БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ФИШОРБАЛАНДИИ ДОХИЛИ КОСАХОНАИ САР

Мутахассиси бахши асабшиносии

Бемористони Ибни Сино,   

доктор Саидалиев Шералӣ Муродович.

 

Баландшавии фишори дохили косахонаи сар  ин ягон бемории мустаъқил набуда, балки оқибати ягон беморӣ ё ин, ки яке аз аломатҳои дигар бемориҳое мебошад, ки ба пайдошавии фишорбаландии дохили косахонаи сар сабабгор мешаванд.

Вале мутаасифона ягон доруе вуҷуд надорад, ки истифодаи ягонаи он доруворӣ мустаъқилона ин мушкилотро бартараф намояд, яъне муайян намудан ва бартараф намудани фишорбаландии дохили косахонаи сар иҷроиши якҷояи якчанд озмоишҳо, муоинаҳои иловагӣ, табобатҳо ва чораҳои профилактикиро талаб менамояд. Фишорбаландии дохили косахонаи сар беш аз ҳади меъёрӣ метавонад, ки аз халалдоршавиҳои сохторӣ ва функсионалии бофтахои майнаи сар бо сабабҳои гуногун аз он ҷумла омосҳо, хунҷамъшавӣ, хунрезиш,илтиҳоби пардаҳои майнаи сар,гидросефалия шаҳодат диҳад. 

Шиддати фишори дохилии моеъи майнагию ҳароммағзӣ (сереброспинали) ба бофтаҳои майнаи сар фишорбаландии дохили косахонаи сарро муайян месозад. Ҳадди меъёрии он ба - 100-150 мм сутуни обӣ ё 10-17 мм. сутуни симобӣ баробар аст.

Бемориҳои гуногун метавонанд боиси фишорбаландӣ дар косахонаи сар гарданд, ки маъруфтаринашон иборатанд аз:

- варами майна ё илтиҳоби бофтаҳои майнаи сар,  ки ба зиёдшавии ҳаҷми он сабабгор мешаванд;             

- гидроцефалия ё зиёдшавии ҳаҷми моеъи (ликвор) сереброспиналӣ;     

- омосҳо, хунҷамъшавӣ ва ҷисмҳои бегона дар бофтаҳои мағзи сар;   

- васеъшавии рагҳои мағзи сар, зиёдшавии ҳаҷми  хуни дар дохили онҳо даврзананда, ҳамчун оқибати заҳролудшавӣ (интоксикатсия);

- осебҳои косахонаю майнаи сар;

- илтиҳобҳои майнаи сар, ки сабабгори нейроинфексия мешаванд;       

- халалдоршавии хунгардиши майнаи сар дар натиҷаи сактаи мағзи сар;     

- заҳролудшавӣ аз газҳои заҳрнок, метанол, спирти этил,намакҳои  металлҳои вазнин;

- гидросефалия;                         

- омосҳои майнаи сар, пардаҳои мағзи сар, хунҷамъшавиҳо;         

- фишорбаландии хушсифати  дохили косахонаи сар.       

Агар фишорбаландии дохили косахонаи сар дар тифлони то як сола муқаррар карда шавад он гоҳ сабаби бештари онҳо (аз 10 кас 9 нафари онҳо)  осебҳои  дохилибатнӣ ё тавлидӣ мебошанд. Нишондодҳои клиникии фишорбаландии дохили косахонаи сар дар калонсолон ва хурдсолон аломатхои зиёди фарқкунандаро доро мебошанд. Мутахассисон чанд аломати асосиро зикр кардаанд, ки иборатанд аз: 

- дарди сари шиддатноки фишордиҳанда ва арракунанда баъди хоби шабона дар қисми пешона, чакка ва пушти сар;

- дилбеҳузуршавӣ ва қайкунӣ;

- хоболудӣ;                 

- ноустувории ф/х ва набз;                                 

 - халалдоршавиҳои функцияҳои когнитивӣ (диққат, хотира, фикронӣ); 

- намнокшавии кафи дастон (Гипергидроз);       

- брадикардия;                                                       

- халалдоршавии биноӣ, ки метавонад ба нобиноӣ оварда расонад; 

Аломати асосии фишорбаланди - дарди сар ба шумор меравад. Дард одатан баъди хоби шабона, замоне, ки баландшавии фишор аз ҳама бештар имкон дорад пайдо мешавад. Хусусиятҳои асосии он, фишордиҳанда, набзнок ва аррақоваранда мебошанд. дарди фишорбаландӣ нишонаҳои ҳамроҳ ҳам дорад, ки сарчархзанӣ, дилбеҳузуршавӣ ва қайкунӣ иборатанд. 

Яке аз хусусиёти фарқкунандаи дарди фишорбаландӣ, хомуш нашудани дард бо истеъмоли дорувориҳои бедардкунанда ба шумор меравад. 

Интихоби усули ченкунии дараҷаи фишори дохили косахонаи сар, аз сину соли беморон ва хусусиятҳои беморӣ вобаста аст. Ташхиси фишорбаландии косахоаи сар ба тифлони то яксола,  ба воситаи эхоэнцефалография ва нейросонография гузаронида мешавад. Ба бемороне,ки аломатҳои вайроншавии хунгардиши майнаи сар дар онҳо мушоҳида мешаванд ТК, ТМР, ва муоинаи қаъри чашм дар назди чашмпизишк тавсия мегардад. 

Аз ҳама бештар фишори дохили косаи сарӣ ба тифлон ранҷ меорад.  Баландшавии фишори дохили косахонаи сари тифлони навзод аз ҳадди меъёр, вазъи саломатии онҳоро бо оризаҳои ҷиддии дучор мегардонад. Дар табобати беморӣ дар навзодон, ташхиси саривақтии аломатҳои он нақши зиёд мебозад ва  барои интихоби тактикаи дурусти табобати он,  имконият фароҳам меоварад. 

Аломатҳое,ки аз фишорбаландии дохили косахонаи сари хурдсолон шаҳодат медиҳанд иборатанд аз: 

- набзнокӣ ва варами ташнакҳо (родничков) дар сатҳи косахонаҳои сар; 

- васеъшавии қираи устухонои  косахонаи сари тифл;  (расхождение костей черепа ребенка);

- халалдоршавиҳои рафторӣ - инҷиқӣ, бетоқатӣ ё,ки таваққуфшавию хоболудӣ;                     

- ларзиши манаҳ (дрожание подбородка) ;                                       

- қайкунии фонтанмонанд, ки ба ҳолати кудак сабукӣ намеорад;                 

- халалдоршавии биноиши чашмон, олусӣ, маҳдудшавии ҳаракатҳои себаки чашмон;

- калоншавии ҳаҷми косахонаи сар;                                             

- халалдоршавии сатҳи ҳуш то ҳади беҳушшавӣ  ва пайдоиши ҳолати коматозӣ;           

- халалдоршавии ҳаракатҳои андомҳо; 

Аломатҳои клиникии фишорбаландии дохили косахонаи сар бо ду тарз инкишоф меёбанд. Мунтазам ва ногаҳон. Ҳолати дуввум хеле хатарнок буда, хавфи ҳалокати беморон  90 %-ро ташкил медиҳанд. 

Инчунин бояд дар хотир дошт, ки барои ба даст овардани натиҷаи қонеъкунанда, табобати бемории фишорбаландии дохили косахонаи сарӣ, бояд ҳатман комплексӣ бошад. 

ФОТО

 

ВИДЕО