зуд ва дақиқ

Калимаи ҳормон аз юнонӣ гирифта шуда, маънояш «бедор кардан, ба шӯр овардан мебошад». Ҳормонҳоро ғадудҳо ба вуҷуд меоранд, чи дар меъда, чи дар гулӯ ва чи дар мағзи сар.

Умуман, дар организми инсон 100 намуди ҳормон фаъол аст, ки нуқсон пазируфтани яктои онҳо сабаби норасоии дигар ҳормонҳо мешавад. Норасоии ҳормонҳо дар организми инсон боиси дигаргуниҳои манфӣ мешавад. Ба таври мисол, агар дар организми зан ҳормони мардона инкишофи аз ҳад зиёд дошта бошад, ин зан дар рафтору гуфтор низ ба мардон монанд мешавад ва баръакс. Бештар будани ҳормони мардина ба

занҳо оқибатҳои фоҷиабор ҳам метавонад дошта бошад, ҳатто мумкин аст ба бемории саратони бачадон оварда расонад, чун организм кӯшиш мекунад аз ин ҳормонҳо наҷот ёбад, аммо тавоноияш кифоят намекунад.

Дар ин амр Бемористони Ибни Сино ба шумо мадад мекунад!

Дар шуъбаи озмоишгоҳи бемористон ба беморони гирифтори норасоии ҳормонӣ ба таври зуд ва босифат хидмат расонида мешавад. Озмоишгоҳ имкон дорад сатҳ ва сифати ҳормонҳоро дақиқ муайян намояд, ки дар асоси он беморӣ ташхис мешавад.

Озмоишгоҳ бо дастгоҳҳои мухталифи навтарин муҷаҳҳаз аст. Яке аз онҳо дастгоҳи ИФА - дастгоҳи имуноферментӣ аст, ки дар санҷидани сатҳу мизони тамоми намуди ҳормонҳо истифода мешавад. Ин дастгоҳ аз ҷумла дар амри дақиқ намудани ҳормонҳои троидӣ (Т3, Т4, ТТГ), инчунин ҳормонҳои мардонаву занона, аз ҷумла тестостерон, прогестерон, эстрадиол, ЛГ ФСГ, пролактин ва ғайра ҳамто надорад.

Мутахассисони озмоишгоҳ таҳти роҳбарии доктор Фирӯза Абдуваҳҳобова озмоишро дар сатҳи баланд ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи василаи мавриди истифода якбормасраф буда, дастгоҳҳо низ бо моеъи гаронбаҳои конекс шуста ва тамиз кардамешаванд.

ФОТО