БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова.

     

    Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

     
  • Хатари фавт аз вируси ҳепотит бештар аз хатари короност

    Пизишки бемористон,

    Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки  маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.

     
  • Омилҳои беруна ба чашмони мо чӣ таъсир мерасонад?

    Чашмпизишки бемористон,

    доктор Бобоҷонова Шаҳло.

     

    Олимон мегӯянд, ки мо 90 дарсади маълумотро дар бораи ҷаҳони атрофамон тавассути чашмонамон дарёфт мекунем.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Алӣ Саломат

Кафолат

Аҳолии Тоҷикистон аз Бемористони Ибни Сино интизорӣ ва умедҳои зиёд доранд. Дар миёни мардум, ба хусус корафатодагон, қавле машҳур аст, ки агар дар хеч ҷое дардат даво нашуд, ба Ибни Сино бирав, шифо меёбӣ.  Мо ҳам пайваста талош мекунем, ин интизориҳоро бароварда кунем ва мардумро ноумед барнагардонем. 
Аммо гоҳе беморе ва ё пайвандони ӯ чун тасмим мегиранд, ки ҷарроҳӣ бикунанд, аз пизишкон кафолати шифои комилро талаб мекунанд.

Ҳоло мехоҳам дар бораи ҳамин кафолат ё гарантияи ҷарроҳию дармони беморон сухбат бикунам.

Кафолат худ чист? Ба бемори дил, ки ҳеч духтуре дар бемористонҳои дигар қабул намекунад ва 5 то 10 % шонс дорад, ки ҷарроҳиаш бомуваффақият анҷом ёбад, фақат чарроҳи мағрур ба худ метавонад кафолат бидиҳад! 
Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки кори гурда, дил ё меъдаи нафаре нуқсон дорад. Чи гуна мешавад кафолат дод, ки кори ин узв комил мешавад.  Магар инсон мошин аст, ки мо узви кӯхнаро берун биёварем ва узви навро, ки корхона фалон сол кафолати корашро додааст, ба ҷояш насб кунем?  Масалан, аз сабаби тангии маҷрои пешоб, ё санге рохи пешоби нафаре баста ё танг шудааст ва фаъолияти гурдааш кохиш ефта, полоиши хунаш ноқис гардидааст. Кори пизишк дар марҳалаи аввал дуруст ташхис гузоштан аст. Вакте ташхис дар асоси озмоишхои амалӣ ва лабораторӣ дуруст муайян мегардад, тасмим гирифта мешавад, ки чӣ коре барои мариз анчом бояд дод, то ки рохи пешоб боз шавад. 
Дар ин мархила ҳадаф факат боз кардани рохи пешоб аст, ки худ имкони пеш омадани аворизро дорад. Агар пас аз амал рохи пешоб боз шавад, бояд дид, ки банд шудани рохи пешоб чи андоза ба фаъолияти гурда садама задааст. Агар гурда фаъол шуда бошад, муваффак шудаем. Агар не, бояд дид, ки мушкил боз дар куҷост? Шояд боз ба марҳалаи дигари табобат ниёз бошад. 
Худи ин, ки пизишк ва бемористон маризро кабул мекунанд, кафолати беҳбуд ёфтани вазъи бемор аст.  Яъне, агар пизишк итминон надошта бошад, ки бемор хуб мешавад, ба табобати ӯ намепардозад, зеро даромади пизишк дар Бемористони Ибни Сино мустақиман ба пардохти бемор вобаста нест, балки марбут ба муваффақияти дармон аст. Дар сурати пеш омадани авориз ва бо муваффакияти камтар анҷом ёфтани дармон азоби пизишки муолич ё чаррох камтар аз азоби бемор ва пайвандони ӯ нест. Ғайр аз ин, комиссияи назорати табобат ва масъулони табобатии бемористон кори пизишкро санҷида, хулосабарорӣ ва натичагирӣ мекунанд. Пизишки хуб хеч гох беморро дар нимарох намегузорад ва саъй мекунад ва аз ҳама донишу таҷрибаи худ истифода мекунад, то табобатро ба таври ниҳоӣ ба поён бирасанод. Вале ин амр хамкории зич ва пайваста ва гоҳе тулонии тарафҳоро мехохад, то бемор хуб бишавад ва ба вазъи маъмулиаш баргардад.
Баъзан табобат моҳҳо тӯл мекашад, ки таҳаммул ва бурдбории зиёд мехохад.
Ва ҳамчунин гоҳе зимни табобати беморие, маризихои дигар ва музмини бемор хурӯч мекунанд ва ё ҳассосияти инфиродии шахс мушкилоти хосро пеш меорад. Дар ин ҳол ӯ ба шуъбаи дигар мунтакил мегардад, ки албатта, набояд сабаби даъво ва норизоии бемор ва наздиконаш гардад.
Дар бемористон танҳо пизишк нест, ки бо бемор сару кор дорад ва ба қавле «ҳар чи ки дилаш хост», ё «чунонки худаш медонад» бо бемор муносибат бикунад. 
Фаъолияти ҳамарӯзаи пизишк дар шуъба, конференцияи пизишкӣ, аз ҷониби масъули назорат бар табобат ва комиссияи назоратӣ пайваста назорат ва баррасӣ мешавад, ки кафили дурустии ташхису табобат мебошанд.
На хама иттилоот ба таври муфассал ба хешовандони бемор гуфта мешавад, зеро вақти пизишк бояд бештар сарфи дармони беморон бишавад, то хондани маърузаҳо, ки бештар вақт ба сабаби ҳирфаӣ буданашон барои одамони касбу кори дигар фаҳмо ҳам нестанд ва баръакс боиси сардаргумии онҳо мешаванд. 
Инак омил ва василаҳое, ки бояд заминаи итминон ба пизишк ва табобати ӯ бишаванд:

  • таҷҳизоти хубу пешрафта, ки ташхисро дакик мекунанд
  • технологияи навин, ки боиси бо камзахмӣ ва дар муддати кӯтоҳ дармон шудани бемор мегардад
  • иштироки мутахассисини соҳаҳои мухталифи тиб, ки дар муоинаи бемор ва тасмими табобати ӯ ширкат ва аз ин тариқ пеши роҳи иштибоҳотро мегиранд
  • назорати масъули бахши табобат ва амал
  • назорати комиссияи дармонӣ 
  • Омилҳое, ки зарурати риояташон мӯчиби муваффакият мешаванд:
  • хамкорӣ бо пизишк
  • риояти тавсияхо
  • истеъмоли саривактии дорухо
  • мурочиати саривактӣ ба мутахассисон

Кафолати табобати комил ҳамон қадар, ки ба пизишк, ба ҳамон мизон ба худи бемор низ марбут аст!

ФОТО