БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ҳушдори Вазорати тандурустӣ аз афзоиши бемории зуком

27-12-2012  Тибқи иттилои ин ниҳод аз аввали соли равон то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор беморони зуком ба қайд гирифта шудааст.

Наврӯз Ҷаборов, муовини директори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин хабар иттилоъ дод,

ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо намудани нишонаҳои аввали зуком ба монанди ҳарорати баланд, беҳолӣ, атсаи зиёд, дарди сар ва  сулфа зуд бояд ба духтур муроҷиат намуда, мутобиқи ташхиси табибон табобат гиранд.

Номбурда мегӯяд, дар ҳолати муошират бо нафарони гирифтори ин беморӣ эҳтиёт кардан лозим: « Фаромуш накунед, ки зуком тез аз як нафар ба нафари дигар мегузарад».

Бино ба иттилои манбаъ, махсусан кӯдакони то 5 сола, шахсони аз 65 сола боло аз нафарони ба чунин беморӣ гирифторшуда, бояд эҳтиёт намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО