БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • PCNL чист?

    Урологи бемористон,

    Мубин Аминов.

     

    PCNL таркиби  кӯтоҳшудаи  англисӣ буда, шакли  комили он Per cutanium Lithotripci мебошад. Яъне сангшиканӣ аз тариқи пӯст дар гурда аст.

     
  • Чашмандозе ба таърихи пайдоиши ултрасадо (УЗИ)

    Пизишки дастгоҳи ултрасадо,

    доктор Ҳақназаров Меҳроҷ.

     

    Дар бораи вуҷуди мавҷҳои садоӣ одамон қаблан огоҳ буданд, аммо аз вуҷуди «нурҳои ноаён» бехабар. Нурҳои ноаёнро олими итолиёӣ Л.Спаллансини дар соли 1794 кашф кард.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Фишорбаландӣ чист? Тавсия барои бемороне, ки мубталои бемории фишорбаландй шудаанд.

 

Фишорбаландӣ -яке аз маъмултарин бемориест, ки барои ҳаёт хатари ҷиддӣ дорад. Фишорбаландӣ дар Точикистон бештар ба назар мерасад. Аз ҳар 4 нафар як нафар ба он гирифтор мешавад. Дар сини боло аз 50-солагӣ низ аз ҳар 2 нафар   як нафар гирифтори бемории фишорбаландӣ  мешавад. Афзоиши фишори хун маъмулан беаломат аст. Ба ҳамин далел фишорбаландии шараёниро «қотили хомӯш» меноманд. Дар мавриди афзоиши шадиди фишори хун аломатҳои сардард, гиҷӣ ва дарди кафаси сина мумкин аст, пайдо шавад. Касе, ки гирифтори фишорбаландӣ аст, бояд доимо аз фишори хуни худ бохабар бошад

. Агар фишорбаландӣ дар вақташ ташхис ва табобат карда нашавад, он боиси бемории сактаи дил, (инфаркт), сактаи мағзӣ (инсулт), норасогии гурдаҳо ва бемории рагҳои бадан мегардад. 90%-и сабаби беморӣ  маълум нест. дар 10-20% сабаби он маълум мешавад. Барои ин кор озмоишҳои кофӣ ва гоҳе ангиографияи гурдаҳо лозим аст.

Тавсия ба беморони мубталои фишорбаландӣ :

  • Дар сурати ташхис шудани фишорбаландӣ бо тавсияи духтур ҳатман ба табобати он шурӯъ кунед.
  • Одатан аз 1 то 6 дору  хӯ ред.
  • Фишори хунро дар ҳадди 120/80 мм нигоҳ доред.
  • Қатъ ё ивази дору бояд ҳатман бо машварати духтар сурат бигирад.
  • Намакро камтар истеъмол намоед.
  • Вазни худро м ӯ ътадил нигоҳ доред
  • Қанди хуни худро назорат кунед
  • Табобатро ҳатман бо машварати табиб ба роҳ монед.

 

 

ФОТО