Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • АТЕРОСКЛЕРОЗ Ё "ШӮЛАИ ҒАЛИЗ"

    Атеросклероз равандест, ки дар решаи бештари бемориҳои системи дилу-раг нуҳуфта гардидааст. Ин беморӣ инчунин ба бемории қанд низ таъсири манфии зиёд дорад ва яке аз сабабҳои аворизи ин беморӣ ба шумор меравад.

     
  • БЕМОРИҲОИ ДАСТГОҲИ ГУВОРИШӢ (МЕЪДАВУ- РӮДА)

    Мутаасифона имрӯз ҳатто афроди нисбатан ҷавон, ки тарзи ҳаёти солим мебаранд метавонанд ба мушкилоти дастгоҳи гуворишӣ (меъдаву руда) дучор гарданд. Қабзият (запор), дарунравӣ (исҳол), нафхи шикам (метеоризм), дарди меъда, варами (иттисои) шикам метавонанд нишонгари бемориҳои гуногун бошанд.

     
  • ДАНДОНҲОИ СУНЪӢ

    Дандони сунъи ё протезҳои дандон дар асл тақлиди қисмати болоии дандон ба шумор меравад. Дандонҳои сунъӣ имрӯз аз масоили маҳкам ва тобовар сохта мешаванд ва дар зоҳир аз дандонҳои табии ҳеҷ тафовуте надоранд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

«Арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат»

   Дар урфият мегӯянд: «Арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат».

Ин мақол дар мисоли ироаи хадамоти тиббӣ мафҳуми  хос  пайдо мекунад.

Бештари мардуми мо бовари  ғалате доранд, ки  хадамоти тиббӣ бояд ройгон  ё ҳадди аққал арзон бошанд.

           Дар ин амр, ки хадамоти босифати тиббӣ бояд ба ҳама дастрас бошад, шакке нест.

        Вале инро чӣ гуна метавон ташкил кард?

Сараввал бубинем, ки барои ироаи ин хидмат чӣ сарф мешавад?

-маоши мутахассис;

-васоили масрафӣ;

-дору;

-таҷҳизот;

-бино ва нигоҳдории он;

-андозҳои мухталиф  ва ғайра

      Оё имкон дорад, ки мо дар ин руйхат сарфаҷӯӣ кунем?

       Агар ба мутахассис маоши кам бидиҳем, набояд интизор бошем, ки табобати хуб мегирем.

         Агар дар масрафҳои дигар  сарфа бикунем, ноилоҷ бояд ба сирояти бемориҳо розӣ бошем.

           Агар доруи арзон мехоҳем, бояд  бидонем, ки табобат муассир нахоҳад буд.

            Агар таҷҳизоти замонавии аврупоӣ надошта бошем, ташхис  ва дармон ноқис  хоҳад буд.

             Бе барқ, гармиву сардӣ ва  ва пардохти ҳаққи обу фозилоб, ки ҷузъи  нигоҳдории бино ҳастанд,  фаъолият номумкин аст.

              Ин аст, ки маънии мақол равшан гашт. Яъне агар мо ба дунболи  сарфаҷӯӣ дар пардохти хидмати тиббӣ бошем, яқинан ба хидмати пастсифат, ки ба авориз ва ҳатто марг мерасонад, розӣ ҳастем!

              Аммо, аз тарафи дигар,  на ҳама тавони пардохти пули зиёдро барои табобат доранд.

             Пас чӣ бояд кард?

              Бояд розӣ шавем, ки ҳар ки пул надорад, дарду ранҷаш даво наёбад?

               Оё фақат мардуми кишвари мо бо ин мушкил  рӯбарӯ шудаанд?

                 Агар не, пас кишварҳои дигар ин мушкилро чӣ гуна чора кардаанд?

                Кишварҳое, ки пеш аз мо иқтисоди бозорӣ доштанд, ин роҳро тай кардаанд ва дарк карданд, ки чораи муассири ин мушкил суғуртаи тиббист.

                Суғуртаи тиббӣ чӣ гуна амалӣ мешавад?

                Суғуртаи тиббӣ қарордод ё паймонест, ки дар байни ширкати суғуртавӣ ва муштарӣ баста мешавад ва  мутобиқи он ширкат ба ивази пардохте муваззаф мешавад, ки хазинаҳои табобатии муштариро дар ҳоли пеш аз (?)  пайдо шудани зарурат пардохт бикунад.

                Мардуми мо, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ зиёни ҳангуфт аз коғазҳои қимматнок, пасандозҳои бонкӣ ва дигар муомилоти молиявӣ дидаанд, ба суғурта низ  бо чашми  шубҳа менигаранд. Вале дигар замона тағйир хурдаву қонун ҳоким гаштааст ва муштариён тибқи қарордодҳо метавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд.

                 Инак ба ҷое расидем, ки қисмати дуввуми мақолро низ таъриф мекунад. Вақте инсон мехоҳад ба саломатияш расидагӣ кунад, бояд муассисаи беҳтарини тиббиро интихоб кунад! Зеро гарон бе ҳикмат нест!

             Ба ширкатҳои суғуртавӣ («Суғуртаи миллӣ)  муроҷиат кунед ва мутмаин бошед, ки дар ҳоли пеш омадани зарурат дар беҳтарин муассисаҳои тиббӣ ройгон табобат хоҳед гирифт!

 

ФОТО