БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Сактаи дил чист ? (инфаркт миокарда )

Сактаи дил вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз раги хунрасони дил ( яъне раги иклилӣ –тоҷӣ ё коронарӣ ) хун мегирад, бо баста шудани раг ба далели ташкили лахта дар дохили раг мемирад ва аз байн меравад.

 

Мушаки дил пас аз қатъ шудани хунрасонӣ муддати 20 дақиқа зинда мемонад ва пас аз он аз байн меравад. Ин замонро, ки байни шурӯъ шудани дард ва аз байн рафтани мушаки дил вуҷуд дорад, замони тиллоӣ меноманд. Яъне  дар ин замон аст, ки агар битавонем, раги дилро боз кунем ва хунро ба мушаки дил бирасонем, мумкин аст осеби мушаки дилро коҳиш диҳем. Ҳарчӣ  зудтар хун ба мушак бирасад, қисмате камтар аз мушак аз байн меравад.

Чӣ роҳҳое барои дармони инфаркт вуҷуд доранд?

Асоси дармони инфаркти дил - беморие, ки дар камини ҳамаи мост, ин аст, ки раги басташуда боз шавад ва хунрасонӣ  барои раги дил барқарор шавад. Барои боз кардани раги баста як роҳи асосӣ ин аст, ки бемор ҳарчӣ зудтар ба бемористоне, ки имкони ангиографӣ (яъне тавсирбардории мустақим аз рагҳои дил) ва озмоишгоҳи катетеризм (катлаб) дорад, расонида шавад, то ки бо истифода аз баллонҳои кӯчак ва як навъ василаи зариф бо номи стент раги қалб боз карда шавад. Дар тамоми кишварҳои пешрафта сайъ бар он аст, ки бо роҳандозии хизматрасониҳои ёрии таъҷилӣ  ва бемористонҳои дорои ангиографӣ ва имкони ангиопластикӣ  (яъне боз кардани раги дил бо баллон ва стент) бирасанд.  Дар ин ҳолат бояд бемористонҳои омода барои хизмати 24-соатаи ангиопластӣ дар тамоми рӯзҳои ҳафта ва ид вуҷуд дошта бошанд ва имкони расидани сареъи беморон ба бемористон мавҷуд бошад. (Дар Тоҷикистон чунин имкониятро Бемористони Ибни Сино дорост!)

Вуҷуди ин имконотро Шабакаи ангиопластии аввалия мегӯянд, ки ҳар шаҳру кишваре онро бояд барои худ тарроҳӣ кунад. 

Роҳи дигари дармони сактаи қалб истифода аз доруҳои ҳалкунандаи лахта ( ё тромболитик) аст. Ин доруҳо метавонанд лахтаро дар хун ҳал кунанд. Аммо муваффақияти ин равшаниҳо сарҷамъ ҳудуди 50-60% аст, илова бар ин бемороне, ки хатари хунрезӣ , собиқаи сактаи магзӣ доранд, хеле пир ва дорои шароити дигар мебошанд, наметавонанд аз ин равиш истифода кунанд.

Дар пойтахти чумҳурӣ шаҳри Душанбе Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад, ки дорои бахшҳои ангиографӣ ва ангиопластӣ мебошад. Бемористон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва мутахассисони варзидаи ватаниву хориҷӣ  омодаанд, ки беморони дучори сактаи дилро дар тамоми 24 соати шабонарӯз барои дармони фаврӣ бипазиранд.

 

ФОТО