Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • АТЕРОСКЛЕРОЗ Ё "ШӮЛАИ ҒАЛИЗ"

    Атеросклероз равандест, ки дар решаи бештари бемориҳои системи дилу-раг нуҳуфта гардидааст. Ин беморӣ инчунин ба бемории қанд низ таъсири манфии зиёд дорад ва яке аз сабабҳои аворизи ин беморӣ ба шумор меравад.

     
  • БЕМОРИҲОИ ДАСТГОҲИ ГУВОРИШӢ (МЕЪДАВУ- РӮДА)

    Мутаасифона имрӯз ҳатто афроди нисбатан ҷавон, ки тарзи ҳаёти солим мебаранд метавонанд ба мушкилоти дастгоҳи гуворишӣ (меъдаву руда) дучор гарданд. Қабзият (запор), дарунравӣ (исҳол), нафхи шикам (метеоризм), дарди меъда, варами (иттисои) шикам метавонанд нишонгари бемориҳои гуногун бошанд.

     
  • ДАНДОНҲОИ СУНЪӢ

    Дандони сунъи ё протезҳои дандон дар асл тақлиди қисмати болоии дандон ба шумор меравад. Дандонҳои сунъӣ имрӯз аз масоили маҳкам ва тобовар сохта мешаванд ва дар зоҳир аз дандонҳои табии ҳеҷ тафовуте надоранд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Тавсия барои беморони гирифтори диабети қанд

  Диабети қанд бемориест, ки метавонад тамоми рагҳои баданро осеб диҳад. Барои мисол, метавонад бо иллатнок кардани рагҳои гурда боиси норасогии фаъолияти гурдаҳо гардад ё бо вайрон кардани рагҳои хунгарди дил сабаби пайдошавии бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард (инфаркт) ё марги нобаҳангом шавад. Иллатёбии рагҳои мағзи сар боиси ташаккулёбии сактаи мағз мегарданд. Вайроншавии рагҳои пой бошад сабаби пайдоиши гангрена ё тахрифи худи пой шуда метавонад.

 

Диабет инчунин ба вайрон кардани асаби масона, рӯда ва меъда ва ба пайдоиши мушкилоти пешоб, ҷинсӣ ва ҳазмкунӣ сабаб мегардад.  

Илова бар ин диабети қанд боиси вайрон гардидани рагҳои қаъри чашм, хунрезии чашм ва ё осеби биноиш шуда метавонад.

Барои назорат ва пешгирӣ аз ин гунна мушкилот бояд хуни бемороне, ки гирифтори дибет ҳастанд, бо истифода аз режими ғизоӣ ва маводи доругӣ дар сатҳи муқарарӣ поён нигоҳ дошта шавад.

Истифодаи бархе доруҳо метавонад сабаби пешгирии бемориҳои рагии диабет шавад:

-бемории чашм;

-норасогии гурдаҳо;

-сактаи дил;

-гангрена;

-сактаи мағзи сар.

Беморони азиз! Шумо агар дучори диабети қанд ҳастед, метавонед бо анҷом додани тавсияҳои зерин ва машварати пизишкони муолиҷакунанда аз пешрафти бемории диабет пешгирӣ намуда, то ҷое саломатии худро ҳифз намоед.

  1. Аз назари режими ғизоӣ, лозим аст, ки Шумо аз истеъмоли шириниҳо, мураббо, асал, шоколад ва шириниҳои мустақими диабетӣ худдорӣ намоед.
  2. Зарур аст, ки бештар моҳӣ истеъмол намоед, аз моҳӣ ва сабзавот дар хӯрокатон зиёд истеъмол кунед. Ба ҳадди имкон 5 бор дар як рӯз истеъмоли кабудӣ ва мева тавсия дода мешавад.
  3. Агар имкон доред, дар як ҳафта панҷ маротиба моҳӣ истеъмол кунед.
  4. Агар сигор мекашед, хатман аз ин одати бад даст кашед. Ҳатто аз мавзее, ки дар он ҷо сигор мекашанд, худро дур гиред.
  5. Варзиши муносиб бо тавсияи пизишк ба ҳифзи саломатии Шумо кӯмак мекунад.
  6. Беҳдошти пойҳоро бо диққат ҳифз кунед, пойпӯши танг напӯшед ва аз захмӣ шудани ангуштони пой канораҷӯӣ кунед.
  7. Бо истеъмоли доруҳои поёноварандаи қанд ва инсулин бояд сатҳи канди хунро комилан поён нигоҳ доред. Барои ин кор лозим аст, ки дастгоҳи назорати қанди хунро дар хона дошта бошед ва ҳар рӯз қанди хунро саҳар ва бегоҳ назорат кунед.
  8. Барои андозагирии сатҳи миёнаи қанди хун дар семоҳаи гузашта лозим аст, ки озмоиши HвА1C-ро анҷом диҳед. Ин озмоиши сатҳи миёнаи қанди Шуморо дар 90 рӯзи гузашта нишон медиҳад. Сатҳи HвА1C-ро бояд аз 6,5 паст нигоҳ доред. Поён будани HвА1C дар сатҳи камтар аз 6,5 аломати хуб назорат шудани қанди хуни шумост.Агар ин омил бештар аз 6,5 бошад, пас ин далели он аст, ки хуни Шумо хуб контрол нашудаву доруҳо, режими ғизоӣ ва ё варзиш кофӣ нест.
  9. Бояд сатҳи холестерини бади хуни худро, яъне ЛПЗП бо истеъмоли доруҳо ё режими ғизоӣ зери 70 мл/дл ё 1,8 ммол/л нигоҳ доред.
  10. Бояд сатҳи қанди хуни Шумо дар саҳаргоҳон дар сатҳи камтар аз 140 ва ҳангоми пеш аз хоб камтар аз 100 нигоҳ дошта шавад.
  11. Бояд чашмҳо солона як бор тавассути пизишки чашм муоина шаванд. Ҳамчунин солона як маротиба мизони сафедаи пешоб бояд санҷида шавад.
  12. Дар сурати мавҷуд будани микроалбумин дар пешоб, бояд фишори хун бо истеъмоли доруҳои фишори хуни муносиб камтар аз 120 рӯи 75 нигоҳ дошта шавад.
  13. Солона як бор бояд фишори хуни дасту пойҳо санҷида шавад, ҳамчунин вазъияти ҳиси пӯсти пойро тавассути пизишк муайян карда шавад.

Бо иҷрои дастурҳои назорати канди хун умед дорем, саломатии Шумо ҳифз хоҳад шуд.

ФОТО