БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

     
  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

     

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

     Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Ангиоплаcтика чист?

  Бемориҳои рагҳои дил фаровонтарин иллати маргу мирро дар аксари кишварҳо ташкил медиҳанд. Илова бар ин бемориҳои рагҳои хунрасони мағзи сар як сабаби аслии сактаҳои мағзи сар ё инсулт мебошанд, ки сактаи мағзӣ ва инсулт яке аз иллати асосии маргу мир ва  корафтодагӣ     дар бисёре аз кишварҳост.

 

Бемории рагҳо асосан бо далели пайдошавии сафедаҳо ё плокҳои сахтии раг дар дохили пӯст ё «остеросклероз»  рух медиҳад. Дар ин беморӣ плокҳои сахтии раг рагро аз дохил маҳкам карда, ҳаракати хун дар дохили рагро боз медоранд. Дар натиҷа хунрасонӣ ба бофтаҳое, ки аз раг ғизо мегиранд, вайрон шуда, бофтаҳо дучори беморӣ ё марг мешаванд.

Бемории мушаки дил бар асари баста шудани раги хунрасони дил ба сурати дарди дил ё марги мушаки дил, яъне сактаи дил пайдо мешавад. Беморӣ маҳз бар сурати инсулт ё сактаи мағз нишон дода мешавад.

Бемориҳои рагҳои хуни пойҳо, яъне андоми поёнӣ  бемориҳои диабети қанд, яке аз иллатҳои асосии буридани ангуштҳои пойҳо ё кули пой аз зери зону ё боло аз зону бо далели чапчирин ё сиёҳ шудани пойҳо мебошанд. Бемории почаҳо ба сурати сиёҳ шудани пойҳо ва гомгирии поча ё ангуштон нишон дода мешавад.  Асоси  ҳамаи ин намуди бемориҳо кам шудани хунрасонӣ  ба бофта, бемориҳои камбуди оксикен дар бофтаҳо ё бемориҳои оксилик гуфта мешавад.

  стент хамин шаклро дорадДар ангиопластика маъмулан аз дохили тангии раг  як сими махсуси роҳнамо гузаронида мешавад ва сипас қисмати тангшудаи раг бо истифода аз як бодкунаки кӯчак (баллон) , ки ба василаи моеъ пур мешавад, аз дохил боз карда мешавад. Дар бисёре аз ҳолатҳо барои боз кардани тангӣ илова бар истифодаи баллон аз як қатраи филизии пружинаи кӯчак, ки ба рӯи баллон қарор дорад, ё мустақиман дар маҳалли тангӣ озод мешавад, истифода мекунем. Ин пружинаҳо стент номида мешаванд. Стентҳо кӯмак мекунанд, то раг дар маҳалле, ки дармон шудааст, боз бимонад. Стентҳо худ  чандин гурӯҳ  ё намуд мешаванд. Муҳимтарини онҳо стентҳои бедору ва ҳамчунин стентҳои доругист. Имрӯзҳо бо истифода аз стентҳо метавон тангии рагҳоро бомуваффақияти беш аз 95% дармон намуд.

   Амали дармони тангии раг ангиопластика номида мешавад, ки ин калима аз истилоҳи лотинии (angio-раг, plastic-таъмир)  гирифта шуда, пас ангиопластика ба маънои дармону таъмири раг аст, ки бидуни ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад.

Риштаи тахассусие, ки пизишкон дар он ба дармони мушобеҳи ангиопластикӣ мепардозанд, риштаи дармонҳои дарунрасӣ ё эндовоскулор (эндо-дарун, воскулор-рагҳо) номида мешавад.

Имрӯза дармонҳои ангиопластӣ нақши боаҳамият ва рӯзафзунеро дар дармони бемориҳои тангии рагҳо дар узвҳои мухталиф бар ӯҳда доранд.

Аз муҳимтарин корбурдҳои ангиопластӣ дармони таъҷилии сактаи дил аст. Бо таваҷҷӯҳ бар он ки дар ҷараёни сактаи дил мушаки дил танҳо дар ҳудуди 20 дақиқа фурсати зинда мондан дорад ва роҳи зинда мондани мушаки дил барқарорсозии дуюмбораи хунрасонӣ ба мушаки дил ё боз кардани  маҳкамӣ ё басташавӣ аст, ангиопластикаи таъҷилӣ  дар дармони сактаи дил нақши ҳаётӣ дар коҳиши маргу мир ва пешгирӣ аз бемории дилро бар ӯҳда дорад, ба ҳадде,  ки имрӯза мизони пешрафта будани хадамоти дармони бемориҳои дилро дар ҳар кишвар аз рӯи мизони  дастрас будани ангиопластикаи таъҷилӣ барои дармони сактаи шадиди дил дар он кишвар  месанҷанд. Барои мисол дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пружинаи стент барои зиндагӣ дар ҳамаи кишварҳои аврупоӣ мизони анҷоми ангиопластии таъҷилӣ  дар кишвари марбутаро мавриди баррасӣ  ва арзёбӣ қарор медиҳанд.

Албатта ангиопластикаи таъҷилӣ  ниёзманди вуҷуди бахши ангиопластикӣ  ва мутахассисони омӯзишдида ва таҷҳизоти замонавӣ дар наздики маҳалли истиқоматии мардум мебошад. Ангиопластика ҳамчунин нақши бисёр муҳиме дар дармони сактаи мағз ва бемории искилики почаҳо ва дигар аъзоро бар ӯҳда дорад.

Бемористони Ибни Сино бо омода сохтани бахши ангиопластикаи пешрафта ва омодагии пазириш ва дармони беморон дар 24 соат ва 7 рӯзи ҳафта қадами устуворе дар роҳи ироаи хидмат ба беморон ва ҳалли бахше аз ин мушкилоти ҳаётиро бар ӯҳда гирифтааст.

 

ФОТО