БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Истифодаи технологияи муосир имкониятҳои бахши ангиопластиро зиёд намудааст

 29-12-2012. Ба бахши ангиопластикаи Бемористон  шахсе, ки 16 соли охир гирифтори бемории диабети қанд мебошад ва 7 сол пеш мубталои сактаи миокард гардида,  аз ин қабл низ чанд маротиба табобати стансионарӣ гирифтааст, бо номӯътадилии фишори хун ва хурӯҷёбии дардҳои сахти ангинозӣ

муроҷиат намуд. Пас аз муоинаи пизишкон ва хулосаи коронарография ба бемор ангиографияи шараёнҳои коронарӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он тангиҳои аз ҷиҳати гемодинамикӣ муҳими ҳар се шараёни коронарӣ муайян гардид. Мувофиқан ба ин  ба бемор амалиёти реваскуляризатсияи миокард бо усули ШАК ва ё ангиполастика тавсия шуд. Дар рафти назорат ҳолати умумии бемор  вазнин буд, бинобар ин пас аз консилиум пизишкон ва ҷарроҳони қалб ба хулосае омаданд, ки шараёни иллатёфтаи рости коронарӣ бо усули интервенсионӣ бо истифода аз стенти доругӣ боз карда шавад. Пас аз гирифтани розигии бемор ин амал бомуваффақ анҷом ёфт. Ҳолати бемор дар айни замон хуб арзёбӣ мегардад ва аллакай ба хона мураххас гардидааст.

ФОТО

 

ВИДЕО