БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Хамоиши пизишкони дил дар Хучанд

Ҳамоиши пизишкони дил дар Хуҷанд.Шанбе, 20 Феврал соли 2010 - 15:00

 Дуктур Сомӣ чанд намуна аз ҷарроҳии худро бо сабти видиюӣ барои пизишкони вилояти Суғд ба намоиш гузошт

Барои бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши пизишкони арсаи ҷарроҳӣ ва дилшиносӣ баргузор шуд.

Ин ҳамоиш рӯзи шанбеи 20 феврал ба ибтикори бемористони Ибни Сино зери унвони "Истифода аз дастовардҳои тибби муъосири ҷаҳонӣ дар бемористони Ибни Сино" баргузор гардид ва дар ҳамоиш беш аз 100 тан аз пизишкон аз устони Суғд ширкат доштанд.

 

Расул Ғафуров, сарвари кулли бемористони Ибни Сино, гуфт, ки ҳадаф аз ин ҳамоиш мусоъидат ба рушди тибби хусусӣ ва ворид кардани текнулужии ҷадид дар арсаи беҳдошти Тоҷикистон аст.

Оқои Ғафуров гуфт, ки феълан бемористони Ибни Сино бо технулужии мудерн ва васоили пизишкӣ ба маблағи 6 милюн дулор аз сӯйи соҳибкорон муҷаҳҳаз шудааст ва дар назар аст то ба 2 милюн дулори дигар васоили пизишкӣ харидорӣ шаванд.

 

Пизишкони суғдӣ дар ҳамоише гирдиҳам омаданд

Ҳамчунин, оқои Ғафуров афзуд: "Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҷарроҳии дил ба Олмон, Русия ва Эрон сафар мекарданд. Алъон метавонанд бо нархи то 20 дарсад пойинтар дар бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ кунанд. Ҳоло дар бемористони Ибни Сино шароите вуҷуд дорад ва маризон метавонанд ташҳти муроқибати мутахассисини эронӣ табобат шаванд."

Ин дар ҳолест, ки Далил Тошматов, сардори умури беҳдоштии вилояти Суғд, гуфт, ки феълан дар ин вилоят текнулужии ҷадид дар ин арса вуҷуд надорад ва дар оянда барномае пешбинӣ шудааст, то текнулужии тоза ба бемористонҳои Суғд ворид карда шаванд.

Дуктур Сомӣ, пизишки эронӣ аз бемористони Сино, ки дар мавзӯъи тозатарин дастовардҳои пизишкӣ дар ташхис ва дармони беморони дил дар Тоҷикистон гузориш мекард, чанд намуна аз ҷарроҳии худро бо сабти видиюӣ барои пизишкони Суғд ба намоиш гузошт.

Оқои Сомӣ бештар аз маризиҳои фишори хуни боло, тангшавии шараёни рагҳои дил ва бемориҳои диобет дар Тоҷикистон сӯҳбат кард.

 

Оқои Рабиев мегӯяд, ки маризонро ҳоло бештар ба бемористони Сино дар Душанбе равона мекунад

Муҳаммад Меҳдӣ Ҳусайнӣ, профессор дар бемористони Сино, аз эндовидиюуроложӣ дар Тоҷикистон гузориш дод. Оқои Ҳусайнӣ маризии санги дохили гурдаро мушкили аслии Эрону Афғонистону Тоҷикистон хонд ва гуфт тавассути васоили мудерн табобати он вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, Абдусалом Рабиев, муъовини умури беҳдоштии вилояти Суғд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки қаблан пизишкон маризонро барои табобат ба давлатҳои хориҷӣ мефиристоданд, вале алъон пизишкони Суғд маризонро барои табобат ба бемористони Ибни Сино, воқеъ дар шаҳри Душанбе, равона мекунанд.

Зимнан, бемористони Ибни Сино соле қабл дар шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохт ва дар ин бемористон чандин амали ҷарроҳӣ тавассути текнулужии мудерн анҷом шудааст.

ФОТО