БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЯТРОГЕНӢ ЧИСТ?

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида.

     

    Ятрогенӣ (аз юнонии қадим ἰατρός "табиб" + γενεά "таваллуд") - бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ё равонии бемор аст, ки  бо сабаби саҳлангории мутахассиси соҳаи тибб рух медиҳад.

     
  • БЕМОРИИ ҶОҒАР

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббос Тавакуллиён.

     

    Бемории ҷоғар, яъне ғадуди сипаршакл аз андоза калонтар шудан аст. Дар сурати ботаҷриба будани табиби эндокринолог метавонад тағйироти андозаи ғадуди сипаршаклро бо муоина ташхис гузорад. Дар сурате, ки табиб натавонад бо муоина андоза ва хусусиятҳои зобро муайян созад, он гоҳ тавассути УЗИ метавонад онро муайян созад.

     
  • НОҲАНҶОРИИ (АНОМАЛИЯИ) ЭБШТЕЙН

    Ноҳанҷорӣ ё аномалияи Эбштейн бемории нодирӣ модарзодии дил мебошад. Ин беморӣ миёни тамоми иллатҳои модарзодии дил 1% ро ташкил медиҳад. Бемории мазкур бори аввал аз ҷониби осебшинос (потологоанатом) Эбштейн тавсиф гардидааст. Ҳангоми ин иллат, девораҳои қапқоқои рости даҳлези дил, на аз ҳалқаи даҳлезӣ-меъдачавӣ, балки аз девораҳои меъдачаи рост берун меоянд ва ба пуррагӣ ҷафс намешаванд (норасоии қапқоқи трискупид).

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Маъруфтарин чашмпизишки хориҷӣ дар беҳтарин бемористони кишвар!

Ба таваҷҷуҳи нафароне, ки аз бемориҳои чашм азият мекашанд мерасонем, ки бо ибтикори ташкилоти «Суғуртаи миллӣ»  ва даъвати роҳбарияти Бемористони Ибни Сино, чашмпизишки маъруфи эронӣ доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ,  рӯзи 23 уми апрел, ба кишварамон ташриф меорад!

Шахсоне, ки тибқи барномаи “Ташхис”, «Табабат» ва «Амал» соҳиби пулиси суғуртавӣ шудаанд, бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» ташхис, табобат ва ҷарроҳиро бо супоридани маблағи ночиз ба даст меоранд!

Зеро  бештари хароҷоти шуморо ташкилоти  «Суғуртаи миллӣ» пардохт мекунад! 

Тибқи маълумоте, ки мутахассис шуъбаи чашмпизишкӣ Шаҳло Бобоҷонова ба мо доданд, аз соати 9 - и субҳи ҳамон рӯз, бо истифода аз таҷҳизоти мудерн ва нодир, ки бемористон бо он муҷаҳҳаз аст,табиби шинохташуда ба  қабул ва мушовараю табобати  ниёзмандон шуруъ мекунад! Иловатан меафзоем, ки аз  соати9 00 то соати1400 қабул ва муоинаи беморон сурат гирифта, боқии рӯз, пас аз ташхиси дақиқи озмоишгоҳиву компютерӣ ,ҷарроҳиҳои мураккаб ва нодиру нозуки чашм  гузаронида мешавад. Зимнан қайд бояд намуд, ки ташрифи ин доктори воломақом ҳамагӣ се рӯз идома мекунад!

Ёдрас мешавем, ки кулли лавозимоти истифодашаванда якбормаcраф буда, дастгоҳҳо комилан безарар гардонида шудаанд, ки хатари гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро тамоман аз байн мебарад!

Бо пиёда намудани ин барномаи иҷтимоӣ,яъне пешниҳоди барномаҳои ҷолиби ташкилоти “Суғуртаи миллӣ”, ҳадафи мо дастрасии хидмати пешкадами тиббӣ ба мардуми азизи кишварамон мебошад! Хушбахтона,  дар ин ҷода мо ба дастовардҳои назаррас ноил шудаем! Танҳо дар бахши бемориҳои чашм,  табобати 58 нафар бемор дар муддати се моҳи авали соли ҷорӣ гувоҳи ин иддаъоҳоянд!

Аз  фурсати муносиб истифода баред ва барои машварат ва табобату ҷарроҳӣ, худ ва пайвандонатонро номнавис намоед! То  имруз аллакай 84 нафар номнавис шуданд, ки дар ин шумора,  нафарони тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ номнавис шуда, дохил нестанд, ки бештар аз 100 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамаи касоне ки бемориҳои чашм азияташон медиҳад,новобаста аз номнавис шудан,  дар ин рӯзҳо метавонанд биёянд ва аз машварату табобати  доктори маъруф баҳраманд гарданд!

Мо мутахассиси беҳтарини  эрониро даъват кардем, то дар беҳтарин бемористони кишвар , ки тамоми шароиту имконро фароҳам сохтааст ва ҳич нуқсу норасоие аз бемористонҳои пешрафтаи аврупоӣ надорад, Шумо бе рафтан ба хориҷи кишвар, бе сарфи беҳудаи маблағу  талафи вақт, дар хонаи худ табобат бигиред!

Нафарони то ин дам  суғурташуда на 121 сомонӣ , балки ҳамагӣ бо супоридани 24 сомонӣ аз машварату тавсияи доктор баҳраманд мегарданд!  Бар замми ин,  ин нафарон бо супоридани ҳамин маблағ се рӯзи дигар метавонанд аз табобату машаварат баҳраманд гарданд!

Телефонҳо барои тамос: (+992 44) 640 01 02, (992 44) 640 01 03

ФОТО