БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

    Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Сактаи дил (инфаркт миокарда)

Бемории хатарнокест, ки аксаран бо марг меанҷомад. 50 дарсади  беморон ҳатто ба бемористон намерасанд. Аз 50 дарсаде, ки ба бемористон  мерасанд

25-30 % мефавтанд. 

Ин беморӣ бештар ба мардон хос буда, ба занҳои то панҷоҳсола нисбатан камтар таҳдид мекунад. Вале баъд аз 50- солагӣ ба занҳо низ таҳдиди ин беморӣ бештар мегардад.

Омилҳои пайдоиш ва инкишофи сактаи дилро ба ду гуруҳ ҷудо мекунем.

1. Омилҳое, ки аз  мо вобаста нестанд ва мо ба онҳо таъсир расонида наметавонем:

- ҷинсият: бештар мардон гирифтори ин беморӣ  мешаванд (занон баъди 50- солагӣ, то ин синну сол  рагҳои хунгарди  занҳоро ҳормонҳои ҷинсиашон ҳимоят мекунанд)

-ирсият: агар аз гузаштагон (хешовандони наздик) нафаре  ба бемориҳои сактаи дил, сактаи мағз, бемориҳои норасоии дил гирифтор шуда бошад (махсусан то 55- солагӣ)

2. Омилҳое, ки мо метавонем онҳоро таҳти назорат дошта бошем:

 - чарбии хуни зиёд аз меъёр; 

- сигоркашӣ; 

- бемории Диабети қанд; 

- фишорбаландӣ; 

- фарбеҳӣ.

Бояд таъкид  кард, ки рӯиҳам омадани омилҳо хатарро бамаротиб зиёдтар мекунад.

Дар кадом ҳолат сактаи дил руй медиҳад?

Дили мо, ки вазифаи хунрасониро дар бадан иҷро мекунад, худаш низ ба хунрасонӣ эҳтиёҷ дорад, зеро бо оксиген ва ғизо тавассути хун таъмин мегардад. 

Дил бо рагҳои хунгузар фаро гирифта шудааст, ки  аз сабаби ба тоҷ монанд будан онҳоро рагҳои коронарӣ меноманд. Танг шудани ин рагҳо ва ниҳоят қатъ шудани таъмини хун ба қисмати дил дар муддати 15-20 дақиқа ба мурдани (некроз) қисми миокард оварда мерасонад, ки онро сактаи дил меноманд. 

Сабаби тангшавии раг ва банд шудани роҳи хун чист?

       Дар хуни мо чарбиҳо ҳастанд, ки зарраҳои он ба деворҳои раг часпида,  плокҳои атеросклерозӣ (atherosclerosis plaques) ташкил мекунанд. Деворҳои раг ҳолати эластикии худро гум карда, шикананда мешаванд. Ин ҷойҳои дохили раг ногаҳон мекафад ва захмӣ мешавад. Дар ҷои ин захм хун лахт мешавад. Агар ин ҳолат пешгирӣ карда нашавад ин лахта бузург шудан мегирад ва дар ниҳоят роҳи хунро баста ба сакта оварда мерасонад.

Кафидани рӯйпуши дохилии деворҳои раг метавонад дар натиҷаи фишори ҷисмонӣ, ё стресси эҳсосӣ рух диҳад. Вале баъзан бе ягон сабаби хос низ воқеъ мегардад. Ҳатто дар вақти хоб будани шумо. 

Аломатҳои сакта кадоманд?

Дарди шадиди қафаси сина, ки қафаси синаро зер мекунад ва ба сузиш медарояд (?). Дард ба бозу, даст, пӯшт, ҷоғ ва гардан низ мунтақил мешавад.

Нафастангӣ, гоҳе қай кардан, дарди шикам, аз ҳуш рафтан низ аломатҳои ин беморӣ шуда метавонанд.

Вале баъзан ин беморӣ бидуни нишонае хуруҷ менамояд.

Дар сурати пайдо шудани ин аломатҳо фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед!

Пешгирӣ.

Ду омили аввалӣ - ҷинсият ва ирсият ва сину сол аз  мо вобаста нестанд ва коре, ки метавонем бикунем ин аст, ки онро дар хотир дошта бошем.

Омилҳои дигар ба пуррагӣ метавонанд таҳти назорат бошанд  ва пешгирӣ шаванд.

Тамокукашӣ омили бадтарин аст, ки бояд фавран аз он даст кашид!

Агар мубталои фишорбаландӣ ҳастед, бояд фишори худро дар сатҳи  меъёр нигоҳ доред (120/80), аз вазъи обу ҳаво воқиф бошед! (гармои шадид ва буҳронҳои магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешавад)

Чарбуи хуни худро дар сатҳи  меъёр (5 ммол/литр) нигоҳ доред!

Қанди хуни худро  пайваста назорат кунед!

Вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доред!

Бештар ҳаракат кунед ва аз ғизои серчарб даст кашед!

Агар ақалан яке аз ин омилҳо ба шумо хос аст, ба дилпизишк муроҷиат кунед ва пайваста аз муоинаи ӯ гузаред!

Агар ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ба сактаи дил гирифтор шудед,  чӣ бояд кард?

Ҳамон тавр, ки зикр кардем, дар ҳоли пеш омадани аломатҳои сактаи дил фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед!

Тибби имрӯза имконоти фаровонро барои табобати сактаи дил дорад, ки стентгузорӣ дар рагҳои дил, шунткунонии рагҳои дил аз ҷумлаи онҳо мебошанд ва  беморро тақрибан ба ҳаёти маъмулӣ бармегардонанд.

 

ФОТО