БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БАХШИ ДАНДОНПИЗИШКӢ.

Бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои муҳими бемористон ба шумор меравад. Ин бахш бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва табобат дар инҷо бо истифода аз навтарин усулҳои кори соҳа, бо такя ба таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Усулҳои муосири табобат имкон медиҳанд, мариз кучактарин нороҳатӣ ва дардро ҳангоми табобати дандонҳояш ҳис накунад. Ҳатто тазриқи сўзандору ба милк дар бахши мазкур, комилан бедард аст, зеро пеш аз ин амал, ба милки бемор гели махсус молида мешавад. Бедардкунии босифат бошад, ба табибон имкон медиҳад табобатро бо сифат анҷом диҳанд. Дар бахши дандонпизишкии бемористон табобати ҳамаи бемориҳои дандон анҷом дода мешаванд. Инчунин дар бахши мазкур руйкашкунӣ ва имплантгузории дандонҳо низ амалӣ мегардад. Аз ҷумла усули микроруйкуашкунӣ инҷо васеъ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин усул имкон медиҳад, ки бидуни даст расонидан ба дандонҳои солим, дар муддати кўтоҳ рўйкаш(протез) гузошта шавад.

Дар бахши дандонпизишкии мо, ин амалро дар ду рӯз ба итмом мерасонанд. дар муддати  ду рўз ин амалро ба итмом мерасонем. Асоси дармони дандонро, табобати решаи он ташкил медиҳад ва дар бахши дандопизишкии беморон ба табобати решаи дандонҳо диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Барои назорати сифати дандон дар бахши дандонпизишкӣ, аз визиограф (рентген) истифода мебаранд. Ин дастгоҳи нодир имкон медиҳад, дар ҳамон курсии табобатѝ, саривақт аксбардорѝ ва ташхиси дандон гузаронида шавад. Ҳам вақти мизоҷ сарфа мешавад ва ҳам аз ҳуҷра ба ҳуҷра рафта навбат намеистад ва табиб ҳам билофосила табобатро шурўъ мекунад.  Умуман сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ, бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст, ба он мусоидат менамояд, ки таваҷҷўҳ ва муроҷиати шаҳрвандон ба ин бахш рўз аз рўз зиёд гардад.

ФОТО

 

ВИДЕО