БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

    Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Бемории ишемиявии дил 10 омили асосии хатар дорад, ки инсон наметавонад 3-тои он (ҷинс, синну сол ва ирсият)-ро тағйир диҳад!

СОХТ ВА ВАЗИФАИ ДИЛ  

Дил муҳимтарин узви одамӣ аст ва онро метавон бо муҳаррик (мотор)-и мошин қиёс намуд. Яъне, агар дил кор накунад, ҳамаи узвҳои дигар аз фаъолият мемонанд ва инсон мемирад.

Дил дар тарафи чапи қафаси сина (аҳёнан дар самти рост низ), дар байни ду шуш ҷойгир аст ва тақрибан баробари мушти худи шахс мебошад. Дили одами калонсол ҳудуди 300 грамм вазн дорад, агарчи гоҳе дили варзишгарон то ба 450 грамм мерасад.

 

Дил, ки дар маркази системаи дилу рагҳои хунгузар воқеъ аст, аз бофтаҳои мушакӣ иборат мебошад, ки пизишкон онро миокард меноманд. Ин бофтаҳо аз ду тараф бо пардаи нозуки муҳофиз пӯшонида шудаанд. Пардаи берунӣ эпикард ва пардаи дарунӣ эндокард номида мешавад. Дил дар дохили халтачае қарор дорад, ки онро перикард ё пироҳани дил меноманд.

Дил иборат аз чор ковокӣ аст: даҳлезу меъдачаи рост ва даҳлезу меъдачаи чап. Тарафҳои росту чап бо деворе дар байн аз ҳам ҷудо шудаанд. Даҳлезу меъдачаҳо байни худ ба воситаи даричаҳо (клапанҳо) робита доранд. Даричаҳо ҳам чорто мебошанд: митралӣ, трикуспидалӣ, даричаи шоҳраг ва даричаи шараёни шушӣ.

            Функсияҳои дил хеле мураккаб ва муҳим аст. Яке аз амалкардҳои он мушобеҳ бо насос мебошад. Дар қисмати болоии даҳлези рост гиреҳи хурде ҷой дорад, ки гиреҳи синусӣ ном дорад. Дар фосилаҳои муайян дар ин ҷо импулси барқӣ ба вуҷуд меояд, ки бо як назм кашишхӯрии бофтаҳои мушакиро (миокард) ба вуҷуд меорад. Ин амр боис ба эҷоди кашишхӯрии дил мегардад, ки ба шакли фишурда ва боз шудани пайваста сурат мегирад. Дар натиҷа хун аз даҳлези рост ба воситаи даричаи трикуспидалӣ ба меъдачаи рост ва аз меъдачаи рост тавассути шараёни шуш ба шуш ворид шуда, дар шуш бо оксиген ғанӣ мешавад; аз он ҷо хуни ғанӣ аз оксиген ва дигар маводи муфиди ғизоӣ (сафеда, чарбӣ, карбогидратҳо) ба даҳлези чап меояд, ки онро доираи хурди гардиши хун меноманд.

Хун аз даҳлези чап бо фишор даричаи митралиро боз мекунад ва ба меъдачаи чап дохил мешавад. Баъд аз он хун бо фишор ба шоҳраг (бузургтарин раги бадани инсон аст) ворид мегардад ва тавассути он ба тамоми узву бофтаҳои бадан пахш мешавад. Аз ин тариқ хуни ғанӣ аз оксиген ва дигар маводи муфиди ғизоӣ ба тамоми бадан пахш мешавад ва дар ин зимн табодули газӣ сурат мегирад. Яъне хун ба ивази оксиген гази карбонатро аз узвҳо мегирад ва ба воситаи ду вариди (вена) бузурги болоӣ ва поёнӣ ба даҳлези рост ворид мегардад: вариди болоӣ хунро аз узвҳои боло аз дил  ва вариди поёнӣ аз узвҳои поён аз дил ҷамъ меоваранд. Инро доираи бузурги гардиши хун меноманд.

Дил, ки таъминкунандаи тамоми бофтаву узвҳои бадан бо хун аст, худ низ ба хун ва маводи муфиди ғизоӣ эҳтиёҷ дорад. Таъмини дил бо хун аз тариқи ду шараёни коронарӣ, ки аз решаи шоҳраг оғоз мешаванд, сурат мегирад: шараёни коронарии чап ва шараёни коронарии рост. Шараёни коронарии чап ду шохаи асосӣ дорад: аввал, шараёни пешу поёнраванда, дувум, шараёни қатшуда (сиркумфлекс). То 85 дар сади бофтаи мушаки дил (миокард) ба воситаи шараёни коронарии чап аз хун таъмин мегардад.

 БЕМОРИҲОИ ДИЛ, КИ МУОЛИҶАИ ОН ТАВАССУТИ ҶАРРОҲӢ СУРАТ МЕГИРАД,

            «Бемории дил» мафҳуми умумист ва ба бемориҳое гуфта мешавад, аз назари омили пайдоиш, ҷараёни беморӣ ва роҳҳои дармон мухталифанд.

             Бемориҳои ҷарроҳии дил аз назари пайдоиш модарзодӣ ва иқтисобӣ (пайдошуда) мешаванд. Нахуст оиди бемориҳои иктисобӣ ва баъд бемориҳои модарзодӣ истода мегузарам.

            Бемориҳои иқтисобии дил бемориҳое мебошанд, ки одам дар давоми зиндагии худ ба онҳо гирифтор мешавад. Асоситарини ин бемориҳо нуқсони рагҳои коронарӣ (иклилӣ), бемории даричаҳои дил, бемории мушаки дил (миокард), бемории перикард, номураттабии ритми дил (аритмия) мебошанд.

            Нуқсони рагҳои коронарӣ, ки бемории ишемиявии дил ном дорад ба сабаби атеросклерози шараёнҳои коронарӣ (ғафс шудани девораҳои рагҳо) пайдо мешавад. Дар натиҷаи ин таъмини хун коҳиш меёбад, ки боис ба осеб дидани қисмате аз миокард мегардад. Агар таъмини хун ба ҳадди лозим барқарор нашавад, ин амр дар зарфи 20 дақиқа метавонад ба некроз (аз байн рафтан)-и қисмате аз мушаки дил (сактаи миакард) сабаб гардад. Аломатҳои зоҳирии ин беморӣ дарди қафаси сина ва нафастангӣ мебошанд. Вале, набояд фаромӯш кард, ки гоҳе (тақрибан дар 25% мавридҳо) ин беморӣ бидуни дард низ ҷараён меёбад.

Бемории ишемиявии дил 10 омили асосии хатар дорад, ки инсон наметавонад 3-тои он (ҷинс, синну сол ва ирсият)-ро тағйир диҳад. Вале ба 7 омили дигар (фарбеҳӣ, сигор ва носкашӣ, камҳаракатӣ, фишори баланди хун, бемории қанд, чарбуи бештар аз меъёр, стрессҳо) беш ё кам метавонад таъсир дошта бошад.

Бемории даричаи дил низ аз паҳншудатарин бемориҳои дил дар Тоҷикистон мебошад. Ин беморӣ боиси халали гардиши хун дар дил мешавад. Бемории мазкур метавонад ҳам модарзодӣ ва ҳам иқтисобӣ бошад. Бемории иктисобии даричаи дил  тағйирёбии морфология ва амалкарди даричаҳои дил аст, ки дар натиҷаи бемориҳои шадид ва музмини ревматизм, сепсис, атеросклероз, сифилис, ё осебу ҷароҳатҳо ба вуҷуд меояд. Бо таъсири ин омилҳо  метавонад  иллатҳои мухталифи дарича ташаккул ёбанд: стеноз (тангшавии равзанаи дарича), ки дар ин ҳолат дил маҷбур аст пуршидаттар аз ҳолати маъмулӣ кор кунад, то ки ҳаҷми зарурии  хунро аз равзанаи тангшуда гузаронад; норасоии дарича, ки ба сабаби хароб шудани паллаҳои  дарича ба миён меояд ва мушаххасаи он ба таври комил маҳкам нашудани паллаҳои  дарича мебошад. Дар ин сурат, дил бояд ҳаҷми бештар аз меъёри хунро гузаронад, чунки як қисми  хун ба сабаби харобии дарича бозпас мегардад. Чунин кори изофа тадриҷан дилро заъиф карда, боиси васеъ ва фарсуда шудани он мегардад. Дар мавридҳое стеноз ва норасоӣ  дар як дарича баробар ташаккул меёбанд. Ва ҳамчунин  мавридҳое дучор меоянд, ки ду ё зиёда дарича гирифтори нуқсон мебошанд.

Номураттабии ритми дил (аритмия) халал ёфтани басомад (частота), назм ва мураттабии фишурда ва боз шудани мушаки дил мебошад. Аритмия метавонад бо сабабҳои функсионалӣ (иллатҳое, ки ба фаъолияти дил марбут нестанд) ва органикӣ (бемориҳои марбут ба дил) зоҳир шавад. Аритмияи фунсионалӣ гардиши хунро халалдор намекунад ва аз ин сабаб, эҳтиёҷ ба дахолати махсус ва фаъол  надорад. Аритмияи органикӣ ба табобати фаъол ниёз дорад, зеро метавонад ба паст ё боло шудани фишори шараёнӣ боис шавад ва вазъи умумии беморро бад кунад.

Бемориҳои перикард. Ба ин бемориҳо илтиҳоби перикард, гидроперикард (ҷамъшавии моеъ дар дохили перикард), перикардити констриктивӣ (дурушт шудани перикард) дохил мешаванд. Сабаби пайдоиши  бемориҳои перикард метавонад сили шуш, сактаи миокард, бемориҳои сироятӣ, саратон ва ғ. бошад.

Бемориҳои модарзодии дил бо сабаби ба ҳадди лозим инкишоф наёфтани дил ва роҳҳои хунгузари он дар батни модар ва ё қатъ шудани инкишофи онҳо пас аз таваллуд ба миён меоянд, ки онҳоро нуқсони модарзодии дил меноманд. Вазъи номусоиди муҳити зист, фаъолияти модар дар истеҳсолоти зараровар, бемориҳои сироятӣ, омилҳои ирсӣ, стресс, суистифода аз нӯшокиҳои спиртӣ, синну соли болои модар сабабҳои аслии нуқсони модарзодии дил мебошанд. Нуқсони модарзодии дил низ намудҳои гуногун дорад, ки аз ин миён сурохи девори байни дањлезҳо, сурохи девори байни меъдачаҳо, маҷрои кушодаи шараёнӣ, танг шудани даричаи шараёни шуш ва шоҳраг, тетрадаи Фалло (яъне, чаҳор нуқс бо ҳам), иваз шудани ҷойи шараёнҳои бузург бештар дучор меоянд.

Мавҷуд будани нуқсони модарзодии дилро дар кўдак ба осонӣ, дар асоси аломатҳои зоҳирӣ метавон муайян кард. Ин нуқсонҳоро  шартан ба «кабуд» ва «беранг» тақсим мекунанд. Нуқсонҳои «кабуд» ба сабаби бо ҳам омехта шудани хуни баоксиген ва хуни беоксиген дар натиҷаи иртиботи қисматҳои росту чапи дил ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа гирди лаб ва нохунҳои  бачагон кабуд мешавад. Дар нуқсонҳои беранг омехташавии хуни тоза ва беоксиген дар натиҷаи иртиботи қисмати чап бо рост сурат мегирад.

            Нишонаҳои бемории нуқсони модарзодии дил: нафастангӣ, зуд монда шудан, ақиб мондани инкишофи  ҷисмонӣ, арақ кардани зиёд ва ғайра мебошанд.

РОҲҲОИ ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ.

            Пешрафти илм ва технология дар табобати бемориҳои дил ҳам таъсири амиқ дорад. Бемориҳои диле, ки чанд даҳсола пеш табобатнашаванда ба ҳисоб мерафтанд, акнун дар аксари мавридҳо бо истифода аз технологияҳои нав қобили дармон мебошанд.

Бемориҳои дил вобаста ба навъи беморӣ, дараҷаи вазнинии он, собиқаи беморӣ бо ду роҳ дармон карда мешаванд: табобат бо дору ва аз тариқи ҷарроҳӣ.

Азбаски паҳншудатарин бемории дил, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам, бемории ишемиявии дил аст, суханро оиди ин бемори шурўъ мекунем. Ин беморӣ метавонад музмин (хроникӣ) бошад ва ё якбора бо дарди шадид дар қафаси сина  шурӯъ шавад. Шахсе, ки ин аломатро дар худ эҳсос мекунад, бояд худро ҳарчи зудтар (дар 20 дақиқа то ним соат) ба беморхонае, ки дорои имконот, аз ҷумла дастгоҳи ангиограф аст, бирасонад. Тавассути дастгоҳи ангиограф аз рагҳои хунгарди ў тасвирбардорӣ шуда, ҷойи танг ва ё басташудаи раг муайян карда мешавад. Баъдан боз ҳам тавассути ин дастгоҳ  ба таври фаврӣ ба ҷойи басташудаи раг стент гузошта мешавад, ки рагро боз ва ҷараёни хун ба дилро барқарор мекунад. Аммо, агар ҷойи тангшудаи раг осебпазир ва хатарзо бошад (масалан, дар ҷойи саршавии шараёнҳои коронарӣ) ва ё ҷойҳои тангшудаи шарёнҳои коронарӣ зиёд бошанд, гузоштани стентҳо чандон муассир нест. Дар чунин мавридҳо роҳи босамари дармон анҷоми амали ҷарроҳии кушодаи дил, яъне шунтикунонии аорта-коронарӣ мебошад. Ин амалҳо чи ба воситаи ангиограф ва чи аз роҳи ҷарроҳии кушода дар Бемористони мо, ки бо навтарин таҷҳизоти ташхисию дармонии хориҷӣ муҷаҳҳаз аст анҷом мешаванд.

Ҷарроҳӣ аз сӯи мутахассисони варзидаи хориҷӣ – аз Эрон, Русия, Олмон ва Япония бо ҳамкории пизишкони ботаҷрибаи тоҷик гузаронида мешавад.

            Лозим ба таъкид аст, ки беморони ишемиявии дил баъд аз гузоштани стент ва ё амали ҷарроҳии кушода бояд пайваста доруҳои махсуси тавсиякардаи пизишкро истеъмол кунанд.

Нуқсонҳои даричаҳои (клапанҳои) дил, ки навъҳои гуногун дорад (норасоӣ ва стенози даричаи митралӣ, стеноз ва норасоии даричаи шоҳраг, стеноз ва норасоии даричаи трикуспидалӣ, стенози шараёни шуш) асосан аз тариқи ҷарроҳии кушодаи дил, бо иваз кардани даричаҳои осебдида бо даричаҳои сунъӣ ва ё пластикаи онҳо (тармими онҳо) дармон карда мешавад. Стеноз (тангшавии равзанаи дарича)-ро дар мавридҳое, ки мушкили дигар вуҷуд надошта бошад, бо роҳи ҷарроҳии эндоваскулярӣ (гузоштани баллон ва дам кардани он ба воситаи дастгоҳи ангиограф, ки равзанаи даричаро васеъ мекунад) ҳам табобат кардан мумкин аст.

Аз оғози фаъолият дар БемористониИбни Сино шумораи зиёди беморони гирифтор ба навъҳои мухталифи нуқсонҳои даричаи дил ташхис ва аз тариқи ҷарроҳии кушода ва ё эндоваскулярӣ табобат шуданд ва шуда истодаанд.

Нуқсони модарзодии дил низ асосан бо роҳи ҷарроҳии кушода табобат карда мешавад. Ин ҷарроҳӣ ҳар қадар зудтар анҷом шавад, барои бемор беҳтар аст, зеро нуқсоне, ки дар батни модар пайдо шудааст, метавонад пас аз таваллуд шиддат ёфта, боис ба марги кўдак гардад. Баъзе аз нуқсонҳои модарзодии дил, мисли сӯрохии байни девори дањлезҳо, маҷрои кушодаи шараёниро бидуни ҷарроҳии кушода, бо роҳи эндоваскулярӣ низ бартараф кардан мумкин аст.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар Бемористони мо тамоми навъҳои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳӣ карда мешавад.

Дар байни бемориҳои дил бештар роҳи табобатиномураттабии ритми дил (аритмия) ғайриоддӣ мебошад. Барои дармони ин беморӣ аз дастгоҳи электростимулятор истифода мешавад. Фаъолияти он шабеҳ ба генератор аст. Қалби бемор дар сурати паст будани зарбаи дил ба воситаи электродҳо бо дастгоҳи кардиостимулятор пайваст карда мешавад ва ин дастгоҳ бо эҷод кардани импулс ритмро мураттаб карда, ҳаракати хунро ба вазъи муътадили он бармегардонад. Дастгоҳи электростимулятор метавонад барои муддати муваққат (то 3-4 рӯз) ва ё ба таври доимӣ гузошта шавад. Дар ин сурат дастгоҳи хурд ба зери пӯсти бемор гузошта мешавад. Роҳи дигари табобати аритмия низ вуҷуд дорад, ки онаблятсия ном дорад. Ин усули табобат низ ба истифода аз дастгоҳи ангиограф  анҷом дода мешавад. Дар ин усули табобат роҳҳои иловагии гузаронандаи импулс сӯзонида, фаъолияти онҳо қатъ кунонида мешавад.

Чунончи ишора карда будем, бемориҳои дил яке аз сабабҳои асосии марг дар кишвари мо мебошанд. Зарбулмасал аст, ки «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ мебояд андешид». Агар ҳар шахс бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ сари вақт ба мутахассисон ва марказҳои ихтисосӣ муроҷиат кунад, итминони комил дорем, ки марг ҳам камтар ва сифати зиндагӣ бењтар мешавад.

Бояд қайд намуд, ки бисёр намуди ҷарроҳиҳо дар дил, ки дар Бемористони «Ибни Сино» иҷро мегарданд, бори аввал дар миқёси Ҷумҳуриамон амалӣ шудаанд. Мисоли оддӣ: ивази даричаҳои дил якҷоя бо шунтикунонии маммакоронарӣ ва аортокоронарӣ, ки то ҳол танҳо дар Бемористони Ибни Сино иҷро карда мешаванд.

Бемористони Ибни Сино бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини сохти хориҷӣ ва мутахассисони кордида ба таври доимӣ, ҳамарӯза 24 соат дар хидмати шумост!                

Ҷабборов Абдуқодир Абдуразоқович

номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ,

                                                                                               ҷарроҳи дили Бемористони «Ибни Сино

ФОТО