БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Чашмпизишк Фирдавсӣ ба табобат шуруъ кард!

Бибиоишаи чорсола баробари ворид шудан ба утоқи чашмпизишкӣ дав-давон худро ба оғӯши доктор Фирдавсӣ партофт! Доктори маъруф низ ӯро ба зудӣ шинохта ба оғӯш гирифт ва аз чашмонаш ба меҳр буса зад. Лаҳзае пас духтарчаи тахминан 10 сола низ бо табассуми зебо вориди утоқи чашмпизишкӣ гардид. Доктор ӯро низ падарвор ба оғӯши меҳр гирифту пас аз ташхиc (Офталмохромоскопия- таҳқиқи қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсуси ранга) хулоса баровард: -Оли! Мушакҳои чашмон ҷо ба ҷо шудаанд ва дигар хафве боқӣ намонда! Бибиоша ҳам комилан шифо ёфта аст!

 Муътабари 10 соларо моҳи августи соли гузашта ва Бибиоишаи чорсоларо моҳи феврали ҳамин сол ҷарроҳӣ карда буданд. Ҳарду ҳам аз хурдсолӣ, гирифтори страбизм (олусчашмӣ) будаанд, ки марҳилаи баъдиҷарроҳии захмҳои чашмро бомуваффақият гузаронидаанд! Модари Муътабар пас аз пок кардани ашки шодӣ, ки беист аз

чашмонаш ҷорӣ мешуд, даст ба дуъо бардошту миннатдории худро байён намуд!

Мӯйсафеди 75- сола Бобои Хӯҷа, бо тавсияи дӯстон, ба Бемористони Ибни Сино ташриф овардаанд. Пас аз муоина ва ташхис шуълаи умед дар дилаш фурӯзон шуд, зеро доктор он касро дилпур кард, ки имконияти барқарор намудани бинойӣ мавҷуд аст! «Мо биноии шуморо барқарор мекунем, бояд ду рӯз доруҳои тавсиямешударо ба чашм чаконед ва умедро зинда нигаҳ доред» - таъсирбахш ва бо қатъият ҳарф зад доктор.

Тавре хабар дода будем доктор Аҳмадалӣ Фирдавсӣ тӯли се рӯз ба машварат ва табобати ниёзмандон машғул мешавад. Ёдовар мешавем, ки ниёзмандон то соати 14 метавонанд аз машаварат ва табобати доктор баҳраманд шаванд, пас аз чошт ҷарроҳиҳои мураккаб ва нозуки чашм гузаронида мешавад.

ФОТО