БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

    Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мо табобати босифат ва босамарро кафолат медиҳем!

Одатан ба назди гинеколог занону духтарон меоянд, аммо вақте мо дохили утоқи кори мудири шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино Ситора Қодирова гардидем, он кас, бо истифода аз расму дастурамалҳо, ба ҷавоне тарзи фаъолияти бачадон ва ҷараёни ҳомилагиро мефаҳмониданд.

Ситора Қодирова аз ҷумлаи мутахассисонест, ки ба ҷуз донишу таҷрибаи андӯхта, боз дар кишварҳои Эрону Ҳиндустон, Қибриси шимолӣ бар дониши худ афзудаву аз таҷрибаи пешқадам баҳраҳо бардошта аст. Бо вуҷуди зиёд будани теъдоди ниёзмандон, арзи сипос менамоем, ки доктор вақт ҷудо карда, ба саволҳои мо посух доданд:

 

- Ҳамарӯза оилаҳои ҷавоне, ки безурётӣ ва дигар бемориҳои занона барои хушбахтии комили онҳо монеъа эҷод кардааст, ба мо муроҷиат мекунанд. Дар панҷ моҳи охир аз рӯи барномаи индуктсияи овулятсия (ҳаҷман калон кардану кафонидани тухмакҳо) ба 10 ҷавонзан хидмати тиббӣ расонида шуд, ки солҳои тӯлонӣ аз ранҷи бефарзандӣ азоби рӯҳӣ мекашиданд. Ҳамаи ин занон бомувафақият давраи ҳомилагиро ба анҷом расонида истодаанд ва дар ҳолати зарурӣ аз машварату тавсияи мо баҳраманд мешаванд. Мо бо тамоми мизоҷонамон тамоси доимӣ дорем.

- Кадом бемориҳои занона дар ин шӯъба табобат мешаванд?

- Агар гӯем, тамоми бемориҳои занона табобат карда мешаванд, хато намекунем. Илова бар ин тармими эстететикӣ ва коректсияи берунаи узвҳои гениталӣ дар сурати фуромадани девораи пешу паси маҳбал (рентоселлия, систатселия) анҷом дода мешавад. Табобати безурётӣ бо роҳи найчавӣ: гистеросалринграфия (рентгени найчаҳои тухмгузар), пертубатсия (ворид кардани ҳаво ба найчаҳо барои кушода кардани найчаҳо ҳангоми безурётии найчавӣ), синпинголизиси лапароскопӣ (ҷарроҳии лапароскопии найчаҳо) ба таври комил ва бо сифати баланд дар мо анҷом дода мешавад.

- Кадом намуди ҷарроҳиҳо гузаронида мешавад?

- Дар шӯъба барои анҷоми амалиёти ҷарроҳии гуногун аз таҷҳизоти лапароскопӣ ва гистероскопӣ истифода шуда, барои табобати беморони гинекологӣ ба таври ҳатмӣ асбобҳо як маротиба истифода мешаванд. Ҷарроҳиҳои миомаи бачаддон, миомэктомияи консервативӣ, яъне нест кардани миома тавасути амали лапароскопӣ ва гистероскопӣ бо ҳифз намудани танаи бачадон низ дар муддати кӯтоҳ анҷом дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки аксари ин амалҳо дар филиалҳои бемористони мо (Хуҷанду Фархор) низ ба субут расонида мешаванд.

- Қимати ин амалиётҳо чанд аст?

- Вобаста ба намуди беморӣ, қиммати табобату ҷарроҳӣ ҳамгуни дигар муассисаҳои тиббии кишвар аст. Муоинаи аввалияи табиб ҳамагӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Машварат ва маслиҳати якҳафтаина низ ба ин 50 сомонӣ дохил мешавад. 

ФОТО