БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Ангиография чист ?

Фаровонтарин сабаби маргу мир дар аксари кишварҳо бемории дил аст. Ва  ҳамчунин фаровонтарин сабаби бемориҳои дил танг шудани рагҳои хунгузари дил ё рагҳои конорарии дил аст. Вуҷуди бемории пурфишории хун ё диабети қанд ё боло бурдани низоми равғаннокии хун ҳамчун холестерин ё триглисиридҳо, истеъмоли тамоку (носу сигор), варзиш накардан ва беҳаракатӣ ва фарбеҳии зиёд омилҳои асосии пайдошавии бемории рагҳои дил ҳастанд.

 

Бемориҳои дил бо сурати дарди сина ё сактаи дил худро намоён мекунанд. Барои ташхиси бемориҳои рагҳои дил нахуст аз шарҳи ҳоли бемор ва сипас баррасии EKG ва тести варзиш ва равишҳои эхокардиографӣ (узии дил) ё тибби ҳастаӣ истифода менамоянд. Аммо равиши аз ҳама беҳтар барои баррасии рагҳои дил ҳамчунин андозагирии ковокиҳо (чуқуриҳои дил) ва баррасии фишор ва коркарди даричаҳо ва баррасии кори мушаки дил ангиография маҳсуб меёбад.

Ангиография чӣ тавр амал мегардад?

Дар ангиография метавон рагҳои хунгарди дил ва шоҳраг ва меъдачаи чапу рост ва даҳлезҳо ва шоҳраги шуширо суратбардорӣ ва кинегрофӣ намуд ва коркарди онҳоро баррасӣ кард. Бо ҳамин далел дар мавриди ниёз пизишки шумо барои ташхиси аниқ ва дақиқи беморӣ, тавсия ба анҷоми ангиографӣ  медиҳад. Ин кор дар озмоишгоҳи катетерист ё бахши ангиография анҷом дода мешавад. Дар ин равиш найчаҳои бисёр тунук ё нозуки ба номи катотер тариқи  даст ё пой вориди рагҳои бадан шуда, катотерҳо ба самти дил роҳнамоӣ мешаванд. Ба василаи ин катотерҳо метавон сурати рагҳо  қисматҳои мухталифи дилро бо равон сохтани як моддаи муғовим (контраст) дар баробари ашёи рентген суратбардорӣ намуд. Ин кор тавассути кардиологист (дилшинос ё интервенсионист ) анҷом мешавад.

Дар ангиография ҳамчунин дар озмоишгоҳҳои электрофизиологӣ метавон ҷараёни электросетии (барқии) дилро баррасӣ намуд ва сабаби пайдошавии номуназзамии дилро пайдо кард.

Ташхис ва табобат

Ангиография 2 намуди ташхисӣ ва табобатӣ дорад. Дар намуди ташхиси танҳои бемори ташхиси пурра дода мешавад. Аммо дар мавриди табобати бо истифода аз баллон ё стент даричаи кушод таъмир мешавад, ё сӯрохиҳои изофии модарзод ба василаи қарор додани васоили маҳкамкунанда (уклудер) баста мешавад. Ба кори ангиография, ташхиси маъмулан камтар аз 30 дақиқа вақт сарф мешавад. Бемор беҳуш намешавад ва одатан хатари бисёр кам дорад.

Барои ангиография ниёз ба вуҷуди васоил ва технологияҳои пешрафтаи замонавӣ ва гароннарх бештар аст, то суратбардорӣ аниқ ва дуруст анҷом дода шавад. Ҳамчунин пизишкони ин амалро анҷомдиҳандиҳанда бояд омӯзиши кофӣ ва таҷрибаи даркориро барои анҷоми ин амал дошта бошанд. Бемористони Ибни Сино бо фароҳам овардани охирин технологияҳои ангиографӣ ва озмоишгоҳҳои катотеристии замонавӣ ва пешрафта ва бо  ҷалби пизишкони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ бо истифода аз омузиш ва таҷрибаҳои ҷаҳонӣ имкони анҷоми ин равиши ташхисӣ ва табобатиро барои беморон фароҳам овардааст.

ФОТО