БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Таваҷҷӯҳи cокинони кишвар, ба бахши урологии Бемористони Ибни Сино қавитар гаштааст

27-12-2012  Дар таърихи 26-уми декабр дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино 5 амали ҷарроҳии PCNL (гирифтани санги гурда бе бурриши бадан) дар беморони мубталои бемориҳои санги гурда гузаронида шуд. Дар 1 нафар бемор, ки як гурдаи фаъол дошт (гурдаи дигараш аз фаъолият бозмондааст), дар ҳамон гурдаи фаъол санге пайдо шуда, роҳи пешобро банд намудааст, ки дар натиҷа дар давоми 1, 5 шабонарӯз пешоби бемор қатъ гардида, заҳролудшавии бадан мушоҳида мешуд.

Дар муддати 30 дақиқа дар ин бемор амали сангшиканӣ бидуни ҷарроҳӣ анҷом дода шуд ва ҳолати бемор қаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Дар як нафар бемори дигар ҳар ду гурда пур аз сангҳои бозпайдошуда буданд ( бемор 25 сол қабл ба хотири санги гурдаҳо аз ду тараф амали ҷарроҳӣ шудааст). Ба ин бемор дар давоми якуним соат амали сангшиканӣ бидуни ҷарроҳӣ гузаронида шуда, ҳолати бемор беҳбудӣ ёфтааст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар таърихи 27 декабр дар ин бахш 6 амали ҷарроҳии дигар, 3 амали сангшиканӣ  ва 1 TURP анҷом дода шавад.

ФОТО

 

ВИДЕО