БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КАМХОБӢ, ФИШОРӢ БАЛАНД ВА САКТАИ ҚАЛБӢ

    Тибқи таҳқиқотҳои ҷадиди пизишкӣ, камхобӣ ва хоби бекайфият эҳтимоли боло рафтани фишори хунро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Аризонои ИМА ба натиҷа расиданд, ки камхобӣ яке аз авомили бузурги сактаи қалбӣ, сактаи мағзӣ ва ҳатто марги ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва рагӣ мегардад.

     
  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Холиқов Абдумурод

Дӯстони азиз!

Илми тибб ва табобат дар дунё рӯз ба рӯз тавонотар, муҷаҳҳазтар  ва сифати хаёти одамиро беҳтар мегардонад.

Хушбахтона,  навовариҳое,  ки дар кишварҳои пешрафтаи дунё  бо маблағгузорӣ  ва омӯзишҳои гаронқимат ба даст меоянд,  аз тариқи Бемористони Ибни Сино ба мардуми кишвари мо низ  дастрас мешаванд.

Агар қаблан  ҳама абзори пизишкӣ дар   ҷомадончае мегунҷид  ва  ин абзор ба воситаи ҷӯшонидан дар об  безарар гардонида мешуд, ҳоло феҳристи васоили масрафии як бахш ба хазорхо  номгӯй  мерасад!

      Пешрафти илму технология аз як тараф,  ташхисро дақиқ ва табобатро муассиртар  карда бошанд,  аз тарафи дигар,  нигоҳдории таҷхизот, дору ва васоили  масрафии зиёд қимати дармонро боло бурдаанд.  Инчунин асри суръатҳои кайҳонӣ   ба пайдоишу интишори бештари маризиҳое аз кабили  ВИЧ, гепатитхо ва ғайра мусоидат намуд, ки ин амр  тақозо  мекунад,  ваксинхои нав кашф карда  ва василаҳову  моеъҳои тозакунӣ  пайваста нав карда шаванд, то  аз сирояти ин вабоҳои аср пешгирӣ  шавад.

       Иттифоқан, дигар тибби пешрафта ҳарчи бештар майл ба  амалхои камзахм   (minimal invasive) дорад,  ки ҳама васоили масрафии он низ воридотӣ буда,  гаронқимат аст.

       Мутаассифона,  тавлиди доруҳо ва  васоили масрафии тиббӣ дар  кишвари мо  рушд накардааст ва мо тақрибан ҳамаи онҳоро аз хориҷи кишвар ворид мекунем.

      Вақте бемористон бо таҷҳизоти навин муҷаҳҳаз бошад, табиист, мутахассисине мехохад,  ки тавони кор бо таҷҳизот ва технологияи навро дошта бошанд.

        Бо сабаби пошхӯрии шӯравӣ ва ҷанги дохилии  кишвар соҳаи тибби мо ҳам  хеле ақиб афтод ва пизишкон аз омӯзиши навгонихои ин соҳа  акиб монданд.  Аз ин сабаб мо маҷбурем, мутахассисонро  аз хориҷи кишвар даъват кунем, ки худ сарфи зиёд мехохад ва боз дар канори он барои омӯзиш персонали махаллӣ  низ нигох дорем,  ки албатта,  ҳазинахои моро дучанд мекунад.

      Тибби хусусӣ,   агарчи, дар канори бемористонҳои давлатӣ  дар амри  ҳифз ва барқарор кардани  саломатии мардум, ҳалли масоили иҷтимоии кишвар  саҳмгузор аст, вале  на танҳо аз будҷа маблағе намегирад, на танҳо   аз хеч имтиёзе   бархурдор нест,  балки  тамоми андозҳоро ба пуррагӣ  мисли як фурӯшгоҳе  мепардозад.

     Бемористон  як муассисаи бузург бо масъулияти вежа аст, ки сарфаҷӯӣ  дар он метавонад боиси  коҳиш ёфтани сифати  табобат ва аворизу олудагӣ шавад.

Инак, унсурҳое, ки барои бемористонҳои хусусӣ қиматсоз ҳастанд,  инҳоянд:

- харидорӣ ва нигоҳдории таҷҳизоти пешрафтаи сохти хориҷӣ;

- василаҳои масрафӣ;

- доруворӣ;

- василаву моеъоти тозакунӣ;

- ҳазинаҳои  ҳамлу нақл;

- боҷи гумрукӣ;

- дастмузду маоши мутахассисони дараҷаи баланд;

- андозу молиёти гарон;

      Чунонки гуфта шуд, хидмати тиббӣ, кори ихтисосӣ ва  вежа буда, бояд аз беҳтарин дастгоху васила ва доруҳо истифода карда шавад, зеро  хаёти инсонро,   ки мукаддас  аст, дар ихтиёр дорад!

       Яъне, ба андешаи банда сарфаҷӯии зиёд  дар кори пизишкӣ на фақат  мумкин нест, балки гоҳе метавонад бо ҷиноят ҳамканор бошад. Баръакс  дасти мутахассисони бемористонҳо бояд боз   ва хеч монеае дар масраф набошад, ҳатто,  агар дар мавридҳое  исроф ҳам  иттифок уфтад!

        Вале саволе ба миён меояд,  ки чун  аксари мардум имконияти пардохти ҳазинаҳои  хангуфтро надоранд, чӣ кор бояд бикунанд?  

       Ба ин савол низ даҳсолаҳо  пеш  дар кишварҳои пешрафта чавоб додаанд: роҳи дастрасии ҳамагон  ба тибби навину муассир ва пешрафти тибб низ, суғуртаи тиббӣ мебошад.  Ҳар касс метавонад бо узвият дар ширкати суғуртавӣ ҳазинаҳои табобатии худро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш бидиҳад. 

       Барои бемористон низ аз чанд чиҳат кор бо ширкати суғуртавӣ  афзалтар аст.

     Аввалан, ҳаҷми амал ва аворизи онро пешгӯӣ  кардан душвор аст  ва дар натиҷа нархи аз қабл эълоншудаи чарроҳӣ  метавонад ба маротиб боло равад, ки бемор  тавони пардохти онро надорад.  Шояд ҳангоми амал истифодаи васоили гаронқимат зарур шавад, ки дар нархнома пешбинӣ нашудааст. Ё баъди амал авориз пеш ояд, рӯзҳои бистарии мариз дароз шавад ва сарфи доруву мавод низ бештар аз пешбинӣ  шавад.

     Дар ҳамаи ин ҳолатхо бояд дасти кормандони бемористон боз бошад, бемор то шифои комил ёфтан  дар бемористон табобат бигирад ва тамаркуз бештар ба дармон бошад,  то ба даъвоҳои молӣ,  ки ин шароитро фақат суғуртаи тиббӣ  метавонад таъмин кунад.

     Ба ҳамагон саломатӣ  хоҳонам!

ФОТО