БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ултрасадо

Утоқи УЗИ и шӯъбаи ташхис  дар ошёнаи дуввуи бемористон ҷойгир буда, аз субҳ то шом дар хидмати мизоҷон қарор дорад. Утоқи УЗИ и шӯъба бо дастгоҳи замонавии муосири "SONECA. X.4" и  истеҳсоли ширкати "MEDISON" и кореяи ҷанубӣ муҷҷаҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад ташхиси дуруст ва саривақтии бемориҳо гузаронида шавад. Дастгоҳи мазкур инчунин имкон медиҳад, ки маълуоти ташхисии ҳар бемор ба муддати то як сол маҳфуз бимонад ва ин низ дар раванди табобати мизоҷон таъсири басо мусбӣ дорад.

Дар утоқи УЗИ и шуъба ташхисҳои  зерин гузаронида мешаванд:

Ташхиси узвҳои ҳозима;

- УЗИ и ҷигар;

- УЗИ и талхадон;

- УЗИ и ғадуди зери меъда;

- УЗИ и испурч.

Ташхиси узвҳои пешоброн:

- УЗИ и гурда;

- УЗИ и ҳолиб;

- УЗИ и масона;

- УЗИ и бачадон ва тухмдонҳо;

- УЗИ и ғадуди сипаришакл

ФОТО