БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоурологи эронӣ -доктор Меҳроварон дар Бемористони Ибни Сино

05-03-2013  Шурӯъ аз 5-уми марти соли равон дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ,  эндоуролог -доктор Меҳроварон ба табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул хохад шуд. Доктори Меҳроварон яке аз мутахассисони хуби соҳа ба шумор рафта таҷрибаи бисёрсола дорад ва амалҳои душвори PCNL-ро бо маҳорати баланд анҷом медихад. Эҳтиёҷмандон метавонанд, барои қабули ин мутахассиси варзида худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис кунанд.

Дар соли 2012 мизони ҳомилашавии бемороне, ки дар шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино дармон ва ҷарроҳӣ шуда буданд, 70 %-ро ташкил дод

  04-03-2013  Дар соли 2012 мизони ҳомилашавии бемороне, ки дар шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино дармон ва ҷарроҳӣ шуда буданд, 70 %-ро ташкил дод. Дар ин шӯъба  пизишкони соҳибтаҷрибаи  амрози занон бо такя ба усулҳои нави табобат ва баҳрагирӣ аз таҷрибаи муосири тибби ҷаҳонӣ фаъолият менамоянд.

Муфассал...

Нейрохирург Бахтиёри Аббос дар Бемористони Ибни Сино

  26-02-2013 Имрӯз  дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, нейрохирург- Бахтиёри Аббос ба табобати беморони асаб, сутунмӯҳра ва чурраи сутунмӯҳра машғул аст. Қобили зикр аст, ки рӯз то рӯз таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба ин бахши бемористон зиёд мегардад ва теъдоди муроҷиаткунандагон низ афзун гардида истодааст. Қабули ниёзмандон дар бемористон аз ҷониби ин мутахассис идома дорад

Ду амали душвори ҷарроҳӣ бо ширкати нейрохирург-Бахтиёри Аббос

   01-03-2013 Бо ширкати нейрохирурги эронӣ Бахтиёри Аббос дар Бемористони Ибни Сино боз ду амали душвори ҷарроҳии ҳароммағз бомуваффақият анҷом ёфт. Амали якум сирингомиелияи қисми гардани ҳароммағз мебошад, ки дар бемори 29 сола анҷом дода шуд. Қаблан ин бемор дар яке аз бемористонҳои кишвар ду маротиба ҷарроҳӣ шуда,  ба пуррагӣ шифо наёфтааст. Бемор аз кистаи сирингомиели бозпайдошуда   дар ҳудуди мӯҳраҳои С2 то С4, ки ба  ҳароммағз фишор меовард,  азият мекашид.

Муфассал...

Эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр дар Бемористони Ибни Сино

  20-02-2013 Аз 16 феврал  дар Бемористони Ибни Сино  эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр ба табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб шурӯъ намуд. Амирҳасани Шахриёр –яке аз мутахисассиси хуби соҳа буда,  зиёда аз 2 000 амали PCNL (сангшикании зерипӯстии гурда), зиёда аз 4 000 амали TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона)-ро анҷом додаст. 

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО