БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Чаро бо усули Эндоскопия бояд табобат намуд?

Ҳанӯз 2500 сол қабл табибон дар мавриди усулҳои барқароргардонии ҷараёни пешоб аз обдони басташуда, бо роҳи ворид намудани найчаҳо ба роҳҳои пешобгузар фикр мекарданд. Хушбахтона, бо тараққиёт ва пешрафти илму техника, инсоният роҳҳои бартараф намудани ин бемориро низ ноил шуд. Акнун тариқи истифода аз таҷҳизоти резектор, роҳҳои пешобрави обдон боз карда шуда, ин амал зуд ва босифат иҷро карда мешавад!

Ғадуди простата ҳамагӣ 2 х 3 см. буда, 30 грамм вазн дорад. Бо гузашти вақт ва рафтани сину сол ин ғадуд хаҷман бузургтар шуда, мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад. Дар мавриди пайдоиши ин беморӣ, оқибатҳои он ва тарзи табобату имконоти мавҷудаи имрӯза суҳбате доштем бо урологи Бемористони Ибни Сино доктор Мубин Аминов, ки фишурдаи онро инҷо меорем:

Гиперполизияи хушсифати ғадуди простата, бемории урологиест, ки дар миёни мардони синну солашон бузург, бештар ба назар мерасад. Аз рӯи маълумотҳои эпидемиологӣ ин навъи беморӣ дар 40% мардони аз 50 то 60 сола, 50% - и мардони аз 60 сола боло ва дар 90%- и мардони аз 80 сола боло дида мешавад.

Асоситарин шикоят ҳангоми гиперлазияи хушсифати ғадуди простата, ин душворӣ ва дер омадани пешоб, ҷараёни сусти пешоб, ҳиссиёти пурра холӣ нашудани обдон, омехташавии хун бо пешоб, пешобкунии  мукаррар дар шаб ва инчунин бознаистодани пешоб мебошанд. Ин беморӣ бо усулҳои гуногун табобат карда мешавад, аммо беҳтаринаш усули ТУРП мебошад.

ТУРП-и простата, бардоштан аз тариқи пешоброҳ, яке аз усулҳои роиҷ ва маъмулии ҷарроҳии эндоскопии варами ғадуди простата ба шумор меравад. Ин усул «меъёри тиллоӣ» дар ҷарроҳии беморони варами ғадуди простата маҳсуб меёбад. Барои иҷрои ин амал, аз резектоскоп истифода мебаранд.. Баъди ҷарроҳӣ резектаскоп гирифта шуда ва ба ҷои он, ба дохили обдон найчаи махсуси  Фоли ворид карда мешавад.

Бартарии ТУРП нисбати ҷарроҳии кушода дар ин аст, ки ин усул: камосебтар, камҷароҳаттар, давраи баъди ҷарроҳии кӯтоҳтар буда, беморон онро хубтар таҳаммул мекунанд. Ҳадди гирифтори ба бемориҳои сироятӣ дар ин усули ҷарроҳӣ ниҳоят паст аст.

Киҳо метавонанд аз ин ҷарроҳӣ истифода намоянд:

-дар синну соли ҷавонӣ, барои нигаҳдоштани тамоюли ҷинсӣ.

-ҳангоми пайдо шудани шубҳа ба саратони простата.

-ҳангоми фарбеҳӣ ва бемориҳои системаи рагҳои дил, роҳҳои нафаскашӣ ва эндокренӣ, ҳангоми бемориҳои роҳҳои поёнии пешобгузар.

Барои муайян намудани нишонаҳо ва табобати ин беморӣ, Бемористони Ибни Сино тамоми шароитро дорост ва ҳамеша омодаи пазириши ниёзмандон аст.

Маълумоти  бештар дар бораи ин беморӣ ҳафтаи оянда дар ҳафтаномаи  «Авитсена» нашр мешавад! 

ФОТО