Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

     
  • ЗАРДАҶӮШ Ё СӮЗИШИ МЕЪДА

    Адмирали маъруфи англис Г. Нелсон, ки дар ҷанге аз як чашмаш маҳрум шуда буд ҳамеша мегуфт: "Ман ҳозирам чашми дуввумамро ҳам бидиҳад, фақат маро аз зардаҷӯш наҷот диҳед".

     
  • КАРДИОҶАРРОҲӢ: УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАБОБАТ

    Таърихи кардиоҷарроҳии муосир тирамоҳи соли 1896 оғоз гардид. Бори аввал ба табиби олмонӣ муяссар гардид ба дили аз захми чоқу осеб дида, дарз бизанад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

БАРНОМАИ СУҒУРТАВИИ «ТАШХИС»

БАРНОМАИ СУҒУРТАВИИ «ТАШХИС»

Барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

         Барнома замимаи ҳатмии Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ буда, масоили зайлро танзим менамояд:

- хидматҳои  тиббӣ, ки Суғуртакунанда ба  шахсони Суғурташуда (минбаъд Суғурташудагон) мерасонад ва маблағи онҳо мутобиқи Нархномае, ки дар байни ҶСП «Дили солим» (Бемористони Ибни Сино) ва ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» тасдиқ шудааст ва то поёни амали Шартномаи суғурта тағйир намеёбад, дар ҳолати пардохт намудани150 сомонӣ пушиши суғуртавӣ 5000 (панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Муфассал...

Барномаи «Амал» пардохти 80 дарсади маблағи табобатро кафолат медиҳад

Комрон Ҳамроев:

 Чанде пеш барномаи суғуртавии «Амал»-и ташкилоти «Суғуртаи миллӣ»  ба марҳалаи иҷро омад, ки масъулонаш мегӯянд,  дар чаҳорчӯби он   то 80 %-и маблағи дармон ва ҷарроҳии  муштариёнро  пардохт хоҳанд кард. Дар кишвари мо, ки мардум аз таҷрибаҳояшон медонанд, то кисаашон пур набошад, бояд дардро таҳаммул кунанду рӯйи ниёз ба пизишкон наоваранд,

Муфассал...

Бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб (уролитиаз)

Ин бемориест, ки санг дар гурда (чомчаҳо, лоханка) ва роҳҳои пешоб (уретра, обдон) пайдо мешавад. Андозаи ин сангҳо баробар бо  регреза то тухми мург аст. Ин сангҳо дар гурда пайдо мешаванд ва бо мачрои пешоб метавонанд ба поён ҳаракат кунанд. Ҳангоми  ҳаракат метавонанд боиси  дарди шадид шаванд.  Аҳёнан ин ҳаракот метавонад бедард низ бошад.

Сабаби пайдошавии сангҳо гуногунанд.

Сабаби якум ирсият мебошад. Дар хуни баъзеҳо  ирсан калтсий аз меъёр зиёд аст ва азбаски  санги гурда аксаран  аз калтсий иборат аст, чунин одамон  ба он мубтало мегарданд. Ғайр аз ин табодули ғизоӣ низ ирсан метавонад нақз дошта бошад, ки ин омил  ҳам сабаби пайдоиши санг мешавад. 

    Сабаби дувум омили ҷуғрофӣ мебошад. Дар чойҳои гарм инсон бисёр арақ мекунад ва камтар пешоб мекунад, ки низ сабаби пайдоиши санг мегардад. Ҳамчунин  таркиби оби ошомиданӣ низ, агар  микроэлементҳои зиёд дошта бошад,  метавонад боиси эҷоди  санг шавад.  

     Сабаби дигар таркиби ғизоӣ мебошад. 

Намудҳои санги гурда оксалатҳо, фосфатҳо ва уратҳо мебошанд. Вобаста ба  таркиби санг пизишк метавонад табобати пешгирикунанда  таъмин намояд. 

     Аломатҳои беморӣ.

Асосан ин беморӣ бо дард дар миён аз худ хабар медиҳад. Бештар, ҳаракат кардани санг дарди шадидро дар роҳҳои пешоб эҷод мекунад. Санг ҳангоми ҳаракат  гурда ё роҳи пешобро мехарошад ва ё маҷрои пешобро баста, дард эҷод мекунад. Дарде, ки дар гурда эҷод мешавад мисли дарди  роҳҳои пешоб сахт нест. Аксар вақт дарди санги гурда ва роҳҳои пешоб, дарди халамонандест, ки ногаҳон ва хеле шадид пайдо мешавад. Ин дард гоҳе то ба ҳадде шадид аст, ки боиси дилбеҳузурӣ ва қай кардан мешавад. Ранги пешоб хунолуд мешавад. Пешобкунӣ бо дард ва сӯзиш  анҷом мешавад. 

   Пешгирӣ.

Дар сурати мавҷуд будани  ин омилҳо ба пизишки уролог муроҷиат кунед. Вобаста аз омилҳои сангсоз пизишк тавсияи лозимаро медиҳад, ки хатари пайдоиши сангро кам мекунад. Таҷҳизоти мавҷуда имкон медиҳад, ки пизишк бемории шуморо дуруст ва фарогир ташхис бикунад.

     Агар дар гурда ва роҳҳои пешоб санг пайдо шавад,  чӣ бояд кард? 

Сангҳои хурд ва баъзе сангҳои нармро пизишк метавонад бо дармони доруӣ рафъ кунад. Агар санг дар ҷойҳои безарари гурда истода бошад, ки маҷрои пешобро набандад ва дарде ҳам надошта бошад,  ниёз ба коре надорад. Вале агар санг дар ҳоли ҳаракат  бошад ё дар  маҷро ҷой дошта бошад,  онро метавон  аз тариқи сангшикани дохиландомӣ бо видео-рентген контрол намуда гирифта берун овард. Агар санг дар уретра ё обдон ҷойгир шуда бошад, онро бо нефроскоп аз тариқи сурохии табиии бадан дармеоваранд. 

 

ДОСТОНИ ИНФАРКТИ ОҚОИ РУСТАМ

Доктор Ҳусейн Сомии АЛДУБУНЙ

Оқои Рустам марди миёнсоли хушхулқ ва аёлдорест, ки хеле фарбеҳ буда, сурати сурху сафед дорад. Одатан ҳамаи рӯзҳо, субҳ то шаб машғули кор ва пайдо кардани ризқу рӯзӣ буда, барои дамгирӣ вақт надорад. Субҳ то шом дунболи ёфтани ризқу рӯзӣ ва таъмин намудани оилааш аст. Ҳарчанд пизишкон ба ӯ чанд сол пеш гуфта буданд, ки фишори хунаш баланд аст ва бояд дору истеъмол намуда, фишорашро дар меъёри муътадил нигоҳ дорад, аммо ӯ эътиное накарда, бо худ мегуфт: «Ҳоло, ки мушкиле эҷод намекунад, чаро бояд  доруи химиёӣ  бихӯрам?»

Бархе мегуфтанд, чарбу (холестерин)-и хунаш болост, аммо ӯ зиёд ба ин ҳарфҳо бовар нодошт, ҳарчӣ дилаш мехост, мехӯрд, ҳаргиз парҳез ва диэтаро риоя наменамуд ва доруи зиддичарбӣ ҳам истеъмол намекард. Шояд қанди хунаш ҳам боло бошад (охир зиёд ташна мешуд, зуд-зуд ба ҳоҷатхона мерафт).  Росташ, окои Рустам сигару носро ҳам хеле нағз мебинад ва доим дар вақти истироҳатҳои кӯтоҳмуддат дар давоми рӯзи кориаш сигор ё нос мекашид.

Дар яке аз рӯзҳое, ки акои Рустам сахт дар ҳоли давидан ва пайи касби рузӣ буд, эҳсос кард, ки синааш дард гирифтааст. Чанд дақиқае нагузашта буд, ки дардаш бисёр сахт шуд ва оқои Рустам дид, ки арақи сарде бар пешонӣ ва баданаш нишастааст. Дард дигар қобили таҳаммул набуд, дӯстонаш бо аҷала Ёрии таъҷилиро хабар карданд ва оқои Рустами бечора бо ҳоли низор ба бемористон расонида  шуд.

                                                        ДАР БЕМОРИСТОН

Дар беморисгон пизишкон оқои Рустамро мавриди муоина қарор доданд. Пас аз таҳияи навори дил (электрокордиограмма) ба ӯ гуфтанд, ки дучори инфаркг (сактаи дил) шудааст. Пас аз он оқои Рустами бечора таҳти дармон қарор гирифт, чанд соате баъд дардаш кам шуд. Пас аз чанд рӯз, ки аз бемористон мураххас шуд, дучори инфаркт шуданашро ба ӯ гуфта таъкид карданд, ки бояд дору истеъмол бикунад. Бо каме роҳ рафтан оқои Рустам дучори тангнафасӣ мегардид ва маҷбур мешуд, ки биистад, пойҳояш ҳам кам-кам варам карданд. Пизишкон мегуфтанд, ки дили ӯ дучори норасоӣ шудааст ва эҳтимол хатари марг дам ӯро таҳдид мекунад. Бо ин вазъият оқои Рустам наметавонисг дигар корҳои рӯзонаашро ба хубӣ анҷом диҳад. Маҷбур буд, ки ба истироҳат пардозад ва бар сари кор наравад. Дигар аз оқои Рустам, дӯсти фаъоли мо, як оқои Рустами бемор бар ҷо мондааст. Акнун таъминоти модии хонаводааш низ мушкил гардидааст. 

БЕМОРИИ ОҚОИ РУСТАМ ЧЙ БУД?

Чаро оқои Рустам ба ин гирифториҳо дучор шуд? Чунки дили солими ӯ дучори инфаркт (сактаи халб) шуда буд, Чаро сакта карда буд? Чунки авомили хатар, яъне фишори хун, бемории қанд (диабет), афзоиши чарбии хун, сигору нос, фарбеҳӣ рагҳои хунрасони дили ӯро бемор карда буд. Сактаи қалб вақте эҷод мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз paги хунрасони дил (яъне раги иқлилӣ - тоҷӣ ё коронарӣ) хун мегирад бо баста шудани paг ба далели ташкили  лахта дар дохили paг мемирад ва аз байн меравад.

Мушаки дил пас аз қатъ шудани хунрасонӣ муддати бист дақиқа зинда мемонад ва пас аз он аз байн меравад. Ин замонро, ки байни шуруъ шудани дард ва аз байн рафтани мушаки дил вуҷуд дорад, замони тиллоӣ мономанд, Яъне дар ин замон аст, ки агар битавонем, раги дилро боз кунем ва хунро ба мушаки дил бирасонем, мумкин аст осеби мушаки дилро коҳиш диҳем. Ҳарчӣ зудтар хун ба мушак бирасад, қисмати камтаре аз мушак аз байн меравад.

ЧЙ  РОҲҲОЕ  БАРОИ  ДАРМОНИ  ИНФАРКТ  ВУ ҶУД  ДОРАНД?

Асоси дармони инфаркти дил-беморие, ки дар камини ҳамаи мост, ин аст, ки раги басташуда боз шавад ва хунрасонӣ барои раги дал барқарор карда шавад. Барои боз кардани раги баста як роҳи асосй ин аст, ки бемор ҳарчи зудтар ба бемористоне, ки имкони ангиография (яъне тасвирбардории мустақим аз рагҳои дил) ва озмоишгоҳи кататеризм (катлаб) дорад, расонида шавад, то ки бо истифода аз балонҳои кӯчак ва як навъ василаи зариф ба номи стент раги қалб боз карда шавад. Дар тамоми кишварҳои пешрафта саъй бар он аст, ки бо роҳандозии хидматрасониҳои ёрии таъҷилӣ ва бемористонҳо ин имкон ба вуҷуд ояд, ки беморон ҳарчӣ зудтар ба бемористонҳои дорои ангиографй ва имкони ангиопласти (яъне боз кардани раги дил бо балон ва стент) бира- санд. Дар ин ҳолат бояд бемористонҳои омода барои хидмати 24 - соатаи ангиопластӣ дар тамоми рӯзҳои ҳафта ва ид вуҷуд дошта бошанд ва имкони расонидани сареъи беморон ба бемористон мавҷуд бошад.

Вуҷуди ин имконотро Шабакаи ангиопластии аввалия мегӯянд, ки ҳар шаҳру кишваре бояд онро барои худ тарроҳӣ кунад. Асоси дармони беморони сактаи қалб ва ин, ки дучори аворизе чун маргумир ё сарнавиште чун дӯсти мо Рустам надошта бошанд, бо эҷоди ин шабака аст.

Роҳи дигари дармони сактаи қалб истифода аз доруҳои ҳалкунандаи лахта (ё тромболитик) аст. Ин доруҳо метавонанд лахтаро дар хун ҳал кунанд. Аммо муаваффақияти ин равшаниҳо сарҷамъ ҳудуди 50 - 60 %  аст, илова бар ин бемороне, ки хатари хунрезӣ, собиқаи сактаи мағзӣ доранд, хеле пир ва дорои шароити дигар мебошанд, намотавонанд аз ин равиш истифода кунанд.

БЕМОРОНИ САКТАИ ҚАЛБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА АТРОФРО ЧЙ БОЯД КАРД?

Дар ҳоли ҳозир Шабакаи аигиопластии аввалия дар шаҳри Душанбе ва аксари шаҳрҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо дар пойтахти Тоҷикистон аз панҷ соли пеш бо мусоидати Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ-Бемористони бемориҳои дилу гурдаи ба номи Ибни Сино дар маркази шаҳр эҷод шудааст. Ин Бемористони муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои пешрафта ва мутахассисони варзида омода аст беморони дучори сактаи дилро дар тамоми 24 соати шабонарӯз барои дармони фаврӣ бипазирад.

Ин, ки бемороне чун оқои Рустам метавонанд аз ин имконот истифода кунанд ё не, бастагӣ ба эҷоди Шабакаи ангиопластии аввалия дар шаҳри Душанбе ва атроф ва муроҷиаю фиристодани беморон ба суръат барои дарёфти ин хидмат ба ягон маркази мавҷуд дар шаҳр дорад.

Иттилоърасонӣ ва муталлеъ кардани беморон ва кадрҳои пизишкӣ аз хатари сак­таи қалб ва роҳҳои модерни дармони он би­сёр муҳим аст.

Умед аст, ки бо иттилоърасонии ҳарчӣ бештар ва эҷоди Шабакаи ангиоаластӣ ва истифода аз Бемористони Ибни Сино беморони камтаре ба сарнавишти бародарамон Рустам дучор шаванд.

Бо орзуи саломатии шумоҳамшаҳриён ва ҳаммеҳанони азиз!

 

 

 

 

 

 

«Арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат»

   Дар урфият мегӯянд: «Арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат».

Ин мақол дар мисоли ироаи хадамоти тиббӣ мафҳуми  хос  пайдо мекунад.

Бештари мардуми мо бовари  ғалате доранд, ки  хадамоти тиббӣ бояд ройгон  ё ҳадди аққал арзон бошанд.

           Дар ин амр, ки хадамоти босифати тиббӣ бояд ба ҳама дастрас бошад, шакке нест.

Муфассал...

Сактаи дил (инфаркт миокарда)

Бемории хатарнокест, ки аксаран бо марг меанҷомад. 50 дарсади  беморон ҳатто ба бемористон намерасанд. Аз 50 дарсаде, ки ба бемористон  мерасанд

25-30 % мефавтанд. 

Ин беморӣ бештар ба мардон хос буда, ба занҳои то панҷоҳсола нисбатан камтар таҳдид мекунад. Вале баъд аз 50- солагӣ ба занҳо низ таҳдиди ин беморӣ бештар мегардад.

Омилҳои пайдоиш ва инкишофи сактаи дилро ба ду гуруҳ ҷудо мекунем.

Муфассал...

Саломатии кӯдакон бадтар аз волидайни онҳост

  Мутобиқи тадқиқоте, ки  ба яке аз конфронсҳои илмии Амрико пешниҳод шудааст, фаъолияти ҷисмонии бачаҳо дар ҳама гӯшаи ҷаҳон нисбат ба давраи кӯдакии волидайни онҳо хеле поён рафтааст.  Ин фарқият дар таҳқиқоти зикршуда 15%-ро ташкил медиҳад ва ифодакунандаи он аст, ки  солимии ҷомеа рӯ ба пастӣ дорад.

Муфассал...

Шикастан ва ё гирифтани санги ҳолиб бо истифода аз дастгоҳҳои эндоскопӣ

  Интишори рӯзафзуни  бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар мутахасисонро водор намудааст, ки роҳҳои нав ва ҳарчӣ содатари  табобати онҳоро  эҷод кунанд.              

   Яке аз ин бемориҳо санги ҳолиб мебошад. Мавҷудияти  санг дар ҳолиб аксаран  боиси  халаи гурда мешавад, ки гоҳе  дарди шадиди камар ва тиҳигоҳи шикам ба он ҳамроҳ аст .

Муфассал...

Бемории ишемиявии дил 10 омили асосии хатар дорад, ки инсон наметавонад 3-тои он (ҷинс, синну сол ва ирсият)-ро тағйир диҳад!

СОХТ ВА ВАЗИФАИ ДИЛ  

Дил муҳимтарин узви одамӣ аст ва онро метавон бо муҳаррик (мотор)-и мошин қиёс намуд. Яъне, агар дил кор накунад, ҳамаи узвҳои дигар аз фаъолият мемонанд ва инсон мемирад.

Дил дар тарафи чапи қафаси сина (аҳёнан дар самти рост низ), дар байни ду шуш ҷойгир аст ва тақрибан баробари мушти худи шахс мебошад. Дили одами калонсол ҳудуди 300 грамм вазн дорад, агарчи гоҳе дили варзишгарон то ба 450 грамм мерасад.

Муфассал...

БЕМОРИСТОНИ «ИБНИ СИНО» ДАР МИНТАҚАҲО БАХШҲОИ ХУДРО БОЗ МЕКУНАД

21.02.2013 23:42 "Рузгор".

 Сомонаи Бемористони Ибни Сино иттилоъ додааст, ки дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии ин беморхона дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ифтитоҳ ва ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

 Ба иттилои манбаъ бахши ин бемористон дар шаҳри Хуҷанд низ бо кулли таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз ва дар он мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватаниву хориҷӣ ба табобати мардуми шимоли кишвар машғул хоҳанд шуд.

Муфассал...

То дил накунад дард.

Дил дар байни узвҳои дигари инсон ҷузъи асосӣ ва муҳимтарин маҳсуб мешавад. Инсон метавонад бе дасту пой, биноиву шунавоӣ, бо як шуш ё як гурда зиндагӣ кунад, аммо бе дил наметавон зист. Азин рӯ ба кори дил бетафовут будан нашояд. Ба ин хотир сӯҳбате дорем бо мудири шӯъбаи амрози дарунии беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматови шаҳри Хуҷанд, кардиолог, духтури дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Тоҷикистон Ачилова Мунира Ҳамдамовна.

- Мо медонем, ки бемориҳои гуногуни дил мавҷуданд. Кадоме аз онҳо паҳншуда ва хавфноктаранд?

- Одатан диле, ки мӯътадил фаъолият мекунад, соҳибашро ба ташвиш намеорад, аммо гирифторшавӣ ба бемориҳои дил инсонро водор месозад то онро сари вақт табобат намояд. Паҳншудатарин ва хавфноктарини он бемории ишемиявӣ ё худ коронарии дил мебошад.

- Ин беморӣ чӣ тавр ба амал меояд ва сабаби гирифторӣ ба он дар чист?

Муфассал...

ФОТО