Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИРОАИ КИТОБИ "ҲАЗОРВОЖАИ ЧАҲОРЗАБОНАИ ПИЗИШКӢ"

    Ҳар кас ба забони худ забондон гардад,

    Донистани сад забон осон гардад.

    Рӯзи 15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби "Ҳазорвожаи Чаҳорзабонаи Пизишкӣ" пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

     
  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

     
  • ЗАРДАҶӮШ Ё СӮЗИШИ МЕЪДА

    Адмирали маъруфи англис Г. Нелсон, ки дар ҷанге аз як чашмаш маҳрум шуда буд ҳамеша мегуфт: "Ман ҳозирам чашми дуввумамро ҳам бидиҳад, фақат маро аз зардаҷӯш наҷот диҳед".

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

ДОСТОНИ ИНФАРКТИ ОҚОИ РУСТАМ

Доктор Ҳусейн Сомии АЛДУБУНЙ

Оқои Рустам марди миёнсоли хушхулқ ва аёлдорест, ки хеле фарбеҳ буда, сурати сурху сафед дорад. Одатан ҳамаи рӯзҳо, субҳ то шаб машғули кор ва пайдо кардани ризқу рӯзӣ буда, барои дамгирӣ вақт надорад. Субҳ то шом дунболи ёфтани ризқу рӯзӣ ва таъмин намудани оилааш аст. Ҳарчанд пизишкон ба ӯ чанд сол пеш гуфта буданд, ки фишори хунаш баланд аст ва бояд дору истеъмол намуда, фишорашро дар меъёри муътадил нигоҳ дорад, аммо ӯ эътиное накарда, бо худ мегуфт: «Ҳоло, ки мушкиле эҷод намекунад, чаро бояд  доруи химиёӣ  бихӯрам?»

Бархе мегуфтанд, чарбу (холестерин)-и хунаш болост, аммо ӯ зиёд ба ин ҳарфҳо бовар нодошт, ҳарчӣ дилаш мехост, мехӯрд, ҳаргиз парҳез ва диэтаро риоя наменамуд ва доруи зиддичарбӣ ҳам истеъмол намекард. Шояд қанди хунаш ҳам боло бошад (охир зиёд ташна мешуд, зуд-зуд ба ҳоҷатхона мерафт).  Росташ, окои Рустам сигару носро ҳам хеле нағз мебинад ва доим дар вақти истироҳатҳои кӯтоҳмуддат дар давоми рӯзи кориаш сигор ё нос мекашид.

Дар яке аз рӯзҳое, ки акои Рустам сахт дар ҳоли давидан ва пайи касби рузӣ буд, эҳсос кард, ки синааш дард гирифтааст. Чанд дақиқае нагузашта буд, ки дардаш бисёр сахт шуд ва оқои Рустам дид, ки арақи сарде бар пешонӣ ва баданаш нишастааст. Дард дигар қобили таҳаммул набуд, дӯстонаш бо аҷала Ёрии таъҷилиро хабар карданд ва оқои Рустами бечора бо ҳоли низор ба бемористон расонида  шуд.

                                                        ДАР БЕМОРИСТОН

Дар беморисгон пизишкон оқои Рустамро мавриди муоина қарор доданд. Пас аз таҳияи навори дил (электрокордиограмма) ба ӯ гуфтанд, ки дучори инфаркг (сактаи дил) шудааст. Пас аз он оқои Рустами бечора таҳти дармон қарор гирифт, чанд соате баъд дардаш кам шуд. Пас аз чанд рӯз, ки аз бемористон мураххас шуд, дучори инфаркт шуданашро ба ӯ гуфта таъкид карданд, ки бояд дору истеъмол бикунад. Бо каме роҳ рафтан оқои Рустам дучори тангнафасӣ мегардид ва маҷбур мешуд, ки биистад, пойҳояш ҳам кам-кам варам карданд. Пизишкон мегуфтанд, ки дили ӯ дучори норасоӣ шудааст ва эҳтимол хатари марг дам ӯро таҳдид мекунад. Бо ин вазъият оқои Рустам наметавонисг дигар корҳои рӯзонаашро ба хубӣ анҷом диҳад. Маҷбур буд, ки ба истироҳат пардозад ва бар сари кор наравад. Дигар аз оқои Рустам, дӯсти фаъоли мо, як оқои Рустами бемор бар ҷо мондааст. Акнун таъминоти модии хонаводааш низ мушкил гардидааст. 

БЕМОРИИ ОҚОИ РУСТАМ ЧЙ БУД?

Чаро оқои Рустам ба ин гирифториҳо дучор шуд? Чунки дили солими ӯ дучори инфаркт (сактаи халб) шуда буд, Чаро сакта карда буд? Чунки авомили хатар, яъне фишори хун, бемории қанд (диабет), афзоиши чарбии хун, сигору нос, фарбеҳӣ рагҳои хунрасони дили ӯро бемор карда буд. Сактаи қалб вақте эҷод мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз paги хунрасони дил (яъне раги иқлилӣ - тоҷӣ ё коронарӣ) хун мегирад бо баста шудани paг ба далели ташкили  лахта дар дохили paг мемирад ва аз байн меравад.

Мушаки дил пас аз қатъ шудани хунрасонӣ муддати бист дақиқа зинда мемонад ва пас аз он аз байн меравад. Ин замонро, ки байни шуруъ шудани дард ва аз байн рафтани мушаки дил вуҷуд дорад, замони тиллоӣ мономанд, Яъне дар ин замон аст, ки агар битавонем, раги дилро боз кунем ва хунро ба мушаки дил бирасонем, мумкин аст осеби мушаки дилро коҳиш диҳем. Ҳарчӣ зудтар хун ба мушак бирасад, қисмати камтаре аз мушак аз байн меравад.

ЧЙ  РОҲҲОЕ  БАРОИ  ДАРМОНИ  ИНФАРКТ  ВУ ҶУД  ДОРАНД?

Асоси дармони инфаркти дил-беморие, ки дар камини ҳамаи мост, ин аст, ки раги басташуда боз шавад ва хунрасонӣ барои раги дал барқарор карда шавад. Барои боз кардани раги баста як роҳи асосй ин аст, ки бемор ҳарчи зудтар ба бемористоне, ки имкони ангиография (яъне тасвирбардории мустақим аз рагҳои дил) ва озмоишгоҳи кататеризм (катлаб) дорад, расонида шавад, то ки бо истифода аз балонҳои кӯчак ва як навъ василаи зариф ба номи стент раги қалб боз карда шавад. Дар тамоми кишварҳои пешрафта саъй бар он аст, ки бо роҳандозии хидматрасониҳои ёрии таъҷилӣ ва бемористонҳо ин имкон ба вуҷуд ояд, ки беморон ҳарчӣ зудтар ба бемористонҳои дорои ангиографй ва имкони ангиопласти (яъне боз кардани раги дил бо балон ва стент) бира- санд. Дар ин ҳолат бояд бемористонҳои омода барои хидмати 24 - соатаи ангиопластӣ дар тамоми рӯзҳои ҳафта ва ид вуҷуд дошта бошанд ва имкони расонидани сареъи беморон ба бемористон мавҷуд бошад.

Вуҷуди ин имконотро Шабакаи ангиопластии аввалия мегӯянд, ки ҳар шаҳру кишваре бояд онро барои худ тарроҳӣ кунад. Асоси дармони беморони сактаи қалб ва ин, ки дучори аворизе чун маргумир ё сарнавиште чун дӯсти мо Рустам надошта бошанд, бо эҷоди ин шабака аст.

Роҳи дигари дармони сактаи қалб истифода аз доруҳои ҳалкунандаи лахта (ё тромболитик) аст. Ин доруҳо метавонанд лахтаро дар хун ҳал кунанд. Аммо муаваффақияти ин равшаниҳо сарҷамъ ҳудуди 50 - 60 %  аст, илова бар ин бемороне, ки хатари хунрезӣ, собиқаи сактаи мағзӣ доранд, хеле пир ва дорои шароити дигар мебошанд, намотавонанд аз ин равиш истифода кунанд.

БЕМОРОНИ САКТАИ ҚАЛБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА АТРОФРО ЧЙ БОЯД КАРД?

Дар ҳоли ҳозир Шабакаи аигиопластии аввалия дар шаҳри Душанбе ва аксари шаҳрҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо дар пойтахти Тоҷикистон аз панҷ соли пеш бо мусоидати Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ-Бемористони бемориҳои дилу гурдаи ба номи Ибни Сино дар маркази шаҳр эҷод шудааст. Ин Бемористони муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои пешрафта ва мутахассисони варзида омода аст беморони дучори сактаи дилро дар тамоми 24 соати шабонарӯз барои дармони фаврӣ бипазирад.

Ин, ки бемороне чун оқои Рустам метавонанд аз ин имконот истифода кунанд ё не, бастагӣ ба эҷоди Шабакаи ангиопластии аввалия дар шаҳри Душанбе ва атроф ва муроҷиаю фиристодани беморон ба суръат барои дарёфти ин хидмат ба ягон маркази мавҷуд дар шаҳр дорад.

Иттилоърасонӣ ва муталлеъ кардани беморон ва кадрҳои пизишкӣ аз хатари сак­таи қалб ва роҳҳои модерни дармони он би­сёр муҳим аст.

Умед аст, ки бо иттилоърасонии ҳарчӣ бештар ва эҷоди Шабакаи ангиоаластӣ ва истифода аз Бемористони Ибни Сино беморони камтаре ба сарнавишти бародарамон Рустам дучор шаванд.

Бо орзуи саломатии шумоҳамшаҳриён ва ҳаммеҳанони азиз!

 

 

 

 

 

 

ФОТО