БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЭНДОКРИНОЛОГИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ, ДОКТОР АББОСИ ТАВАКУЛЛИЁ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

Дар Бемористони Ибни Сино қабули беморон аз ҷониби эндокринологи варзидаи эронӣ, доктор Аббоси Тавакуллиён оғоз гардид. Доктор Тавакуллиён интернист-эндокринологи бо таҷриба буда, бемориҳои гипофез, ғадуди бодомшакл (ҷоғар), фарбеҳӣ ва диабети қандро бо истифода аз усулҳои муосир табобат мекунад.

Аббоси Тавакуллиён дотсенти Донишгоҳи Шаруди Эрон, аъзои Шӯрои тибби дохилӣ ва Шӯрои эндокринологони Эрон мебошад ва дар баробари ин, дар бемористони шаҳри Торонтои Конодо ва бемористонҳои Сен-Томас ва Бирменгеми Ландан ба табобати беморон машғул аст.       

Ҳузури мутахассис барои афроде, ки аз бемориҳои ҷоғар, диабети қанд, фарбеҳӣ ва онҳое, ки аз мушкилоти ҳормонӣ азият мекашанд фурсати хуберо фароҳам мекунад, то аз таҷриба ва дониши мутахассиси варзида истифода баранд.         

Барои дарёфти маълумоти бештар азизон метавонанд ба суроғаи: ш. Душанбе, куч. Фотеҳ Ниёзӣ муроҷиат кунанд ё бо телефонҳои: (44) 640 01 02 ва 640  01 03 тамос бигиранд.

ФОТО

 

ВИДЕО