БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: КАРИМОВ МУҲИБУЛЛО

    Агар ба барқарорсозии саломати худ ниёз доред, пас бояд ба назди мутахассиси физиотеропӣ биравед.

     
  • ИВЛ чист ва дар наҷоти гирифторони COVID-19 чи нақш дорад?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Дастгоҳи танаффуси сунъӣ (Аппарат искусственной вентиляции легких)

     

    Номи яке аз дастгоҳҳои тиббие ки имрӯз вирди забонҳо шудааст, ҳамин Дастгоҳи танаффуси сунъӣ (ДТС) аст.

     
  • ПРОСТАТИТ

    Урологи бемористон,

    доктор Абдусамад Абдувоҳидов.

     

     

    Простатит – илтиҳоби ғадуди пешҷой ё худ простат мебошад. Ин беморӣ хоси мардон аст. Простатит боиси паст шудани сифати ҳаёти мардон, бахусус мардони синни фаъоли меҳнатӣ гашта, аз мушкилоти мубрами рӯз ба шумор меравад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/sax%202.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/sax%202.jpg'

Тавсияҳои мо

Диабети қанд чист?

Ин беморӣ бештар дар байни чавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш аст. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 6-10% афзоиш меёбанд. Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд ва аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок аст. Дар ин беморӣ гармонҳои бо номи «инсулин» ё тавлид намешавад, ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.

Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони дучори ин беморӣ гардида, бо далели он ки инсулин камбудӣ  дорад ва  ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

Навъҳои беморӣ:

2 намуди ин беморӣ вучуд дорад. Навъи якум бо номи диабети чавон маъмул аст, ва навъи дуввум бештар дар шахсони калонсол ба мушоҳида мерасад. дар ин намуди диабет норасогии инсулин дар бадан қисман ба назар мерасад, аммо организм наметавонад аз он истифода намояд. Ин ҳолат муқовимат ба инсулин номида мешавад.

Паёмадҳои бемории диабети қанд:

  cахарный диабет -не шуткаДиабети қанд мумкин аст, сабаби ба вучуд омадани оризаҳои рагҳои  қаблӣ гардад. Аксар шахсоне, ки дучори ин беморӣ гардидаанд, бо далели бемориҳои қалбӣ , сактаи мағзӣ ё бемориҳои рагҳои қаблӣ мемиранд. Дармон бо тағйири шеваи зиндагӣ ва як доруи хос мутафуралин метавонад назорати диабети  қандро кӯмак куна два хатарҳои зикшударо коҳиш диҳад

Тавсия:

-ҳарчӣ зудтар ба назорати диабети  қанд шурӯъ кунед ва хатари бемориҳои қалбиро коҳиш диҳед.

-вазни  худро дар ҳадди миёна нигоҳ доред.

-аз истемоли қанд худдорӣ намоед.

-бо тавсияи табиб диабети қандро озмоиш ва ташхис кунед

-дар шеваи зиндагии худ тағирот ворид кунед

-истеъмоли сигор ва нӯшокиҳои спиртдорро қатъ намоед.

-дору истеъмол намоед.

-ба варзиш машғул шавед.

ФОТО