БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Бемории ишемикии дил, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он

15-02-2014 Айни ҳол бемориҳои рагҳои хунгарди дил ба монанди бемории ишемикии дил, сактаи дил, бемории фишорбаландии шараёни (гипертоникӣ) ва ғайра барои саломатӣ хатари ҷиддӣ  маҳсуб шудаанд.

    Бемории ишемикии дил (БИД) – ин беморие мебошад, ки ҳангоми танг ё ба пуррагӣ баста шудани яке аз шараёнҳои хунгарди дил, дар натиҷаи ба мушаки дил нокифоя рафтани хуни бо оксиген ғанибуда ба амал меояд. Нишонаҳои асосии клиникии беморӣ – дарди сузишнок ё фишороварандаи хуруҷкунанда дар паси устуғони тӯш, ќафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфу дасти чап, байни шонаҳо интишор ёбад, хисси норасоии ҳаво, дилбеҳазурӣ, арақкунии зиёд ва ғ. ба шумор мераванд.

Дар баъзе беморон  дард ё вазнинӣ (ҳисси ноҳинҷорӣ) метавонад дар даст, гардан ё ҷоғ ба қайд расад. Дар вақти саршавии беморӣ дардҳо асосан ҳангоми кори ҷисмонӣ, хастагии асаб, ҳавои сард ё ҳаракат пас аз истеъмоли зиёди ғизо қайд мешаванд. Баъзан дардҳои дар боло зикр шуда метавонанд дар оромӣ ё ҳатто ҳангоми хоб қайд шаванд, ки беморон аз дарди сахти ҷонкоҳ аз хоб бедор мешаванд. Сабаби асосии тангшавии рагҳои коронарӣ ин ҷамшамии чарбиҳо дар девораҳои он мебошад, ки онро «атеросклероз» меноманд. Бо мурури замон равзанаи шараён  он қадар танг мегардад, ки шараён наметавонад хуни бо оксиген ғанибударо ба мушакҳои дил дастрас намояд, ҳангоми зиёд шудани талабот ба оксиген ва дигар ғизоҳо (масъалан ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ). Дар ин маврид эҳтимоли сар задании сактаи шадиди миокард хело зиёд аст.

Хатари пайдо шудани атеросклероз ва БИД хело зиёд қайд мешавад, агар омилҳои зерин дар Шумо қайд шаванд:

- сигоркашӣ (аз он ҷумла носкашӣ);

-фишорбаландии шараёнӣ;

- зиёд будани миқдори холестерин дар хун (гиперхолестеринемия);

- камҳаракатӣ (адинамия);

- бемории диабети қанд;

- фарбеҳӣ ё зиёд будани вазни бадан;

- ирсият;

Агар  яке аз ин омилҳои хатари БИД дар Шумо ҷой дошта бошанд, ҳатман аз муоинаи табиби ҷои истиқомат ё кардиолог гузаред ва аз омилҳои хатар ба зуддӣ худро раҳо созед.

Қабл аз муайян намудани ташхис табиби табобатӣ ба Шумо гузаштани санҷишҳои зеринро тавсия медиҳад; электрокардиограмма(ЭКГ), эхокардиограмма(ЭХО-КГ), санҷиш бо кори ҷисмонӣ, озмоиши хун барои лахташавии он ва чарбиҳо, ки аз солҳои қабл ба беморон тавсия мешуд. Бояд қайд намуд, ки табобати доругӣ фақат дар як вақти муайян метавонад шиддатнокии дардро кам кунад. Пас аз пайдошавии дардҳои «ангионозӣ» фаврӣ бояд ба табибон муроҷиат намуд, зеро  барои пешгири сактаи миокард табобати махсусро дар дақиқаҳои аввали пайдоиши дард бояд оғоз намуд (на дертар аз 3-6 соат).  Айни ҳол роҳҳои дигари ташхис ва табобати саривақтии бартараф намудани тангии шадиди шараён дар беморхонаи мо ба роҳ монда шудааст, ки ҳолатҳои ногуворро, аз он ҷумла сар задании сактаи шадиди миокард ва марги нобаҳангомро пешгирӣ менамояд. Яке аз роҳҳои муосири ташхис ва табобати БИД, гузаронидани «коронарография» ва «ангиопластикаи коронари»-и таъҷилӣ мебошанд.

«Коронарография» - навъи санҷиши рентгениву контрастӣ мебошад, ки барои дақиқ ва ба пуррагӣ муайян намудани сабабҳои БИД, вазъи шарёнҳои коронарӣ, намуд, сатҳ ва ҷои тангшавии шарёни коронарӣ истифода бурда мешавад. Яъне, бо истифода аз ин намуди ташхис мо метавонем маълумоти пурра ба даст биёрем, ки ба бемор чи тарзи табобат истифода бурда шавад: табобати доругӣ, ангиопластикаи балонӣ, стентгузорӣ ё шунтикунии аорто-коронарӣ(ШАК).

Ба шахсони гирифтори БИД, аз он ҷумла сактаи миокард, чи хел маслиҳатҳо додан мумкин аст?

Пеш аз ҳама аз он омилҳои хатари пайдошавии БИД, ки дар Шумо қайд мешавад, даст кашед:

Сигоркашӣ – яке аз омилҳои асосии хатари пайдошавии БИД мебошад, махсусан дар байни шахсони сини миёна. Махсусан кашидани сигор хатарнок аст, гарчанде кашидани дигар намуди тамокуҳо (нос) низ хатари пайдошавии БИД-ро зиёд мекунад. Пас аз як соли даст кашидан аз сигоркашӣ хатари пайдошавии БИД-ро то ду баробар кам мекунад. Пизишки табобати ҳатман ба Шумо истифодаи маҳсулотҳои никотин-ивазкунандаро бояд тавсия кунад: сақич, часпҳои махсус, ки ба пуст часпонида мешаванд ва ҳабҳо;

Табобати бемории фишорбаландии шараёнӣ. Агар Шумо гирифтори бемории фишорбаландии шараёнӣ бошед, бояд назорати қатъи дошта бошед ва рақамҳои фишори шараёнро (ФШ) дар ҳудуди меъёр нигоҳ доред. Дар баъзе мавридҳо пас аз кам намудани вазни бадан, зиёд намудани кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нушокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон  рақамҳои ФШ-ро дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт. Лекин ба бисёрии беморон инчунин истифодаи доруҳо ҳатмист.

Назорати холестерин. Бояд холестерини хундро назорат намоед, ки миқдори он аз 5 ммол/л. камтар бошад. Ҳатто дар ҳолати каме зиёд будани миқдори он, аз меъёр поён нигоҳ доштан ба Шумо манфиати зиёд дорад.

Тарзи дурусти истеъмоли ғизо. Яъне, шахси гирифтори БИД бояд аз истеъмоли равған ва чарбии хайвонот, ки зиёдтар дар гушт ва маҳсулотҳои ширӣ қайд мешаванд, даст кашад. Аз ёд набароред, ки дар бисёр ғизоҳое, ки  ҳамарӯза истеъмол менамоем, ба монанди хуришҳои ширин, торт, кекс, печенее низ равғаннокӣ зиёд аст. Хӯрока бояд камғизо, вале муътадил бошад, яъне бояд тамоми маҳсулотҳои зарурии ғизонокиро дошта бошад, махсусан, дорои сафеда ва витаминҳои хушсифат бошад. Чи хеле ки дар амал қайд мешавд, бисёрии беморон маҷбур ҳастанд, маводҳои махсусро барои поён намудани миқдори холестерини хун истифода намоянд. Истеъмоли моҳӣ бо ғизо ҳафтае 1-2 маротиба аз фоида дур набуда, миқдори триглисеридҳоро хело поён нигоҳ медорад ва аз пайдошавии лахтаҳои хун дар шараёнҳои коронрӣ эмин медорад. Дар шахсоне, ки рузе аз 5 миқдор зиёдтар меваву сабзавот ва сабзаҳоро истеъмол менамоянд, эҳтимоли гирифтор шудан ба БИД хело кам мебошад, зеро дар таркиби онҳо миқдори аминокислотаҳо, витаминҳо ва ишқори фолиевӣ мавҷуд аст, ки хусусияти муҳофизиро дорад.

Назорати вазн. Аз хотир набояд баровард, ки фарбеҳӣ ва вазни зиёд яке аз омилҳои хатари пайдоиши БИД мебошад. Бо кам намудани вазни бадан Шумо рақамҳои ФШ-ро дар меъёр нигоҳ дошта, ба кори дил низ сабукӣ меоред. Оддитарин назорати вазн ин аст: аз баландии қомати худ рақами 100-ро тарҳ мекунед ва мебинед, ки хароб шудан ё вазнро кам намудан лозим аст ё не (маъсалан, баландии қомат 178,0см.  178,0 – 100=78, яъне вазни Шумо бояд аз 78кг.зиёд набошад). Дар хотир доред, ки барои кам намудани вазни бадан ғайр аз риояи парҳез, ба варзиш низ машғул шудан лозим аст. Намудҳои асосии варзиш барои шахсони гирифтори БИД инҳо мебошанд: ҳаракати тез дар оҳи ҳамвор, шиноварӣ, велосипедронӣ, аэробика. Ҳар рўз гимнастикаи табобатии дар табобатхона омўхташуда  ва сайругашт иҷро карда шавад, гаштугузор анҷом дода шавад. Роҳ гаштан – усули сода ва эътимодноки машқи дил мебошад. Муддати роҳ гаштан мувофиқи вазъи сломатӣ 30 – 60 дақиқа ва 2 -3 маротиба дар як рўз бо суръати 70 – 90 қадам дар як дақиқа мебошад. Худназораткунӣ дар ин ҳолат набояд танҳо бо вазъи саломатӣ маҳдуд шавад. Нишондиҳандаи оддӣ ва дастраси ҳолати системаи дилу рагҳо дар ҳолати вазнинӣ – суръати набз мебошад. Дар оромӣ миқдори набз бояд дар атрофии 60 – 85 маротиба дар як дақиқа бошад, дар вакти роҳ гаштан на зиёда аз 100 – 110 маротиба дар як дақиқа ва бояд дар давоми 3 – 5 дақиқа ба ҳолати аввала баргардад. Баъди гузаштани 2-3 моҳи баъди сактаи миокард, дар ҳолати худро хуб ҳис кардан бо иҳозати табибон мумкин аст, ки оббозикунӣ ва каме шинокунӣ оғоз карда шавад. Дар зери шўълаҳои офтоб истодан  мумкин нест. Кори сабук дар боғ ва ҳавлӣ фоидаовар аст. Намудҳои зерини варзиш барои  шахсони гирифтори БИД тавсия дода намешавад ва баръакс хавфнок ҳам ҳаст: вазнбардорӣ,  теннис, махсусан пас аз истеъмоли ғизоҳои вазнин.

Аз корҳое, ки доимӣ асабро хароб мекунанд даст кашидан зарур аст. Ҳангоми истироҳат дар вақти рухсатӣ ё дур аз ҷои истиқомат, ҳамроҳи худ гирифтани доруҳои лозимиро, ки табиби табобатӣ тавсия додаст, фаромӯш накунед ва сари вақт онҳоро истифода  намоед.  

Мутмаъинем, ки тамоми ин маслиҳатҳо ба Шумо барои неруманд шудан ва барқарорсозии саломативу қобилияти корӣ мусоидат мекунанд.

ФОТО