БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

     
  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

     

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

     Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Барномаи «Амал» пардохти 80 дарсади маблағи табобатро кафолат медиҳад

Комрон Ҳамроев:

 Чанде пеш барномаи суғуртавии «Амал»-и ташкилоти «Суғуртаи миллӣ»  ба марҳалаи иҷро омад, ки масъулонаш мегӯянд,  дар чаҳорчӯби он   то 80 %-и маблағи дармон ва ҷарроҳии  муштариёнро  пардохт хоҳанд кард. Дар кишвари мо, ки мардум аз таҷрибаҳояшон медонанд, то кисаашон пур набошад, бояд дардро таҳаммул кунанду рӯйи ниёз ба пизишкон наоваранд,

рӯи кор омадани ин барнома хеле ҷолиб ва боварнакарданӣ ба назар мерасад.  Агарчи суғуртаи тиббӣ дар  кишварҳои пешрафтаи дунё амри маъмулист, дар ҷумҳурии  мо мардум ё иттилоъ дар ин бора надоранд, ё эътимод.  Барои равшанӣ андохтан ба ҷузъиёти ин барнома ва наҳваи амали он  мо ба директори генералии ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» Комрон Ҳамроев сӯҳбат доштем, ки инак  фишурдаи  он  пешкаши хонандагон  мешавад.

 - Муҳтарам ҷаноби Њамроев ! Лутфан бигӯед, ки барномаи нави суғуртавии ташкилоти  шумо аз барномаҳои қаблиатон чӣ тафовут ва афзалиятҳо дорад ва барои чӣ мардум бояд аз он истифода бикунанд?

 - Ҳамаи барномаҳое, ки то ин дам ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» пешниҳод  кардааст, мавриди истиқболи гарми  муштариён шудаанд ва  то кунун  теъдоди  зиёди шаҳрвандон  аз онҳо  истифода менамоянд. Вале ба хотири густариши  имкониятҳои ниёзмандон  мо пайваста барномаҳои нав ба нав таҳия мекунем, ки ҳама ба хотири расонидани хизмати шоиста ба мардум аст. Дар муддати кӯтоҳе, ки аз роҳандозии барномаи «Амал» сипарӣ мешавад,   муштариёни зиёд ба он пайвастанд ва   аз хидматҳои  босифати ташхисию дармонии  Бемористони Ибни Сино истифода бурда истодаанд. Афзалият ва ё тафовути аслии  ин барнома аз барномаҳои қаблии ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” дар он аст, ки дар  барномаи “Амал”  маҳдудияти синнусолӣ барои  суғурташавандагон вуҷуд надорад.    Њамчунин муоинаи тиббии қаблӣ, ки шарти муҳим барои дигар барномаҳои суғуртавӣ аст,  дар ин барнома вуҷуд надорад.  Барнома ҳудуди 500 намуди хизматрасониро дар 15 бахши Бемористон дар бар мегирад. Ва ниҳоят,  барномаи “Амал”пардохти то 80 % маблағи табобати  суғурташудагонро замонат медиҳад.  

 - Воқеан ҷолиб аст! Дар барнома таъкид шудааст, ки  ҳар нафар метавонад бо пардохти 500сомонӣ соҳиби корти суғуртавӣ шавад ва дар ивази он  дар муддати як сол ба маблағи 20 000 сомонӣ дар беҳтарин бемористони кишвар –Бемористони Ибни Сино хадамоти ташхисиб дармонӣ бигирад. Яъне муштарии ин барнома ба маблағи баробар бо 19 500 сомонӣ ташхиси ва дармони ройгон хоҳад гирифт. Аммо суол ин аст, ки ширкати шумо чӣ гуна ва аз кадом ҳисоб метавонад ин маблағи   пӯшишро барои теъдоди зиёди муштариён  кафолат бидиҳад?  

  - Қудрат ва тавоноии ҳар ташкилоти суғуртавӣ,  аз ҷумла ширкати  мо низ дар шумораи ҳарчи  бештари суғурташавандагон аст. Њар қадар  шумораи муштариён бештар бошад, ҳамон қадар ҳар кадоми онҳо ва ҳам ташкилоти мо тавоноии бештар пайдо мекунанд. Яъне суғурта мисли ҷамъиятест, ки барои рӯзи мабодо аз ҳар  нафар аъзо ба миқдори кам пул захира мекунад ва дар сурати зарурат  маблағи ҷамъовардаро барои нафарони ниёзманд харҷ    менамояд. Ин барнома хеле хуб таҳия  шудааст ва мо кафолати пурраи ваъдаҳои худро медиҳем, дар акси ҳол ташкилоти мо фаъолият намекард.  

 - Вақте мо бо ҷадвали барномаи «Амал» шинос мешавем, мебинем, ки  пардохт аз ҷониби ташкилоти суғурта агар дар бахше 80 %-ро ташкил диҳад, дар бахши дигар то 10%  ва баъзан вақт то 5 %-ро ташкил медиҳад. Сабаб дар чист?

 - Пеш аз таҳия ва тадвини  барномае мо пеш аз ҳама ниёзи  мардумро ба ин ё он соҳаи хидматрасонии тиббӣ  ба назар мегирем, яъне вазъи мавҷудаи  хизматрасонии тиббиро меомӯзем ва оморро таҳлил мекунем.

         Чун маълум гардид, ки талаботи мардум ба  бахшҳои ёрии таъҷилӣ, дандонпизишкӣ, машварати мутахассис, УЗИ, рентген ва ғайра зиёд аст, пардохти  ташкилоти суғуртаро  маҳз дар ин бахшҳо то 80 % муайян кардем. Вале чун омори ҷарроҳии дил ва  ҷарроҳиҳои дигарро баррасӣ мекунем, мебинем,  ки аз чанд ҳазор нафар бемор, эҳтимол  як ё ду нафар  ниёз ба ҷарроҳии дил  дошта бошад. Маҳз бо ҳамин далел мо барномаро ба ин тарз тартиб додем.

Барои чӣ дар барномаҳои ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» танҳо хизматрасонӣ дар Бемористони Ибни Сино пешбинӣ  шудааст?

 - Аввал ин, ки мо на танҳо бо Бемористони Ибни Сино, балки бо якчанд бемористонҳои дигар, аз ҷумла Маркази саломатии шаҳрӣ, марказҳои саломатии   № 2, № 5, № 6, № 8, № 10, № 14  шаҳри Душанбе ва Маркази саломатии шаҳрии № 1-и шаҳри Хуҷанд шартномаи ҳамкорӣ дорем.

Сипас бояд як нуктаро таъкид намоям, ки барои бо мо ҳамкорӣ намудан бемористонҳо бояд нархномаи расмӣ дошта бошанд ва  сифати хизматрасониашон дар сатҳи баланд ва ба талаботи  ҷаҳони муосир ҷавобгӯ бошад.

- Табиист, нафароне ҳам ҳастанд,  ки суғурта мешаванд, вале то поёни  муҳлати суғуртаашон  ба шумо  муроҷиат намекунанд ва ё хеле кам аз хизмати тиббӣ истифода мебаранд, оё ин шахсон аз  имтиёзе бархурдор хоҳанд буд?

- Ба нафароне, ки суғурта шуданду то поёни муҳлати суғурта  аз хизмати тиббӣ истифода накардаанд ва ё хеле кам истифода карданд, дар сурати такроран дар соли оянда суғурта шуданашон имтиёз дода мешавад. Маблағи пӯшиши онҳоро  то 20 % зиёд карда мешавад.

 - Бештар шудани теъдоди суғурташудагон чӣ нафъе ба эшон хоҳад дошт?

 - Чунонки дар боло зикр намудем, тавоноии мо ба   теъдоди суғурташудагон вобаста аст,  дар сурати зиёд шудани шумораи муштариён  мо имкон пайдо мекунем доираи фаъолияти хешро васеъ намуда, филиалҳои худро дар минтақаҳои дигари кишвар боз кунем, ки ин икдом барои хоҳишмандоне, ки дар дигар навоҳии кишвар умр ба сар мебаранду ба хизмати босифати тиббӣ ниёз доранд, мувофиқ ва муносиб хоҳад буд.  

 

Гулҷаҳон Қодирова 

 

 

       

 

 

 

ФОТО