БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Гепатити Б чист? Пешгирӣ ва дармони он чӣ гуна аст?

Хурсандиовар аст, ки тавассути ҳама гуна дастгоҳҳои нодиру замонавӣ, фаъолияти пурсамари мутахассисони варзидаи маҳалливу ҷалби пизишкони маъруфи хориҷӣ, озмоиши  ҳама намуди гепатитҳо ва табобати бемориҳои гастроэнрологӣ дар Бемористони Ибни Сино бо беҳтарин усулҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом  мешаванд.  Мавриди зикр  аст, ки доруҳои камёфти табобатӣ низ аз тарафи Бемористон таъмин мегарданд. Маърифатнок намудани  тиббии ҷомеа боиси паст шудани сатҳи бемориҳои мухталиф мегардад. Дар ин ҷода низ мо омодаи ёрию мусоидат  ҳастем.

Гепатити Б чист? Пешгирӣ ва дармони он чӣ гуна аст?

Гепатити Б як уфунати ҷиддии ҷигар аст, ки тавассути вируси Гепатити Б (HBV) ба вуҷуд меояд. Дар баъзе аз афрод ин бемори музмин шуда, боиси мушкилоти ҷиддии ҷигар аз қабили Тсиррози ҷигар ва ё саратони он мешавад. Аксари беморони мубтало ба Гепатити Б баъд аз марҳалаҳои дармонӣ, комилан беҳбуд пайдо мекунанд.  

 

Хатари гирифтор шудани   навзодон ва кӯдакон ба навъи музмини Гепатити Б  бештар аз дигарон  мебошад. Барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба ин беморӣ, метавон аз вактсинаҳои зидди он истифода бурд. Ҳамчунин, агар ба ин беморӣ гирифтор шуда бошед, метавонед бо риояти баъзе аз иқдомоти эхтиётӣ аз пахш шудани вируси Гепатити Б ва олуда шудани дигарон пешгирӣ  намоед.

Аломатњои гирифтор шудан  ба бемории Гепатити Б чӣ  гуна аст?

Аломат  ва нишонахои ин беморӣ зиёд буда, маъмулан 3 моҳ баъд аз олуда шудан ба вируси Гепатити Б зоҳир мешаванд. Аз ҷумлаи ин аломатҳо  дарди шикам, тира шудани ранги идрор, таб, дарди буғумҳо ва мушакҳо, коҳиш ва ё аз даст додани иштиҳо, ҳолати дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, беҳолӣ ва бемадорӣ, зард шудани пӯст ва ё сафедии чашмҳо ва ғайра мебошад.  Замоне, ки ҳар як аз аломатҳои зикр шударо дар худ мушоҳида кардед, барои анҷоми озмойиш ва дарёфти машварат ба пизишк муроҷиат намоед.

Тафовути Гепатити Б-и ҳод бо Гепатити Б-и музмин дар чист?

Уфунати Гепатити Б метавонад кӯтоҳмуддат (Гепатити ҳод- ногаҳонӣ ва шадид ва кўтоҳмуддат) ва дарозмуддат (Гепатити музмин) бошад.

Уфунати Гепатити Б-и ҳод камтар аз 6 моҳ тӯл мекашад. Агар беморӣ аз ин навъ бошад, маъмулан иммунитети бадан метавонад онро аз баданатон хориҷ кунад ва баъд аз чанд моҳ саломатии худро барқарор созед. Аксари бузургсолоне, ки ба Гепатити Б мубтало мешаванд, ба навъи ҳоди он мубтало мешаванд.

Уфунати Гепатити Б-и музмин бештар аз 6 моҳ тӯл мекашад. Агар, ки иммунитети бадани шумо натавонад бо вирус мубориза барад, Гепатити Б модомулумр шуда, метавонад боиси бемориҳои чиддӣ, ҳамчун сиррози ҷигар ва ё саратони он гардад. Аксари навзодон ва кӯдакони байни 1 то 5 сола, ки ба вируси Гепатити Б олуда мешаванд, дучори навъи музмини он мешаванд. Гирифторӣ  ба ин беморӣ мумкин аст то муддатҳо ва то замоне, ки фардро  дучори бемории шадиди ҷигар накардааст, мушаххас нашавад.

Роҳҳои интиқоли Гепатити Б чигуна аст?

Далели гирифторӣ  ба бемории Гепатити Б, вируси Гепатити Б аст. Ин вирус аз фарде ба фарди дигар аз тариқи хун ва ё дигар моеъоту тарашшуҳоти бадан интиқол меёбад. Замоне, ки вируси Гепатити Б вориди ҷигар шуд, ба ҳуҷайраҳои он ҳамла карда, шуруъ ба   зиёд шудан мекунад. Ин амр  боиси илтиҳоби ҷигар мешавад. Роҳҳои маъмули интиқоли беморӣ: робитаи  ҷинсии муҳофизатнашуда, истифодаи чанд нафар  аз як  сўзан, аз модар ба фарзанд, истифода аз абзори пурра поксозӣ нашуда дар соҳаи тиб.

Дармони Гепатити Б чигуна аст?

Ин дармон ба се навъ тақсим мешавад:

1. Дармон барои пешгирӣ  аз  гирифторӣ;

Дар сурате, ки  шумо дар хатари олуда шудан ба ин вирус қарор гиред, ҳарчи тезтар ба пизишк муроҷиат намоед. Дар сурате, ки то 24 соат пас аз олуда шудан Иммуноглобулини зидди вируси Гепатити Б- ро дарёфт намоед, хатари  гирифторӣ  ба бемори хеле коҳиш хоҳад ёфт.

2. Дармони Гепатити Б-и ҳод;

Агар пизишки шумо ташхис диҳад, ки шумо ба навъи ҳодди беморӣ гирифтор хастед, беморӣ худ ба худ хуб шуда ва шумо ба дармони хосе ниёз надоред. Ба ҷойи дармони беморӣ, пизишк ба дармони аломат  ва нишонаҳои беморӣ, ки ҳосили муборизаи иммунитети бадан бо беморӣ аст, тамаваҷҷуҳ мекунад.

 3. Дармони Гепатити Б-и музмин;

Дар сурате, ки шумо ба навъи музмини ин беморӣ  гирифтор гаштаед, пизишки шумо мумкин аст барои дармон аз равияҳои зер истифода кунад:

- Истифода аз анвоъи доруҳои зидди вирусӣ.

- Амали пайванди ҷигар, дар сурате, ки ҷигари шумо ба шиддат осеб дида бошад.

Чӣ гуна аз гирифторӣ  ба бемории Гепатити Б пешгирӣ  кунем?

Ваксинаи зидии Гепатити Б яке аз роҳҳои муфид ва муносиби пешгирӣ аз гирифторӣ  ба ин беморӣ мебошад.  Роҳҳои дигари  пешгирӣ  ва коҳиши хатари  гирифторӣ  ба Гепатити Б иборат аст аз:

- Худдорӣ  аз рафторҳои пурхатар ва робитаҳои ҷинсии ҳифозат нашуда;

- Тарки масрафи моддаи мухаддир ва доруҳои ғайриқонунӣ;

- Таваҷҷуҳ ба риояи гигиена ҳангоми истифода аз хадамоти салонҳои ороиши ва татту;

- Истифода набурдан аз сўзанҳои муштарак;

- Истифода набурдан аз мисвоки дандоншӯйи ва теғи риштарошии  дигарон;

            Дар табобат ва бартараф кардани ин авориз Бемористони Ибни Сино  дорои 4 бартарии комил мебошад: доро будан ба мутахассисони олидараҷа, доштани таҷҳизоти мудерн ва замонавӣ, таъмин будан бо дорувориҳои зарурӣ ва робитаи ҳасанаву муфид бо дармонгоҳҳои хориҷ.

 Ба ҷуз ин ба таваҷуҳи нафароне, ки аз бемориҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург) ва гепатит азият мекашанд, мерасонем, ки бо даъвати роҳбарияти Бемористони Ибни Сино Доктор Сиёвуш Мансурӣ, мутахассиси дараҷаи олии гастроэнторология охири моҳи апрел ба кишварамон ташриф меоранд! 

ФОТО