БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

    Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Дору бояд истеъмол намуд, на номи дору!

Барои маълумот пайдо кардан дар мавриди доруҳое, ки ба Бемористони Ибни Сино ворид ва истифода  мешаванд  сўҳбате доштем   бо менеҷери хариди дору ва васоили тиббии  ин бемористони  машҳур, Фарзона Абдуллоева, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Сараввал фаҳмидан мехостем, ки ҳамаи доруҳои шумо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид мешаванд, ё бо  кишварҳои дигар  низ додугирифт доред?

 -Дуруст фармудед, 90% доруҳо ба бемористони мо аз Эрон ворид карда мешаванд.   Ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору ва  маводи тиббии аълосифати   Амрико,  Олмон, Туркия,  Испания  ва чанд мамолики дигар  низ аз ҷумлаи  шарикони мо  мебошанд.

Мо мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ  фаъолият анҷом медиҳем ва  ҳам  дору,  ҳам маводи тиббии масрафӣ, ки ворид мекунем, ҷавобгўйи стандартҳои байналмилалӣ   мебошанд!

Васоил ва маводе, ки дар шикастабандиҳо ва амалҳои дигари ортопедӣ, ҷарроҳиҳои гинекологиву урологӣ  истифода  мешаванд,  низ  аз Олмону Испания ворид карда мешаванд.

- Музокироти ниҳоӣ ва имзо кардани шартнома, интихоби доруву маводи тиббӣ, бешак маҳорати баланди забондониву  кордонӣ мехоҳад.  Ин ҷарраён чӣ  гуна сурат мегирад?

- Шарикони бемористони мо  ба мо эътимод доранд ва дар сатҳи  меъёрҳои роиҷи  байналмилалӣ  бо мо муносибат мекунанд. Бештар мо  аз тариқи шабакаи интернет табодули  назар карда, ба тавофуқ мерасем ва шартнома мебандем.  Дар баробари ҷиддӣ  будан, онҳо хеле ҳассос ҳам ҳастанд. Як ҳарфи зиёдатӣ,  як калимаи беҷо метавонад ба кори мо халал ворид созад. Ба ҷуз донистани забону назокатҳои   муошират,  боз каме дипломат будан ҳам лозим аст.

-  Интихоби дору  чӣ  гуна сурат мегирад?

Аз анбори  махсуси нигаҳдории доруҳо ба мо хабар медиҳанд, ки захираи кадом номгўи доруҳо  камтар боқӣ  мондааст.  Ҳамчунин  мудирони шўъбаҳо супориш медиҳанд, аз  бахшҳои бемористон дар  Панҷакенту Хуҷанду Фархор омори лозимаро мегирем, пас аз ҷамъ кардани маълумоти зарурӣ, бо ширкатҳои ҳамкорамон  тамос мегирем  ва дар  доруҳои лозимаро супориш медиҳем ва онҳо бароямон ирсол  мекунанд.

- Гоҳе  мешунавем, ки нархи доруҳои бемористон гаронанд. Дар ин бора чӣ  андеша доред?

- Ин ҳарф  тамоман ғалат ва бемантиқ аст, нархи доруҳои мо ба истиснои чанд номгўи дору, ки камёфту гаронарзишанд,  аз нархи бозори дохилӣ   фарқ намекунад.  Вале бартарии доруҳои мо дар он аст,  ки комилан аз дасти аввал, бидуни миёнҷиҳо  дастрас карда мешавад! Бо итминон  гуфта метавонам, ки дар дорухонаи мо ягон доруи қалбакӣ  нест ва дар оянда ҳам роҳ намеёбад! Доруҳои мо дорои сифати аъло ва хеле муассир мебошанд! Касоне ҳам буданд, ки пас аз тавсияи пизишкон аз дигар дорухонаҳо дору харида, таъсири онро эҳсос накарданд ва дубора ба мо муроҷиъа карданд. Агар  мақсад аз истеъмоли дору сиҳат ёфтан  бошад, пас дору бояд истеъмол намуд, на номи дору!  Чунонки гуфтам,  доруҳои мо  пас аз муоинаи нафари муроҷиаткарда,  бо тавсияи духтурон фурўхта мешаванд,

-  Дар мавриди доруҳои мавсимӣ  чӣ гуфта метавонед?

 - Бале, мо вобаста ба мавсим ва бемориҳое, ки дар ин  фасл  хурӯҷ мекунанд  низ дору  ворид месозем. Ду –се моҳ пешакӣ  супориш медиҳем, шартнома мебандем ва шариконамон  доруҳоро бароямон  мефиристонанд.  Доруҳо дар утоқи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти  баландсифати хориҷӣ   нигоҳдорӣ  мешаванд ва аз ҷониби Хадамоти фарматсевтии кишварамон сертефикати лозима доранд.  Рўйхати  тамоми доруҳо дар компютер ҷой дода шуда, ҳангоми фурўхтан ба мизоҷон пурра таркибу хосияти он ва тарзи истеъмоли он шарҳ дода  мешавад. Тамоми ҷаҳду кўшиши мо ба он равона шудааст, ки дар таъмини беморону аҳолӣ бо дору  камбудие надошта бошем ва хушбахтона, дар ин замина то ҳол муваффақ будаем!

Ташаккур,  дар ин кори пурмасъулият ва заҳматталаб ба шумо барор мехоҳем!

 

 

ФОТО