БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КАМХОБӢ, ФИШОРӢ БАЛАНД ВА САКТАИ ҚАЛБӢ

    Тибқи таҳқиқотҳои ҷадиди пизишкӣ, камхобӣ ва хоби бекайфият эҳтимоли боло рафтани фишори хунро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Аризонои ИМА ба натиҷа расиданд, ки камхобӣ яке аз авомили бузурги сактаи қалбӣ, сактаи мағзӣ ва ҳатто марги ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва рагӣ мегардад.

     
  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Пизишки умумӣ (GP)

МАШВАРАТИ ПИЗИШКИ УМУМӢ

Қабули пизишки умумӣ 47 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1.ЭКГ

2. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо стетоскоп, пиксиметр, тонометр, чен намудани ҳарорати бадани мариз ва муоинаи визуалии бадани мариз).

3. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

4. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.

5. Баррасии озмоишҳо (сабти ЭКГ, ренгенографияи устухонҳо, буғумҳо ва узвҳои қафаси сина, УЗИ и маҳватаи шикам, ФГДС ва ЭКГ)

6. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

7. Тавсияи табобат(навиштани дорухат)

8. Додани маълумотнома (справка) барои мактаб, муъоинаи тиббӣ, справка барои ҳавзи шиноварӣ.

9. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Мутахассиси ин бахш доктор Дилором Ахмедова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули беморон машғул аст. Утоқи пизишки умумӣ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир аст. Пизишки умумӣ аввалин мутахассисест, ки бемор бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Чи тавре, ки аз номаш бармеояд, пизишки умумӣ ҳамаи беморихоро мешиносад ва ташхис дода метавонад.

Зиёда аз навад дар сади беморон аз тарафи пизишки умумӣ ташхис ва дармон шуда, камтар аз даҳ дар сади онхо бо тавсияи ӯ ба муоинаи мутахассиси дахлдор равон карда мешаванд.

Утоқи кории ӯ бо фишорсанҷ, негатоскоп, стетоскоп ва асбобҳои санҷишу баррасии аввалия муҷаҳҳаз кунонда шудааст:

 

Дар ҳолатхои зарурӣ ӯ метавонад аз хидмати озмоишгоҳ, ки 24 соат фаъолият мекунад, истифода кунад:

 

Инчунин аз ташхиси ултрасадо барои баррасии узвҳои дохилӣ кор мегирад:

 

Утоқи рентгени бемористон низ дар гузоштани ташхис ба пизишки умумӣ кӯмак мекунад:

Пизишки умумӣ чиро муолиҷа мекунад?

Пизишки умумии бемористон ба ҳамаи маризон метавонад ёрии аввалия расонад.

Маризиҳои зеринро худаш табобат мекунад:

- самохӯрдаги, орви,

- дармони доругии маризиҳои гӯшу гулуву бинӣ ва чашм;

- маризиҳои дохилӣ, шушу роҳи нафас;

- узви ҳозима;

- маризиҳои роҳҳои пешобгузар;

- дардҳои андом ва ғайра.

Дорухонаи бемористон бо доруҳои баландсифат, ки худи бемористон ворид кардааст таъмин мебошад. Ин доруҳо низ кафили табобати хуби таъиноти пизишки умумии бемористон мебошанд:

Пизишки умумии Бемористони Ибни Сино сохибихтиёр аст аз имконоти фаровони дигари бемористон барои ташхису дармон истифода кунад:

- машварати мутахассисони гуногун;

- клиникаи қалб;

- физиотерапия;

- томографи компютерӣ:

 

ФОТО