Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бахши ёрии таъҷилӣ

Хабар

  • ИРОАИ КИТОБИ "ҲАЗОРВОЖАИ ЧАҲОРЗАБОНАИ ПИЗИШКӢ"

    Ҳар кас ба забони худ забондон гардад,

    Донистани сад забон осон гардад.

    Рӯзи 15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби "Ҳазорвожаи Чаҳорзабонаи Пизишкӣ" пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

     
  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

     
  • ЗАРДАҶӮШ Ё СӮЗИШИ МЕЪДА

    Адмирали маъруфи англис Г. Нелсон, ки дар ҷанге аз як чашмаш маҳрум шуда буд ҳамеша мегуфт: "Ман ҳозирам чашми дуввумамро ҳам бидиҳад, фақат маро аз зардаҷӯш наҷот диҳед".

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Озмоишгоҳ

Доктор Фирӯза: Озмоишгоҳи замонавӣ - кафолати дармони муассир аст!

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино ҷузъи муҳимтарини он мебошад. Аҳамияти озмоишгоҳро намешавад нодида гирифт. Аз фаъолияти озмоишгоҳ муваффақияти ташхису табобат сад дар сад вобаста аст. Дар озмоишгоҳ аз инсон намуна мегиранд ва дар асоси мушаххасоти он ба вазъи ин ва ё он узв баҳо медиҳанд.  

Сӯҳбате доштем бо мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино Фирӯза Абдуваҳобова. Доктор Фирӯза фаъолияти касбиашонро дар яке аз бемористонҳои пешқадами Эрон такмил додаанд. Аз вазъу муваффақиятҳои озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино ба доктор Фирӯза чанд суоле додем. 

- Доктор Фирӯза, аз озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино  маълумоти мухтасаре диҳед.

- Озмоишгоҳ бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, ҷавобгӯи стандартҳои рӯз мебошад ва ҳамаи василаҳои масрафӣ маҳсулоти сифатнок мебошанд. Мутахассисони озмоишгоҳ одатан бо мариз кам рӯ ба рӯ мешаванд ва бештар бо бахшҳои бемористон ва пизишкон ҳамкорӣ мекунанд. Корашон хеле зариф ва масъулиятнок буда, диққати зиёд металабад, чунки натиҷаи корашон ба тақдири ҳаёти инсон вобастагӣ дорад. Бояд зикр кард, ки реҷаи кории озмоишгоҳи Бемористон Ибни Сино 24 соат мебошад.  

- Доктор Фирӯза, дар бораи ҳамкории озмоишгоҳ ва бахшҳои Бемористони Ибни Сино хонандаро огаҳ кунед.

- Кормандони озмоишгоҳ бо пизишкони бахшҳои Бемористони Ибни Сино ҳамкории зичи пайваста доранд. Танҳо аз хун садҳо намуди озмоишҳо муайян мешавад, мисоли таҳлили умумии хун, бохимияи хун, лахташавии хун, муайян шудани вақти лахташавии хун, серология, газҳои хун ва ғайра. Инчунин озмоишҳои имунноферментию бактериологӣ, озмоишҳои нутфа, озмоишҳои таҳлили умумии идрор, капрология ва ғайра гузаронида мешаванд. Вобаста аз теъдоди намакҳо, гази хун ва  микроэлементҳо маълум мешавад, ки кори гурда, шуш, ҷигар ва дигар узвҳо чӣ андоза расо аст. Инчунин аз бофтаю мушакҳо ва омосҳо пораи ҳуҷайраҳои бемор (биопсия) бардошта мешавад ва хушхим (доброкачественный) ва ё бадхим (злокачественный) будани он муайян мешавад. Аз натиҷаи таҳлили корманди озмоишгоҳ ва бахши амалкард пизишкон ба мариз ташхис мегузоранд. Ҳолати мариз ба натиҷаи таҳлили озмоиш таъсири муайянро мерасонад. Агар бемор сактаи дил гузаронда бошад , ё хунрезӣ дошта бошад корманди озмоишгоҳ инро дар таҳлили гузарондааш метавонад бинад. Дар ин ҳолатҳо мо бо пизишкон ба тамос мебароем, ҳолати доштаи маризро мушаххас мекунем ва ба пизишкон метавонем баъзе тавсияҳоро диҳем, аз қабили такроран ва ё баъд аз муддати муайян супоридани озмоиши мариз.

Бемористони Ибни Сино бахшҳои зиёд дорад ва дар онҳо 24 соат амалу ҷарроҳиҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар ҷаҳони имрӯз, ки тиб хеле зуд тараққӣ мекунад, мо кормандони озмоишгоҳ бояд хамарӯз дар паи омӯзиш бошем ва  ман шахсан хеле хурсандам, ки Бемористони Ибни Сино ба мо ин имкониятро фароҳам меоварад. 

- Доктор Фирӯза, ба мардум чӣ тавсияҳо дода метавонед? 

- Дарҳои Бемористони Ибни Сино барои маризон 24 соат дар шабонарӯз боз аст. Тозагии бемористон ва бехатарии мариз аз сироятҳо дар мадди аввал гузошта шудааст. Маризон натарсанд ва аз бемориашон шарм надоранд, саломатиашонро сари вақт муоина карда, аз нохушию нороҳатӣ худро пешгирӣ кунанд. Инчунин тавсия медиҳам, ки саломатии худро дар ташкилоти суғуртавии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» суғурта кунанд, ки мувофиқи он 15% маблағи хидматҳои озмоишгоҳро полиси суғуртавӣ пардохт менамояд. Ба ҳама тансиҳатӣ орзу менамоям. 

- Ташаккури зиёд, доктор Фирӯза!

- Саломат бошед! 

ФОТО