БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КАМХОБӢ, ФИШОРӢ БАЛАНД ВА САКТАИ ҚАЛБӢ

    Тибқи таҳқиқотҳои ҷадиди пизишкӣ, камхобӣ ва хоби бекайфият эҳтимоли боло рафтани фишори хунро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Аризонои ИМА ба натиҷа расиданд, ки камхобӣ яке аз авомили бузурги сактаи қалбӣ, сактаи мағзӣ ва ҳатто марги ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва рагӣ мегардад.

     
  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Омилҳои дуюмдараҷа ва баъзе хусусиятҳои фишорбаландӣ

  Одатан муайян намудани омилҳои асосии фишорбаландӣ, ки дер давом мекунад, душвор аст.  Аммо сабабҳои дуюмдараҷаи ин беморӣ низ ҷой дорад. Дар ин ҳолат сабабҳои гирифторшавӣ ба ин бемориро муайян ва бартараф кардан мумкин аст. Аҷибаш он аст, ки аксар вақт мушкилот на дар дилу рагҳои хунгузар, балки дар дигар узвҳо ба назар мерасад

.

            Норасогии гурдаҳо

Бисёр вақт ин навъи фишорбаландӣ дар натиҷаи пиелонефрит, гломерунефрит, поликистозаи гурдаҳо ва иллат ёфтани рагҳои хунгузари гурдаҳо ба амал меояд. Вақте дар организм моеъи зиёд ҷамъ мешавад, шахс гирифтори фишорбаландӣ мегардад. Гурдаҳо ин ҳолатро зуд ҳис мекунанд ва моеъи зиёдро хориҷ мекунанд. Пас аз он фишор мӯътадил мешавад, лекин ин танҳо дар хамон ҳолате, ки шахс солим бошад.

Агар шахс бемор асту гурдаҳояш иллат доранд,  дар чунин ҳолат моеъи зиёдатӣ дар организим боқӣ мондан мегирад ва фишор баланд мешавад.

Ғайр аз ин гурдаҳо як қатор ферментҳое коркард мекунанд, ки ба дараҷаи фаъолнокии онҳо таъсир мегузорад. Баъзеи ин ферментҳо ба паст кардани фишор мусс оидат мекунад, қисми дигар бошад баръакс онро боло мебардорад. Вақте организми шумо солим ҳасту гурдаҳоятон нуқс надорад, мизони ин ферментҳо баробар мешавад. Дар ҳолати иллат доштани гурдаҳо ин мизон вайрон мешавад ва шахс ба фишорбаландӣ гирифтор мешавад.

Чӣ бояд кард?

Шумо бояд дар баробари ба кардиолог барои муоина муроҷиат карданатон ҳатман аз муоинаи нефролог низ гузаред ва табобати мукаммал гиред. Агар аз як ҷониб гурдаҳои иллатдошта касро гирифтори фишорбаландӣ намоянд, аз ҷониби дигар фишорбаландӣ низ ба кори гурдаҳо таъсир расонида иллати онҳоро дучанд менамояд. Барои он ки ин ду бемориро пурра бартараф намоем, табобати мукаммал гирифтан лозим аст.

Дар чунин ҳолатҳо якбора паст кардани фишор хавфнок аст, зеро дар ҳолати якбора паст рафтани он функцияи кори гурда вайрон мешавад. Ҳамин тавр зимни паст кардани фишори баланд, набояд ба холати хунгардиши дохили гурда, табодули моддаҳо ва рагҳои гурда таъсир рассад.

Гармонҳо авҷ мегиранд

Баъзан фишорбаландӣ аз натиҷаи вайроншавии баланси эндокринӣ ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла ин ҳолат замони аз ҳад зиёд калон шудани устухонҳои дасту пой вақте, ки гепофиз аз меъёр зиёд гармонҳои рушдро коркард мекунад, ба вуҷуд меояд. Дар ин холат дар организм миқдори зиёди натрий боқӣ мемонад, ки дар навбати худ дар худ моеъро нигоҳ медорад. Вақте, ки ҳаҷми он аз меъёр гузашт, фишор низ баланд мешавад.

Ҳолати дигар ба мушкилоти ғадудҳои болои меъда вобастагӣ дорад, ки ба зиёд шудани кортизоли организм оварда мерасонад. Ин ҳолат гармонҳои стрессро фаъол мегардонад ва системаи асаб нозук мешавад ва ба ҳар як амал ҳамчун хатар худро омода мегардонад. Дар натиҷа дили инсон назар ба ҳарвақта дида тезтар ба задан медарояд ва ҳамин тавр фишор боло меравад.

Чӣ бояд кард?

Дар навбати аввал мушкилоти авваларо бояд бартараф намуд. Аз ҳад зиёд коркард шудани гармонхои рушд ва хамчунин кортизол мумкин аст, ки ба пайдо шудани омосҳои зиёд оварда расонад. Аксарияти ин омосҳо хавфнок набошанд ҳам, ба ҳар ҳол бояд онҳоро бартараф кард. Ё бо ёрии доруҳо ё бо амали ҷарроҳӣ.

ФОТО