БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

    Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Шикастан ва ё гирифтани санги ҳолиб бо истифода аз дастгоҳҳои эндоскопӣ

  Интишори рӯзафзуни  бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар мутахасисонро водор намудааст, ки роҳҳои нав ва ҳарчӣ содатари  табобати онҳоро  эҷод кунанд.              

   Яке аз ин бемориҳо санги ҳолиб мебошад. Мавҷудияти  санг дар ҳолиб аксаран  боиси  халаи гурда мешавад, ки гоҳе  дарди шадиди камар ва тиҳигоҳи шикам ба он ҳамроҳ аст .

Ҳамчунин, санги ҳолиб  баъзан  сабабгори пиелонефрити шадиди фасодӣ шуда, боиси аз байн рафтани гурда мешавад. Ин  аст, ки  дар сурати пайдо шудани  санги ҳолиб   ҳарчӣ зудтар ба мутахассиси уролог муроҷиат бояд намуд.

  То солҳои наздик  беморони гирифтори санги ҳолибро фақат  тавассути  амали ҷарроҳии боз табобат мекарданд. Аммо ба туфайли инкишофи пизишкӣ ва истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ ҳоло дар кишварҳои пешрафта мутахассисон тақрибан аз ҷарроҳии боз даст кашидаанд ҷуз дар мавридҳои истиснои шикастан ва барчидани санги ҳолиб ба воситаи дастгоҳҳои муосир анҷом дода мешавад.  Тибқи омор  теъдоди ҷарроҳии боз дар беморони дорои  санги ҳолиб дар ин кишварҳо  6-7%-ро ташкил медихад.

  Ҳамчунин бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ усули дрениронидани гурдаи инсидодӣ дигар шудааст, ки  хориҷшавии пешобро барқарор карда аз  пайдошавии чирк дар гурда пешгирӣ менамояд.

Чунончӣ, яке аз воситаҳои муосир  истифодаи уретероскоп ва стенти ҳолиб (трубкаи махсуси пластикӣ) мебошад, ки тавассути дастгоҳи эндоскопӣ гузошта мешавад. Истифодаи чунин усулҳо барои беморон нисбат ба найчаҳои кашоле, ки дар беморон васл карда мешаванд., хеле бароҳаттар аст.

Хушбахтона, дастгоҳҳои муосир ва усулҳои навтарини ҷарроҳӣ ва дармон ҳоло дар Тоҷикистон низ ҳарчӣ бештар истифода мегардад.   Бо лутфи худованд ва талошҳои ватанхоҳонаи  муассисон ва маъмурияти Бемористони Ибни Сино дар ин бемористон дастгоҳҳои мазкур мавриди истифода қарор гирифтаанд ва аз онҳо  хело васеъ истифода бурда мешаванд. Чунончӣ,  соли гузашта  дар бахши урологии ин бемористон 422-амали ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки 335-то ё 79,6% онҳоро    ба таври эндоскопӣ гузаронидаанд.   Дар навбати худ,  аз ин теъдод 28%-ро амали шикастани санги ҳолиб бо дастгоҳ тавассути маҷрои пешоб (T.U.L) ташкил дод. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ин теъдод 45%-ро мутахасисони маҳаллӣ анҷом додаанд. Шикастани санги ҳолиб ва барчидани  он тавассути уретероскоп ва дастгоҳи сангшикан анҷом дода мешавад, ки барои беморон хело муносиб ва камдардтар  аст. Яъне  амал бидуни  буридани пӯст анҷом мешавад ва бемор пас аз 1-2 шабонарӯз  мураххас шуда  ва дар рӯзи 2-3-ум ба фаъолияти худ идома медиҳад.  Ин  амр гувоҳи он аст, ки кишвари мо низ  ҳарчӣ бештар ба маҳдуди илми пизишкии ҷаҳонӣ ворид мешавад  ва умед ҳаст, ки дар солҳои наздик истифодаи ин дастгоҳҳо дар саросари кишвар имконпазир мегардад.                                                                             

              Мубин Аминов –мудири бахши урологии  Бемористони Ибни Сино,  духтури дараҷаи олӣ

ФОТО