БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Хушхабар!

Ба таваҷҷуҳи аҳолии шаҳри Хуҷанд ва сокинони вилояти Суғд мерасонем, ки филиали Бемористони Ибни Сино дар Хуҷанд, барои дастрасии мардум ба хидматрасониҳои пешқадами тиббӣ, саннаи 17 уми апрели соли равон, сафари мутахассиси варзида ва маъруфи соҳаи ортопедӣ, профессор Саидбилол Қурбоновро ба ин шаҳр баргузор мекунад!

Ниёзмандон метавонанд аз мушовараи профессор баҳраманд шаванд ва дар сурати зарурат нуқсонҳои модарзодӣ ва ё бар асари садама бардоштаи устохонҳои дасту пой ва дигар узвҳоро бо усулҳои навтарин ҷарроҳӣ кунанд!

Аз фурсати муносиб истифода кунед ва аз машварату табобати пизишки кордидаву варзида баҳра бардоред!

Бемористон бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои анҷоми амалҳои ҷарроҳӣ шароити зарурро доро мебошад! 

Маълумоти бештар дар сайтҳои www. Ibnisino.tj ва sugurta.tj

Телефон барои маълумоти бештар: 8 34 22 5 77 33

 

 

ФОТО